Новости

slider_img

Аз ҷаласаи ҳизбӣ: Фаъолияти ташкилоти ибтидои «Нақлиётчӣ чӣ гуна буд?»

Дата: 28-01-2022 Просмотрено: 3117

- Набояд дар нисбати дастгирии сиёсати давлат бетараф буд, ба қавли Сарвари давлатамон, «бетарафӣ ин бешарафӣ аст» ва мо набояд бешараф бошем, иброз дошт вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим дар ҷаласаи ҳисоботии ташкилоти ибтидоии ҲХДТ «Нақлиётчӣ» - и Вазорати нақлиёт, ки рўзи 28 уми январ доир гардид. Дар кори ҷаласа аъзои ташкилоти мазкур, Мирзозода Иброҳим - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва Гулаҳмадзода Зулфиқор – раиси комиҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур иштирок доштанд.  

     Дар ҷаласа масоили ҳисоботи фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоии «Нақлиётчӣ» дар соли 2021 ва тарuиби нукоти муҳими Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

      Нахуст вазири нақлиёт, ҳамзамон раиси ташкилоти ибтидои ҲХДТ дар Вазорати нақлиёт «Нақлиётчӣ» аз дастовардҳои ташкилот дар соли сипаригардида натиҷагирӣ намуда, қайд кард, ки сиёсати пешгирифтаи роҳбарият ва Ҳукумати кишварро дар ҳамаи самтҳо бояд на танҳо ҷонибдор бошем, балки баҳри амалӣ намудани он аз тамоми имконот истифода намоем.  Вазири нақлиёт оид ба шумораи умумии аъзои ҳизб, корҳои анҷомдодаи ташкилот дар давоми сол, ҷалби ҷавонону занон ба аъзогии ҳизб ва дигар масоили марбута ҳисобот дод. Вазири нақлиёт ҳамчунин аз он ёдовар шуд, ки соли 2021 соли таърихӣ ва фаромўшнашаванда барои кулли сокинони кишвар буд, зеро аз таърихи соҳибистиқлол гардидани кишвар 30 сол сипарӣ гардид ва дар баробари дигар соҳаҳо роҳдорону нақлиётчиёни кишвар низ онро бо дастовардҳои назарррас истиқбол намуданд.

     Сипас Мирзозода Иброҳим ва Гулаҳмадзода Зулфиқор оид ба сиёсати пешгирифтаи ҲХДТ, нақшаву чорабиниҳои ҳизб ва нукоти дар ҷаласаи ҳисоботи солонаи ҲХДТ ироагардида сухан карданд.

Оид ба тарuиби Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ низ фикру дархостҳо баён гардиданд.

    Дар ҷаласа ҳамчунин муовини раиси ташкилоти ибтидоии «Нақлиётчӣ» Нуринисо Бобоева, муовини вазири нақлиёт Шоиста Саидмуродзода, сардори Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳои вазорат Рустам Вализода, сардори Раёсати робитаҳои байналмилалӣ Сайфулло Қодиров сухан карда, аъзои ҳизб ва иштирокчиёни ҷаласаро ба дастгирии сиёсати ҳизбӣ ва иштироки фаъолон дар чорабиниҳои сиёсиву ҳизбӣ даъват намуданд.

    Дар фарҷом вазири нақлиёт аз иштирокчиён даъват ба амал овард, ки дар замони тараққиёти илму тахника дар истифодаи иттилоот тавассути расонаҳои хабарӣ, ки мақсади халалдор намудани осудагии кишварро доранд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат баҳри рушду нумуи соҳа ва кишвар фаъолият намоянд.