Хабарҳо

slider_img
slider_img

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Чӣ тавр ронанда аз Тоҷикистон дар мурофиаи додгоҳӣ дар Нидерландия пирӯз шуд

Санаи нашр: 19-06-2026 Просмотрено: 2125

Ронандаи мошини боркаш аз Тоҷикистон Муҳаммад Муридзода, ки дар Аврупо кор мекард, дар Нидерландия дар бораи гирифтани маоши пардохтнашудааш қарори додгоҳро ба даст овард. Дар ин бора  logist.today хабар медиҳад.

Тибқи маълумоте, ки дар сомонаҳои аврупоӣ нашр ва бо қарори суди Шоҳигарии Нидерландия тасдиқ шудааст (маълумот дар бораи қарори судро мо дар даст дорем), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Муридзода, ки дар ширкати нақлиётии Литва «UAB Marvel Solar Energy» (шаҳри Клайпеда) ҳамчун ронандаи ҳамлу нақли байналмилалӣ кор кардааст, қарори судро дар бораи ситонидани музди меҳнат ба даст овард.

Вазъият чунин  рух додааст. 5 феврали соли 2026 Муҳаммад вазифадор шуд, ки бореро ба Нидерландия расонад. Вақте  ӯ ба ҷои  таъйиншуда расид,  мошинашро дар таваққуфгоҳ гузошт ва аз идомаи ҳаракат сарпечӣ кард ва гуфт, ки ба ӯ маош надодаанд. Ронанда аз ҳуқуқи нигоҳдории бор то пардохти пурраи ҷубронпулӣ истифода бурд.

Корфармои литвонӣ дар навбати худ ба суд муроҷиат ва талаб кард, ки мошини боркаш фавран озод карда шавад. Ширкат иддао намуд, ки ронанда амволро ғайриқонунӣ нигоҳ медорад.

Муҳаммад Муридзода эътироз кард ва аз қонунӣ будани амалҳои худ бинобар сабаби пардохт нашудани музди меҳнаташ изҳори назар намуд. Дар даъвои ҷавобӣ ӯ пардохти қарзи музди меҳнат ва хароҷоти зистро талаб кард.

13 марти соли 2026 Суди музофоти Оверэйссел (Нидерландия)  таҳти  рақами 12108826/CV EXPL26-354(ECLI:NL:RBOVE:2026:1334) қарор қабул кард.  Суд салоҳияти худро муқаррар намуд, зеро ҳарду ҷониб ба баррасии парванда дар Нидерландия розӣ шуданд. Ҳуқуқи татбиқшаванда ҷониби нидерландӣ эътироф карда шуд, гарчанде, ки ронанда метавонад ба ҳимояи қонунгузории меҳнатии Литва низ  умед бандад.

Судя ба хулоса омад, ки ронанда 1348 соат бо меъери соатбайъ 10,48 евро кор кардааст. Илова бар ин, барои кор дар Аврупои Ғарбӣ 4 евро дар як соат иловагӣ  таъйин карда шуд, ки тақрибан 19,5 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Пардохтҳои шабонарӯзӣ аз ҳисоби 61 евро дар 214 рӯз ситонида мешаванд, ки қариб 13 ҳазор еврооро ташкил медиҳад. Корфармо исрор кард, ки чунин пардохтҳо танҳо пас аз бозгашт ба Литва амалӣ карда мешаванд, аммо суд инро рад карда, таъин кардани пардохтҳои ҳаррӯзаро барои пӯшонидани хароҷоти ҷорӣ нишон дод. Аз маблағи умумӣ 14,68 ҳазор евро  кам карда шуд, ки ширкат аллакай пардохт кардааст.

Судя ҳуқуқи ронандаро барои нигоҳ доштани  бор пешакӣ тасдиқ кард, зеро талабот ба маош асоснок буд ва байни қарзи корфармо ва ӯҳдадории ронанда барои баргардонидани мошини боркаш робитаи мустақим вуҷуд дошт.

Далелҳои ширкат дар бораи номутаносибии нигоҳдорӣ ва зарари расонидашуда рад карда шуданд. Додгоҳ зикр кард, ки ронанда фишангҳои дигари фишор надошт ва бинобар набудани далелҳои зарар талаботҳои  ширкатро  беасос хонд.

Даъвоҳои Marvel Solar Energy комилан рад карда, даъвои  ронанда қонеъ  гардонида шуд. Ширкат вазифадор аст, ки ба ронанда  тақрибан 20 ҳазор евро барои меҳнат ва 13 ҳазор евро ҳамчун музди зист, бо назардошти пардохтҳои аллакай анҷомдодашуда, бисупорад.

Marvel Solar Energy инчунин 2,4 ҳазор евро хароҷоти судӣ ҷуброн мекунад. Қарор бояд иҷро карда шавад.

ЧӢ ТАВР АЗ ҲУҚУҚҲОИ ХУД ДАР ХОРИҶА ҲИМОЯТ БОЯД КАРД

Ронандагон ва интиқолдиҳандагон, мисли дигар шаҳрвандони Тоҷикистон, метавонанд ҳуқуқҳои худро дар хориҷи кишвар тавассути маҷмӯи тадбирҳо, аз ҷумла дастгирии давлатӣ, кӯмаки консулӣ ва риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ ҳам дар марҳилаи оғози шуғл ва ҳам дар ҳолатҳои  баҳснок ҳимоя намоянд.

Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатии шаҳрвандони худро дар хориҷа таъмин менамояд. Ин ҳам дар қонунгузории миллӣ ва ҳам дар доираи ӯҳдадориҳои байналмилалии ҶТ муқаррар карда шудааст.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мақоми ваколатдор дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ мебошад, ки сиёсати ягонаи давлатӣ ва заминаи меъерию ҳуқуқиро дар соҳаҳои зикршуда таҳия ва амалӣ менамояд.

Муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатиро  амалӣ мекунанд.

Масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷа метавонанд бо дигар санадҳои меъёрӣ, масалан, шартномаҳои байналмилалӣ ё муқаррароти махсуси қонунҳо дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандон дар хориҷа танзим карда шаванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 узви комилҳуқуқи Ташкилоти байналмилалии меҳнати (ТБМ) СММ мебошад ва меъёрҳо ва принсипҳои онро фаъолона дастгирӣ менамояд. Конвенсияи ТБМ таҳти № 95 аз соли 1949 «Дар бораи ҳифзи музди меҳнат» ном дорад. Ин санад принсипҳои умумии ҳифзи музди меҳнатро муқаррар мекунад. Дар он, аз ҷумла, омаддааст, ки истилоҳи «музди меҳнат» ҳама гуна мукофот ё музди меҳнатро дар бар мегирад, ки соҳибкор бояд ба корманд барои меҳнати иҷрошуда ё иҷрошаванда пардохт кунад. Конвенсия ба ҳамаи шахсоне дахл дорад, ки ба онҳо музди меҳнат дода мешавад ё бояд пардохт карда шавад.

Бо назардошти  ин ҳама, ба ронандагон ва интиқолдиҳандагон тавсия дода мешавад:

1. Ҳангоми будубош  дар давлатҳои хориҷӣ ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои қонунии худро донед, инчунин қонунҳои маҳаллӣ ва қоидаҳои дар кишвари будубош муқарраршударо қатъиян риоя кунед.

2.Агар баҳс ба миён ояд, кӯшиш кунед, ки онро тавассути гуфтушунид ҳал намоед.

3.Агар ин имконнопазир бошад, ба муассисаҳои консулии кишвари мо ё мақомоти маҳаллии судӣ муроҷиат кунед. Аммо, ин одатан иҷозатнома барои ҳуқуқи фаъолияти меҳнатӣ дар хориҷа, шартнома бо корфармо ва муайян кардани мавзӯи баҳс дар қонунгузории кишвари будубошро талаб мекунад.

4. Дар сурати мавҷуд будани ҳама ҳуҷҷатҳо ва маблағҳои зарурӣ барои иштирок дар мурофиаи судӣ, адвокат киро кунед ва даъво пешниҳод  намоед.