Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТ ҲУШДОР ВА ТАВСИЯ МЕДИҲАД. Рӯзҳои наздик дар кишвар ҳавои номусоид пешбинӣ шудааст

Санаи нашр: 18-05-2026 Просмотрено: 3036

Дар Тоҷикистон аз 18 то 20 май шароити номусоиди обу ҳаво, аз ҷумла баланд шудани сатҳи об дар дарёҳо, омадани сел ва бад шудани сифати ҳаво дар як қатор минтақаҳои кишвар дар назар аст. Дар ин бора Агентии  обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ хабар медиҳад.

Тибқи пешгӯии ҳавошиносон, 18 ва 19 май дар натиҷаи борони зиёд баланд шудани сатҳи об дар дарёҳои Зерафшон, Обихингоб, Вахш, Ёхсу, Қизилсуи ҷанубӣ, инчунин дар дарёҳое, ки аз доманакӯҳҳои ҷанубии Ҳисор ҷорӣ мешаванд дар назар дошта шудааст.

Илова бар ин, аз 18 то 20 май дар аксари ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ба истиснои қисми шарқии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ҳодисаҳои омадани сел пешбинӣ шудаанд.

Ҳамчунин 18 май дар шаҳру ноҳияҳои ҷанубии вилояти Хатлон бад шудани сифати ҳавои атмосфера дар назар аст. Ба ин, ба ақидаи мутакхассисон, омилҳои метеорологӣ, аз ҷумла тӯфони чанг ва туман, ки аз ҷануб ва ҷанубу ғарб меоянд, сабаб мешаванд.

Дар робита ба ин,  тибқи супориши Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим, ҳамаи  идораю муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои кишвар ба ҳолати кории шабонарӯзӣ гузаштаанд. Дар вазорат Гурӯҳи корӣ  таҳти роҳбарии муовини вазир Бобоёр Бобоёрзода ҷиҳати вокуниши фаврӣ ба оқибатҳои эҳтимолии шароити номусоиди обу ҳаво, назорати доимии ҳолати роҳҳои автомобилӣ, таъмини интиқоли саривақтӣ ва бехатари мусофирон ва борҳо таъсис дода шудааст.

Вазорати нақлиёт дар бораи хавфи  ҳолатҳои фавқулодда дар роҳҳо бинобар сабаби вазъи обу ҳаво ҳушдор ва ба ронандагони воситаҳои нақлиёт тавсия медиҳад, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро бечунучаро риоя ва суръати ҳаракатро паст кунанд, масофаи бехатарро байни мошинҳо интихоб намоянд, дар минтақаҳои кӯҳӣ аз ҷойҳое, ки сел метавонад таҳдид кунад, хусусан пас аз боронҳои зиёд, канорагирӣ кунанд, дар ҷойҳои бо қабати нав пӯшонидашудаи роҳҳо (асфалти нав хобонидашуда махсусан пас аз борон лағжон мешавад) ва дар ҷойҳое, ки гил ё қум метавонад ба рӯи роҳ резад, аз эҳтиёт кор гиранд.