Хабарҳо

slider_img

«ЗИНДАЮ ҶОВИД МОНД, ҲАР КӢ НАКӮНОМ ЗИСТ... Дар сӯгвории Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот

Санаи нашр: 18-06-2026 Просмотрено: 4099

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба марги фоҷиавии Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ба пайвандону наздикон, ҳамкорони марҳум ва тамоми сокинони ВМКБ ҳамдардӣ баён намуд.

Дар матни таъзия чунин  омадааст:

Роҳбарият ва ҳайати кормандони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз хабари даргузашти фоҷиавии Раиси Вилояити Мухтори Куҳистони  Бадахшон, муовини Раиси Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзонабот Алишер Худойбердӣ сахт андуҳгин буда, ба аҳли оила, пайвандону наздикон, ҳамкорон  ва тамоми сокинони ВМКБ ҳамдардии   амиқ баён мекунанд.

Марҳум Алишер Мирзонабот аз зумраи шахсиятҳои ватандӯст, роҳбарони кордону қавиирода ва ходими барҷастаи давлатӣ буд, ки тамоми ҳаёт ва фаъолияти шахсии худро ба хизмати содиқона ба халқу  Ватан, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ бахшидааст. Ӯ бо донишу ҷаҳонбинии васеъ ва  ҳисси масъулияти баланд дар пешрафти Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон  саҳми арзанда ва мондагор гузоштааст.

Алишер Мирзонабот дар сохтмони роҳу пулҳо дар вилоят, аз ҷумла  қисмати шоҳроҳи «Кӯлоб – Хоруғ – Қулма – Чин» аз маркази ноҳияи Дарвоз то даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон, роҳ, нақб ва пули автомиобилгард дар шаҳри Хоруғ, мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон  ва ғайра шахсан ширкат ва кумаку роҳнамоӣ мекард.

Хотираи неки Алишер Мирзонабот дар дилу хотири мо то абад боқӣ хоҳад монд.

Роҳбарият ва кормандони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин рӯзҳои ғамангез ба аҳли оила ва наздикони марҳум сабри ҷамил, матонат  ва таҳамамул орзу намуда, худро дар ғаму андуҳи онҳо шарик медонанд.