Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН РАМЗИ СОЛИ 2026-РО ТАСДИҚ НАМУДАНД. Соли равон «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон шудааст

Санаи нашр: 05-05-2026 Просмотрено: 3131

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи соли 2026-ро, ки «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон шудааст, тасдиқ намуданд. Дар ин бора 4 май Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ хабар дод.

Рамз дар шакли мудаввар таҳия шуда,  давродаври он ба забони тоҷикӣ «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ»  2026 навишта шудааст.

Дар ин рамз офтоб, кӯҳҳою қуллаҳои барфпӯш ва домани сабзи замин баёнгари кишвари кӯҳистону офтобӣ ва табиати биҳиштосои Тоҷикистон, инъикоси ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба об ва ҳифзи пиряхҳо мебошанд.

Биноҳои зебо ва нақбу роҳҳо нишона аз созандагиву ободонӣ ва сарбанду хатҳои барқӣ ибрози нурофарӣ аст.

«Бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчам ва манораи боҳашамати Истиқлол рамзи пойдории миллату давлат ва китоби кушода нишонаи донишу маърифат ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ мебошанд», – омадааст дар хабар.

Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи тасдиқшуда васеъ истифода намоянд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи Фармони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 17 декабри соли 2025 № 1102 соли 2026 дар Тоҷикистон «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон шудааст.

Ташаббуси мазкур ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар, ки 9 сентябри соли 2026 таҷлил мешавад, бахшида шуда, ба рушди инфрасохтор, таҳкими ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ равона шудааст.

Рамзи “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” (дар формати JPG)

Рамзи “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” (дар формати CDR)