Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ТАШКИЛИ ЛОГИСТИКАИ МУСОИД БОИСИ ПЕШРАФТИ САВДО МЕГАРДАД. Бонки Рушди АвруОсиё дар гузориши нави худ афзоиши долонҳои нақлиётиро дар Осиёи Марказӣ арзёбӣ намудааст

Санаи нашр: 06-05-2026 Просмотрено: 3257

Ҳамлу нақли контейнерӣ дар Осиёи Марказӣ тамоюли устувор ва  мусбати афзоиш нишон медиҳад. То замоне, ки логистика бо сабаби маҳдудияти роҳҳои оҳан мураккаб боқӣ мемонад, ҳамлу нақл тавассути хатсайрҳои мултимодалӣ, аз ҷумла роҳҳои автомобилгард таъмин карда мешавад.  Чунин омадааст дар гузориши нави таҳлилии  Бонки Рушди АвруОсиё (БРАО) таҳти унвони «Инфрасохтори анбори минтақаи Авруосиё: имконияти даҳсола» («Складская инфраструктура Евразийского региона: возможность десятилетия»).

Ба тадқиқот Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Русия ва Узбекистон фаро гирифта  шудаанд.

Зикр карда мешавад, ки занҷираҳои логистикӣ, сарфи назар аз омилҳои айнии боздоранда, имкон доданд, ки дар соли 2025 ҳамлу нақли контейнерӣ (мултимодалӣ) тавассути хатсайрҳои минтақавии фаромарзӣ афзоиш ёбад. Дар муқоиса бо соли 2021 он тақрибан 25% зиёд шудааст.

«Ҳамлу нақли контейнерӣ дар минтақаи Авруосиё босуръат афзоиш меёбад ва тағйироти амиқи иқтисодӣ: беҳдошти сохтори истеҳсолот ва савдо, рушди логистика, навсозии инфрасохтори нақлиётӣ ва татбиқи бомуваффақияти иқтидори транзитиро нишон медиҳад», -  омадааст дар  гузориши БРАО.

Коршиносон таъкид мекунанд, ки рушди  шарёни нақлиётии Авруосиё дар марҳилаи ташаккулёбӣ қарор дорад. Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ робитаҳои нақлиётӣ фаъолона рушд мекунанд, роҳҳои муосир бунёд мегарданд, долонҳои нави нақлиётӣ ва марказҳои логистикӣ таъсис дода мешаванд. Дар натиҷа имкониятҳои транзитӣ афзоиш меёбанд.  Андешидани тадбирҳо оид ба эҷоди  логистикаи бефосила ва таъсиси марказҳои минтақавӣ идома дорад, ин имкон медиҳад, ки ҳаракати контейнерҳо тавассути  долонҳои  байналмилалии нақлиётӣ дар Осиёи Марказӣ то соли 2030 ба ҳадди  1,7 миллион контейнерҳои 20-футӣ расонида шавад.

Таҳлилгарон тазаккур додаанд, ки  ҳамлу нақли контейнерт ба як  маҳаки муҳими рушд табдил ёфта, барои афзоиши ҳаҷми тиҷорат дар қаламрави Авруосиё шароит фароҳам меорад.

Ба ақидаи онҳо, логистикаи анбор барои иқтисодиёти кишварҳои минтақаи Авруосиё аҳамияти стратегӣ пайдо мекунад. Анборҳо нигоҳдорӣ, ҷобаҷогузорӣ ва тақсимоти молҳоро аз ҷойҳои истеҳсолӣ ба ба дасти истеъмолкунандагон таъмин намуда, фаъолияти мунтазами занҷирҳои таъминотро кафолат медиҳанд.

Гузориш таъкид мекунад, ки аз даҳ ҳашт кишвари минтақа мустақиман ба баҳр дастрасӣ надоранд (landlocked) ва аз бандарҳои баҳрӣ ба таври назаррас дуранд, ки таърихан боиси афзоиши хароҷоти  ҳамлу нақл ва вақти интиқол мегардад. Шабакаи пешрафтаи марказҳои логистикии дохилӣ, «бандарҳои хушк», марказҳои тақсимотӣ ва терминалҳои контейнерӣ дар марказҳои нақлиётӣ ба баланд бардоштани самаранокии логистикаи заминӣ, кам кардани хароҷоти транзитии содирот ва воридот, мусоидат ба рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳамгироии минтақа ба тиҷорати ҷаҳонӣ имкон фароҳам меоранд.

Логистикаи босифат ба  ҳамлу нақли кишварҳои минтақа бо ҷараёни иловагии бор мусоидат мекунад ва имкон медиҳад, ки аз афзоиши гардиши мол бо Чин, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва кишварҳои халиҷи Форс манфиат гирад. Рушди тиҷорати электронӣ, мураккабии занҷираҳои таъминот, рақамисозӣ –  ҳамаи ин  масъалаҳои наве мебошанд, ки ҳар кадомашон талаботро ба сифати инфрасохтори анбор баланд мебардоранд ва ҳамзамон барои кишварҳои минтақа ҷиҳати рушди тиҷорати хурду миёна, кушодани бахшҳои муосири хизматрасонӣ, истифодаи иқтидори транзитӣ шароит муҳайё месозанд.

Тибқи маълумоти БРАО, танҳо дар солҳои 2025-2026 дар минтақаи Авруосиё зиёда аз 20 миллион м², аз ҷумла тақрибан 1,6 миллион м² дар кишварҳои Осиеи Марказӣ майдонҳои нави анборҳо таъсис дода шудаанд. Фаъолсозии савдо ва тақсимоти дубораи ҷараёни  гардиши мол «равзанаи имкониятҳо» - и таърихиро барои таыдиди  инфрасохтори анбори Авруосиё эҷод мекунад.

Дар гузориш таъкид шудааст, ки майдони мутлақи бештари анборҳо дар Русия  ҷойгир шудааст, аммо ҳиссаи он бо тавсеаи босуръати инфрасохтор дар дигар кишварҳои минтақа коҳиш хоҳад ёфт. Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ аз рӯи суръати афзоиши инфрасохтори анбор пешсаф буда, фарқияти кунуниро ҷуброн мекунанд. Интизор меравад, ки Қазоқистон, Узбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон то соли 2040  бунёди анбори худро чандин маротиба афзоиш диҳанд. Тибқи  пешбинии асосӣ ва мутобиқи    талаботи афзоянда,  анбори ҳамаи панҷ кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ метавонад аз 2,7 млн м² дар соли 2025 то 19,6 млн м²  дар соли 2040 – яъне беш аз 7 маротиба афзоиш меёбад. Тибқи нақшаи хушбинона нишондиҳанда то 25,5 млн м² меафзояд.

Аммо, ҳатто бо пурра қонеъ гардонидани талаботи пешбинишуда то соли 2040, таъмини майдони анборҳои муосир дар минтақаи Авруосиё ба ҳисоби миёна 0,380,46 м² ба ҳар сари аҳолиро ташкил медиҳад.  Ҳарчанд, ки ин аз сатҳи кунунӣ (0,23 м²) ду баробар зиёд аст, аммо сармоягузорӣ, тавре таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, иқтидори  ҳозираи  бахш дар дарозмуддат боқӣ хоҳад монд.

«Дар шароити тағйироти бузург дар иқтисоди ҷаҳонӣ, пас аз самтгирии дарозмуддат ба ҷаҳонишавӣ, логистика аҳамияти калидӣ пайдо мекунад, – гуфта мешавад дар гузориши  БРАО. – Логистика на танҳо интиқоли молҳо, балки низоми ҳамаҷонибаи идоракунии ҷараёни моддӣ, молиявӣ ва иттилоотӣ мебошад, ки устувории тиҷорат ва мутобиқшавӣ ба тағйироти бозорро таъмин мекунад. Логистикаи самаранок имкон медиҳад, ки хароҷот коҳиш дода, ҳамлу нақл  афзоиш ва сифати хизматрасонӣ баланд бардошта шавад. Дар ҳама марҳилаҳои занҷираҳои таъминот зарурати ташаккули захира ба миён меояд, ки анборҳоро унсури муҳими инфрасохтор месозад».

Анборҳо – қисми «ноаён», аммо асосии инфрасохтори иқтисодӣ мебошанд, ки тиҷорат, рушди саноатӣ ва сатҳи некӯаҳволӣ аз онщо вобаста хоҳанд буд.  Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва мураккабии занҷираҳои таъминот, инчунин афзоиши босуръати тиҷорати электронӣ, инфрасохтори анбор яке аз омилҳои асосии рақобатпазирии миллӣ мегардад. Набудани иқтидорҳои муосири нигоҳдорӣ ва тақсимот хароҷоти амалиётро баланд мебардорад, пешгӯии интиқолро коҳиш медиҳад ва ба ҳамгироӣ ба шабакаҳои байналмилалии истеҳсолӣ монеъ мешавад. Бе системаи самараноки нигоҳдорӣ ва тақсимот  фаъолияти устувори иқтисодиётро таъмин кардан ғайриимкон аст.

Дар гузориши БРАО зикр карда мешавад, ки қариб дар ҳамаи кишварҳои минтақа барномаҳои дарозмуддати рушди нақлиёт ва логистика қабул карда шудаанд, ки сохтмони терминалҳои анборӣ, марказҳои тақсимотӣ ва ҷорӣ кардани платформаҳои рақамиро дар бар мегиранд:

РУСИЯ. «Стратегияи нақлиётии Федератсияи Русия барои давраи то соли 2030 бо пешгӯии давраи то соли 2035», ки аз Ҳукумати ФР  соли 2021 тасдиқ шудааст, ҳуҷҷати калидӣ мебошад, ки навсозии қитъаҳои роҳи оҳан, афзоиши иқтидорҳои бандарӣ, рушди роҳҳои обии дохилӣ ва таъсиси шабакаи марказҳои логистикии мултимодалиро пешбинӣ мекунад.

БЕЛАРУС. Дар ин кишвар логистика дар доираи Стратегияи миллии рушди устувор то соли 2035 ва Барномаи давлатии «Маҷмаи нақлиётӣ 2021-2025»  таҷдид карда мешавад. Соли 2024  марказҳои калони логистикии  «Орша-БТС» ва «БенякониБТС» ба кор дароварда шуданд,  инчунин тавсеаи  терминалҳо дар назди Минск ба нақша гирифта шудааст.

ҚАЗОҚИСТОН. Соли 2022 Ҳукумати ҶҚ Консепсияи рушди иқтидори нақлиётӣ-логистикии Ҷумҳурии Қазоқистонро барои давраи то соли 2030 тасдиқ кард, ки ҳадафи он табдил додани Қазоқистон ба маркази пешрафтаи транзитии Авруосиё мебошад.

УЗБЕКИСТОН. Дар ин ҷо ҳуҷҷатҳои барномавии алоқаманд – Стратегияи «Узбекистон-2030» ва «Консепсияи рушди системаи нақлиетӣ-логистикии Ҷумҳурии Узбекистон барои давраи то соли 2030», ки соли 2025 тасдиқ шудааст, амалӣ карда мешаванд. Дар доираи консепсия ташаккули шабакаи муосири марказҳои нақлиётӣ-логистикӣ пешбинӣ шудааст.

ТОҶИКИСТОН. Ҳукумати кишвар « Барномаи давлатии рушди системаи логистика  дар ҶТ барои солҳои 2023-2028»-ро қабул кардааст. Дар он бунёд ва рушди инфрасохтори логистикӣ, таҷдиди терминалҳои наздисарҳадӣ, таъсиси маркаҳои нақлиётию логистикӣ (МНЛ), мультимодалӣ, инчунин марказҳои агрологӣ ва тиҷоратӣ-логистикӣ пешбинӣ шудааст.

ҚИРҒИЗИСТОН. Дар Стратегияи қабулшуда барои давраи то соли  2040 ба  ташкили марказҳои логистикӣ дар Бишкек ва Ош (дар маҷмӯъ >150 ҳазор м²  анборҳо, инчунин лоиҳаи Global Hub ба стратегия дохил карда шудааст) ва сохтмони роҳи оҳан ба Чин диққати махсус  дода мешавад.

ТУРКМАНИСТОН. Кишвар дар ин самт барномаҳоро барои  солҳои 2025-2030-ро амалӣ карда, ба таъсиси марказҳои логистикӣ дар шаҳри Туркманбошӣ, васеъ кардани бандарҳо ва ҳамгироии электронии гумрук афзалият медиҳад.

ОЗАРБОЙҶОН. Дар ин ҷумҳурӣ бандари Алят то 500 ҳазор ДФЭ (аз англ. twenty-foot equivalent unit, TEU) ва алоқаи роҳи оҳан бо Туркияро рушд медиҳанд, дар Ганҷа ва Сумгаит марказҳои логистикӣ сохта мешаванд.

АРМАНИСТОН. Бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ, Садуқи субот ва рушди Авруосиё  ва дигар институтҳои молиявӣ шоҳроҳи автомобилгарди «Шимол–Ҷануб», дар Ереван ва Гюмри марказҳои логистикӣ сохта мешаванд.

ГУРҶИСТОН. Кишвар навсозии роҳи оҳани «Боку-Тбилиси-Карс» (бо иқтидори  ҳамлу нақли  5 миллион тонна бор)-ро ба анҷом расонид ва бандарҳоро рушд дод ва тасмим гирифтааст то соли 2030 ба шабакаи нақлиётии ТрансАврупо (TEN – Trans-European Transport Network) ворид шавад.