Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Чӣ бояд кард, то мошинҳои бетонкаш роҳҳоро ифлос ва тахриб накунанд

Санаи нашр: 07-05-2026 Просмотрено: 2548

Чанде пеш дар Душанбе ронандаи мошини бетонкаши «Шакман» ("Shacman") барои ифлос кардани роҳ ҷарима шуд. Дурбинҳои назоратии Маркази «Шаҳри бехатар» дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва ошкор кардани  ҳолатҳои нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ саҳми назаррас доранд. Дар ин бора Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ (РВКД) дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Дар хабари РВКД, аз ҷумла, гуфта мешавад, ки дар асоси наворҳои видеоӣ аз дурбинҳои назоратӣ кормандони шӯъбаи экология ва сайёҳии милитсияи пойтахт Холов Амриддин (ДАР АКС) — ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Шакман», рақами давлатиаш 248ZX01-ро дастгир намуданд.

Муайян карда шуд, ки ҳангоми интиқоли маводи сохтмонӣ ронанда талаботи бехатарӣ ва меъёрҳои санитариро дағалона вайрон кардааст. Дар натиҷа, маҳлули бетон ба роҳи автомобилгард рехта, боиси ифлосшавии он гардидааст.

Вобаста ба ин ҳолат нисбати ронанда протоколи маъмурӣ бо моддаи 291 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲМ ҶТ) тартиб дода, ҷаримаи маъмурӣ татбиқ карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи КҲМ ҶТ, риоя накардани қоидаҳои интиқоли борҳои хатарнок, калонҳаҷм ва вазнин боиси ҷарима ба андозаи то 5460 сомонӣ мегардад. «Борҳои хатарнок» маҳз мавод ва маҳсулоте мебошанд, ки ҳангоми интиқоли онҳо имкон дорад ба ҳаёт ва саломатии одамон ва ҳайвонот хатар эҷод гардида,  ба ҳолати муҳити атроф таъсири манфӣ  расонида шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Парлумони мамлакат 28 декабри соли 2023 чунин таъкид кардаанд:

«Дар баробари сохта, ба истифода додани роҳҳои мошингард, тартиби истифодабарии самаранок ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳои бунёдгардида яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.

Вазорати нақлиёт ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки ҷиҳати такмили стандартҳои экологиву иҷтимоии таҳияи лоиҳаҳои бунёду азнавсозӣ ва истифодаи роҳҳо бо мақсади мутобиқ намудани онҳо ба принсипҳои иқтисоди «сабз», кабудизоркунии шафати роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Илова бар ин, зарур аст, ки ҷиҳати риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, пешгирӣ кардани садамаҳои нақлиётӣ, ҳифзи ҳаёту саломатии шаҳрвандон, баланд бардоштани маданияти ронандагӣ ва тоза нигоҳ доштани шафати роҳҳо тадбирҳои муассир андешида шаванд».

Аз ин рӯ, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ронандагон зарурати риояи қатъии қонунҳо ва қоидаҳои марбут ба ҳаракат дар роҳро хотиррасон мекунад.

Масалан, барои он, ки мошинҳои бетонкаш роҳҳоро ифлос ва вайрон накунанд, бояд  талаботи  қонунгузорӣ риоя гарданд, технологияҳои муосир истифода бурда, тадбирҳои ташкилӣ андешида шаванд. Ифлосшавии қисми асосии роҳҳои автомобилгард бо бетон ҳангоми кор кардани мошинҳои бетонкаш метавонад  бинобар  сабаби аз ҳад зиёд бор кардани ин мошинҳо ба амал ояд, ки дар натиҷа маҳлули бетонӣ аз  бордони пур ба рӯи роҳ  мерезад.  Чунин ҳолат хусусан дар куҳу кӯтал ва ағбаҳои тӯлонӣ, инчунин дар ҷойҳои ҷойгиршавии  чароғакҳои роҳнамо ва чорроҳаҳо мушоҳида мешавад.

Бояд дар хотир дошт, ки ронандагони воситаҳои нақлиёт на танҳо барои  беосеб бурда расонидани борҳои интиқолшаванда, балки барои нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ва иншооти роҳ, ки онҳо истифода мебаранд, низ масъуланд.

Дар бандҳои аввали моддаи 47 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилӣ ва фаъолияти роҳдорӣ» аз 25 июни соли 2021 таҳти № 1794, аз ҷумла, гуфта шудааст:

«Истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард уҳдадоранд:

1) роҳҳои автомобилгардро вайрон накунанд ё амалҳои дигареро содир накунанд, ки ба роҳҳои автомобилгард зарар расонда, ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон монеъ шаванд;

2) муіити зистро ифлос накунанд».

Дар Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2020 таҳти №1689 чунин омадааст:

«Асбобҳое, ки барои боркунӣ, борфарорӣ ва ҳамлу нақли бор заруранд, бояд аз ҷониби борфиристонанда пешниҳод ва (ё) дар воситаи нақлиёти  боркаш насб карда шаванд ва аз ҷониби боргиранда аз воситаи нақлиёт гирифта шаванд, агар дар шартномаи ҳамлу нақли бор тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад».

Асбобҳо барои интиқоли борҳои резанда дар воситаҳои нақлиёти автомобилӣ (масалан, дар самосвал, мошинҳои бетонкаш ва ғайра) дастгоҳҳои маҳкамкунии бор (камарбандҳо, симҳо, занҷирҳо, такягоҳҳо ва тахтаҳои зиддилағзиш)-ро дар бар мегиранд.

Дар мавриди мошинҳои бетонкаш, ки маҳлули тайёри бетонро мекашонанд ва онро пайваста омехта мекунанд, то маҳлул сахт нашавад, чунин тависия дода мешавад: ронандагони чунин мошинҳо бояд қоидаҳои истифодаи таҷҳизот ва тадбирҳои бехатариро риоя кунанд, то ки маҳлул ба рӯи роҳ нарезад ва боиси садама нагардад.

Қоидаҳои истифодаи таҷҳизоти мошинҳои бетонкаши чинии «Shacman»  аз тавсияҳо оид ба кор, нигоҳдорӣ ва тадбирҳои эҳтиётӣ иборатанд. Ин қоидаҳо дар дастурамале, ки ҳамроҳи мошин меояд ва дар кабинаи он нигоҳ дошта мешавад, зикр гардидаанд.