Дар ин бахш хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, раддабандиҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойгир карда мешаванд.
ДАР ТОҶИКИСТОН
Раиси шаҳри Душанбе Душанбе Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 30 автобуси нави барқии ширкати «Акиа Авесто автоматив индастри» иштирок карданд. 5 майи соли 2026 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими муаррифии 30 автобуси нави барқӣ дар шаҳри Душанбе ширкат намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба шӯъбаи иттилоотии Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Автобусҳои барқӣ аз ҷониби корхонаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон «Акиа Авесто Автоматив Индастри» тибқи меъёрҳои аврупоӣ истеҳсол карда шудаанд.
Воситаҳои нақлиёт бо дарозии 12 метр барои 32 ҷойи нишаст пешбинӣ шудаанд ва дар маҷмуъ то 100 нафарро ҷойгир карда метавонанд. Онҳо бо системаҳои гармидиҳӣ ва хунуккунӣ, 6 дурбини назоратӣ ва 2 экрани иттилоотӣ муҷаҳҳаз мебошанд.
***
Тармаҳои калон метавонанд ба ҳисоби миёна дар 40 сол як маротиба фурӯ резанд, бинбар ин сокинон бо мурури замон минтақаҳои хатарнокро бехатар ҳисобида, дар он ҷойҳо хона месозанд. Ин нукта дар як таҳқиқот бо номи «Тамоюлҳои дарозмуддати тармаҳои барфӣ дар Осиёи Баландкӯҳ: омилҳо ва оқибатҳои иқлим», ки ба наздикӣ дар маҷаллаи Earth’s Future нашр шуд, зикр гардидааст.
Таҳқиқоти мазкур нахустин арзёбии минтақавии осебпазирӣ ба тармаҳои барфӣ барои ҳамаи маҳалҳои аҳолиниши, роҳу пулҳо, биноҳо ва заминҳои кишоварзии Осиёи Баландкуҳ ба шумули қаламрави аз Осиёи Марказӣ то Ҳимолой маҳсуб мешавад.
«Дар Осиёи Баландкуҳ, аз ҷумла Тоҷикистон барои 20% биноҳо хатар эҷод мекунад ва ҳар сол то 22% роҳҳоро мебандад», - иброз доштааст дар суҳбат бо «АП» яке аз муаллифони таҳқиқот, доктор, кормианди Донишгоҳи Осиёи Марказӣ Арно Кайзерман.
Ба гуфтаи Арно Кайзерман, дар мулоқот дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯ харитаи хатарҳои тармафароиро, ки бо истифода аз усули SAFE сохта шудааст, пешниҳод намуд. «Мо харитаеро таҳия кардем, ки роҳҳо, ағбаҳо ва иншооти муҳофизатӣ, аз қабили галереяҳо ва нақбҳоро нишон медиҳад. Масалан, галереяҳои (гузаргощщои) шафати роҳи Анзоб дуруст ҷойгир шудаанд — дар он ҷойҳое, ки тарма бештар рух медиҳад», - гуфтааст ӯ.
Дар айни замон, олим пешниҳод кардааст, ки баъзе галереяҳо барои баланд бардоштани сатҳи бехатарӣ дароз карда шаванд. Вай тавзеҳ додааст, ки ин усул имкон медиҳад, ки минтақаҳои хавфнок ва басомади тарма муайян карда шаванд, аммо пешгӯии дақиқи фурӯ рехтани онро пешниҳод намекунад.
***
Дар шаҳри Бохтар таҷдиди инфрасохтори нақлиётӣ идома дорад. Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон таъмири роҳи 1,2 километрӣ бо насби таҷҳизоти равшанидиҳанда анҷом пазируфт, хабар медиҳад АИ «Авеста» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр.
Дар маҳаллаи «Ҳаёти нав» - и шаҳри Бохтар таъмири роҳи автомобилгарди 1,2 километрӣ ба анҷом расид. Дар ин қитъа асфалти нав гузошта шудааст ва дар ду канори роҳ хатҳои муосири равшанидищанда дар кӯчаҳо насб гардидаанд. Корҳо дар доираи барномаи ободонӣ ва рушди инфрасохтори шаҳр иҷро карда шудаанд.
Гуфта мешавад, корҳои таъмирӣ бо дастгирии мақомоти маҳаллии ҳокимият ва иштироки фаъолонаи сокинон ва соҳибкорон анҷом дода шуданд.
ДАР МИНТАҚА
Дар Узбекистон тадбирҳо оид ба рушди минбаъдаи системаи нақлиёти ҷамъиятӣ баррасӣ карда шуданд. Бо муаррифии лоиҳаҳо дар ин самт 7 май Президенти мамлакат Шавкат Миризиёев шинос шуд, хабар медиҳад Uza.uz. Дар ҷараёни муаррифӣ зикр карда шуд, ки бо суръатбахшии равандҳои шаҳрсозӣ ва афзоиши босуръати истифодаи нақлиет аз ҷониби аҳолӣ дар канори пойтахт ва марказҳои вилоятӣ, шиддати ҳаракат дар даромадгоҳҳои шаҳрҳо 30 фоиз афзудааст.
Дар робита ба ин, пешниҳод карда шуд, ки нақлиёти ҷамъиятии шаҳр ба системаи ягонаи агломератсионӣ гузаронида шавад. Ин маънии якҷояшавии якчанд маҳалҳои аҳолинишини наздик (шаҳрҳо, шаҳракҳо, деҳот) ба фазои ягонаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва нақлиётиро дорад.
Барои ҳамгироии нақлиёти ҷамъиятии пойтахт ва алоқаи роҳи оҳани наздишаҳрӣ пешниҳод карда шуд, ки тарифҳои қулай ба монанди «электропоезд – автобус» ва «электропоезд – метро» ҷорӣ карда шаванд.
***
Русия омода аст дар сохтмони роҳи оҳани Чин –Қирғизистон – Узбекистон кумак кунад. Дар ин бора муовини Вазири нақлиёти Русия Дмитрий Зверев дар Бишкек изҳор дошт, хабар медиҳад ТАСС.
Ба гуфтаи вай, ҳама гуна рушди инфрасохтор дар Осиёи Марказӣ ё Авруосиё ба афзоиши ҳаракати молҳо мусоидат мекунад. «Рушди инфрасохтор бешубҳа танҳо ба манфиат аст», – гуфт ӯ.
Қирғизистон, Чин ва Узбекистон дар соли 2024 созишнома дар бораи сохтмони роҳи оҳанро имзо карда буданд, ки ҳоло корҳои сохтмони он идома доранд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Вазири нақлиёти Чин Лю Вей имкони пайвастани ҷумҳурӣ ба лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистонро баррасӣ карда буд. Мулоқот дар доираи ҷаласаи 12-уми вазирони нақлиёти кишварҳои узви СҲШ, 2 июли соли 2025 дар шаҳри Тянтзини Чин баргузор гардид.
***
Дар водии Фарғона дар охири моҳи апрели соли 2026 қатораи нави барқӣ ба кор даромад.Тавре Хадамоти матбуоти Президенти Ӯзбекистон хабар дод, Шавкат Мирзиёев дар сафари аввали қатораи барқӣ аз Қӯқанд ба Марғелон иштирок кард.
Поезд дар заводи Тошканд оид ба сохтмон ва таъмири вагонҳои мусофирбарӣ бо иштироки мутахассисони Русия сохта шудааст. Он то 586 мусофирро ҷойгир мекуанад ва барои маъюбон нишастгоҳҳои махсус дорад. Дар вагонҳо системаҳои иқлимӣ, дурбинҳои назоратӣ, ҷойҳои васл кардани велосипедҳо насб шудаанд, инчунин Wi-Fi ва портҳои USB барои гаҷетҳо мавҷуданд.
Поезд қодир аст бо суръати то 120 км дар як соат ҳаракат кунад. Интизор меравад, ки ҳар сол қатора то 600 ҳазор мусофирро интиқол диҳад.
Оғози қатораи барқӣ дар водии сераҳолии Фарғона сокинонро бо алоқаи дастрас ва бехатари нақлиётӣ таъмин мекунад.
***
Дар Туркманистон имсол киштии боркаши Menzil ба истифода дода мешавад. Дар ин бора Президенти кишвар Сердар Бердимуҳаммадов рӯзи 8 май дар маросими гусели аввалини сафари киштии боркаши Gadamly бо борҳои хушк дар шаҳри Туркманбошӣ изҳор дошт.
Киштии Gadamly, ки дар корхонаи киштисозӣ ва таъмири киштиҳои Balkan сохта шудааст, барои интиқоли борҳои хушк пешбинӣ шудааст. Иқтидори борбардории он 6 ҳазору 100 тоннаро ташкил медиҳад. Киштии бо технологияи муосир муҷаҳҳазшуда қодир аст 240 контейнери боркашро бо вазни ҳар кадоме 20 тонна интиқол диҳад.
Президент гуфт, ки соли равон бо иштироки шарикони кореягӣ ва мутахассисони маҳаллӣ як киштии боркаши дигар — Menzil ба истифода дода мешавад.
Сарвари давлат зикр кард, ки ба истифода додани киштиҳои боркаш ба тавсеаи минбаъдаи имкониятҳои флоти миллии тиҷоратӣ мусоидат мекунад. Дар ин бора расонаҳои расмии Туркманистон хабар медиҳанд.
ДАР ҶАҲОН
Дар Русия механизми бекор кардани шаҳодатномаи ронандагӣ сахттар мешавад. Сабаби бекор кардани шаҳодатномаи ронандагӣ рад кардани ташхиси ғайринавбатии тиббӣ хоҳад буд, хабар дод ТАСС 7 май.
Аз 1 марти соли 2027 дар Русия қоидаи нави бекор кардани шаҳодатномаи ронандагӣ эътибор пайдо мекунад. Он ба шаҳрвандоне, ки кӯшиш мекунанд аз санҷиши вазъи саломатӣ канорагирӣ кунанд, дахл дорад.
Тибқи қоидаҳои нав, шаҳодатномаи ронандагӣ ба таври худкор беэътибор дониста мешавад, агар ронанда, ки дар бораи зарурати гузаштан аз муоинаи ғайринавбатии тиббӣ огоҳинома гирифтааст, онро нодида гирад.
Барои гузаронидани муоинаи тиббӣ дақиқан се моҳ аз лаҳзаи гирифтани дастур ҷудо карда мешавад.
***
Дар моҳи апрел беш аз 26 ҳазор нафар ронандагони Беларус натавонистанд аз муоинаи техникӣ гузаранд. Дар моҳи апрели соли равон 185 729 иҷозатнома ба воситаҳои нақлиёт барои иштирок дар ҳаракат дар роҳ дода шуд, хабар дод «БЕЛТЕХОСМОТР». Аз ин шумора ба шахсони воқеӣ 162 316 иҷозатнома (87,4% аз шумораи умумӣ) дода шудааст.
Аз шумораи умумии воситаҳои нақлиёти барои санҷиши давлатии техникӣ пешниҳодшуда, 12,8% воситащои нацлиёт (26 026) номувофиқатиҳои гуногун ба талаботи муқарраргардида доштанд (38 110 номувофиқатӣ).
Аз рӯи натиҷаҳои корҳои назоратӣ-ташхисии 392 мошини барқӣ 33 норасоӣ ошкор карда шуд.
***
Аз соли 2026 дар Аврупо баъзе тағйироти шадид дар самти назорат барои нақлиёти боркаш эътибор пайдо карданд. Кишварҳои Аврупо нақша доранд, ки ҷаримаҳоро барои ронандагони мошинҳои боркаш ба таври назаррас афзоиш диҳанд, назорати риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро тақвият бахшанд ва масъулияти ширкатҳои нақлиётиро васеъ намоянд.
Талаботи нав бевосита ба бозори боркашонии байналмилалӣ ва фаъолияти операторони логистикӣ дар саросари Аврупо таъсир мерасонад.
Диққати танзимгарон ба суръат, истифодаи телефонҳои мобилӣ дар паси руль, ронандагӣ дар ҳолати мастӣ, риояи реҷаи корӣ ва истироҳат ва кори дурусти тахографҳо равона карда мешавад.
Тибқи маълумоти манбаъҳои иттилоотии Аврупо, аз ҷумла портали trasporti-italia.com, мақсади тағйирот паст кардани садамаҳо ва баланд бардоштани интизом дар байни ронандагони касбии мошинҳои боркаш мебошад.