Хабарҳо

slider_img
slider_img

Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо Котиби миллии Руминия дар КД КБҲ ТРАСЕКА мулоқот кард

Санаи нашр: 14-05-2026 Просмотрено: 4295

Имрӯз дар шаҳри Остона Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Котиби миллии Руминия дар Котиботи доимии Комиссияи Байниҳукуматии (КД КБҲ) ТРАСЕКА Мария Григоре мулоқот кард.

Ҷонибҳо оид ба имкониятҳои ҷорӣ ва дурнамои густариши ҳамкории ду кишвар дар соҳаи нақлиёт мубодилаи афкор намуданд.

Дар мулоқот масоили марбут ба имкониятҳои транзитии Тоҷикистон, иқтидори долонҳои нақлиётӣ, ки аз қаламрави ҶТ мегузаранд, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақл тавассути нақлиёти автомобилӣ ва афзоиши ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Руминия баррасӣ шуданд.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон ва Котиби миллии Руминия дар КД КБҲ ТРАСЕКА инчунин масъалаҳои таъмини ронандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кортҳои рақамии тахограф, гузариш ба кортҳои рақамии  муосири «Смарт карт» ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи рақамисозиро баррасӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати Тоҷикистон  таҳти роҳбарии  Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи солонаи Комиссияи Байниҳукуматии ТРАСЕКА (КД КБҲ ТРАСЕКА), ки 15 май дар Остона баргузор мешавад, дар пойтахти Қазоқистон  қарор дорад.

МАЪЛУМОТНОМАИ МО

ТРАСЕКА (мухтасар аз номи англисии Transport Corridor Europe Caucasus Asia;  Долони нақлиётии Аврупо – Кавказ - Осиё) Барномаи байналмилалии нақлиётӣ мебошад, ки соли 1993 таъсис дода шудааст ва ба он Иттиҳоди Аврупо ва 13 давлати аъзо аз минтақаҳои Аврупои Шарқӣ, Кавказ ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд.

Мақсади барнома таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва нақлиётӣ байни ин минтақаҳо мебошад.