News

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

«БАРГУ СОЗИ КОИНОТ АЗ ВАҲДАТ АСТ...». Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони соҳаро бо фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик кард

Date: 23-06-2026 Просмотрено: 5223

22 июни соли равон дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон  ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ маҷлиси тантанавӣ доир гардид, ки он бо иҷрои зиндаи Суруди миллӣ аз ҷониби ҳозирин оғоз ва анҷом пазируфт.

Дар маҷлис Вазири нақлиёт Азим Иброҳим ширкаткунандагон ва дар шахси онҳо тамоми кормандони соҳа ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро бо ин санати муборак шодбош гуфт.

Иштирокчиёни ҷамъомадро  инчунин Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам ва муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Умедҷон Содиқзода, ки дар маҷлис ҳузур доштанд,  бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуданд.

Дар охир ба як қатор кормандони фаъоли соҳа дар вазъияти ботантана корти узвияти Ҳизби Халқӣ-Демократии  Тоҷикистон супорида шуд.Дар зер матни табрикоти Вазири нақлиёти Тоҷикистон пешкаш мешавад.

Дӯстони арҷманд, кормандони соҳаи роҳу нақлиёт!

Ҳар сол  27 июн дар кишвари соҳибистиқлоли мо бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил     Рӯзи ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад, ки он барои шаҳрвандони Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳим ва таърихӣ ба шумор меравад.

Бо истифода аз ин фурсат ҳамаи шумо ва дар дар шахси шумо тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистони азизро ба ифтихори ин ҷашн самимона табрику шодбош гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо  сулҳу оромии пойдор ва осоиши рӯзгор  таманно менамоям.

Бисту нуҳ сол мешавад, ки мо  дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ кору зиндагӣ дорем. Тӯли ин солҳо кулли сокинони кишвар хуб дарк намуданд, ки ваҳдати миллӣ заминаи саодати мардум ва таҳкурсии пешрафту ободии Ватани азизи мо – Тоҷикистон мебошад.

Басо рамзист, ки имсол Рӯзи ваҳдати миллӣ остонаи ҷашни бузург ва  муқаддасу таърихии  миллиамон 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ таҷлил мегардад. Ваҳдати миллӣ мисли Истиқлоли давлатӣ барои мардуми  кишварамон мафҳумҳои муқаддасу тақдирсозанд. 

Рӯзи ваҳдати миллиро мо ҳамчун рӯзи пирӯзии миллати бостонии  тоҷик бар қувваҳои аҳриманӣ, пирӯзии равшанӣ бар торикӣ, некӣ бар бадӣ, ҳамчун рӯзе, ки ба фоҷиаи миллат нуқта гузошт ва ҳамчун рӯзи аз имтиҳони сахту сангини таърих гузаштани давлати тоҷикон таҷлил мекунем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зикр кардаанд, ки «Ҳама гуна ҷомеа ба ҳадафу қутбнамое ниёз дорад, ки роҳи рушди устувори худро мутобиқи он муайян созад.  Чунин андеша ва ҳадафи муттаҳидкунанда барои мо, бешубҳа, ғояи ваҳдати миллӣ ба шумор меравад». 

Ба маънии дигар, чуноне мо аз таърих ва воқеияти имрӯзаи ҷаҳон медонем, ҳар як давлат мафкураи сиёсӣ ё идеологияи худро дорад, ки тамоми самтҳои фаъолияти худро ба асоси он пеш мебарад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ваҳдати миллӣ ба сифати чунин мафкураи  давлатӣ пазируфта шудааст.  Ин дар сарчашмаҳои расмӣ ва муқаррароти сиёсии кишвар, аз ҷумла дар китобҳо ва суханрониҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён ёфтааст.

Ваҳдат чист?

Вожаи «ваҳдат» ифодакунандаи ягонагӣ буда, аз ҷониби фарҳангшиносони маъруфи гузашта, аз ҷумла муаллифони «Ғиёс-ул-луғот», «Чароғи ҳидоят», «Бурҳони қотеъ», «Мунтахаб-ул-луғот» ва дигар луғатҳои тафсирии тоҷикии форсӣ ин тавр шарҳ ёфтааст: «ваҳдат» арабӣ буда, аз калимаи «воҳид» ва  «аҳад» гирифта шудааст ва ба маънии «як будан», «ягона будан», «ягонагӣ» истифода мешавад.

Бояд зикр кард, ки ваҳдат ва ягонагии мардум барои ҳар як давлат арзиши калидӣ  маҳсуб меёбад, зеро он асоси субот, рушд ва қобилияти бартараф кардани щама гуна мушкилот мебошад. Ин мафҳум сарҷамъӣ ризоият ва муттаҳид кардани кӯшишҳоро барои мақсадҳои умумӣ дар назар дорад, ки ба кишвар имкон медиҳад, ки мушкилотро паси сар кунад, вазифаҳои мураккабро ҳал намояд ва давлатдории худро  поянда дорад.

Дар омади гап, дар Ҷопон низ назарияи ваҳдати миллӣ таърихан ва ҳоло низ аз унсурҳои калидии мафкураи давлатӣ мебошад. Он тавассути маҷмӯи ақидаҳои идеологӣ ва амалияи сиёсӣ, ки ба муттаҳидсозии ҷомеа ва таҳкими ваҳдати миллӣ равона шудаанд, амалӣ карда мешавад ва чуноне мебинем,  «Кишвари тулуъи хуршед»-ро ба яке аз  давлатҳои пешрафтаи олам табдил додааст.

Дӯстони гиромӣ!

Дар зиндагии миллатҳо сарватҳое вуҷуд доранд, ки  на дар хазинаҳо ҷой мегиранд ва на бо рақамҳо чен карда мешаванд. Онҳо дар қалби мардум  маъво мегиранд, дар муносибати инсонҳо таҷассум меёбанд ва сарнавишти наслҳоро ба ҳам мепайванданд. Ваҳдати миллӣ аз ҳамин гуна арзишҳост. Онро на метавон дид ва на метавон ламс кард, аммо ҳузури онро дар ҳар лаҳзаи зиндагии ҷомеа эҳсос намудан мумкин аст. Ваҳдат он қудрати  нонамоёнест, ки аз маҷмӯи инсонҳои гуногун як миллат месозад ва аз маҷмӯи орзуҳои пароканда як ормони умумӣ меофарад.

Ин раванд инсонро меомӯзонад, ки шодии як нафар метавонад ба шодии ҷомеа табдил ёбад ва мушкили як гурӯҳ метавонад оромии ҳамагонро халалдор созад. Дар чунин муҳит ҳар шаҳрванди кишвар худро соҳиби Ватан эҳсос мекунад. Ӯ ба кӯчаҳои обод ҳамчун маҳсули заҳмати мардуми кишвар менигарад, ба дастовардҳои илмӣ ҳамчун ифтихори миллӣ арҷ мегузорад ва муваффақияти ҳамватани худро комёбии ҳама миллат медонад.

Ваҳдати миллӣ ҳамчунин мактаби ахлоқ аст. Он ба инсон сабр меомӯзад, эҳтироми дигаронро меомӯзад, фарҳанги гуфтугӯ ва таҳаммулпазириро парвариш медиҳад. Ҷомеае, ки дар он инсонҳо шунидани ҳамдигарро омӯхтаанд, барои пешрафту тараққиёт заминаи устувортар дорад. Зеро бисёр мушкилот на аз камбуди имкониятҳо, дақиқан аз норасоии ҳамдигарфаҳмӣ сар мезананд.

Дар ҷаҳони имрӯз, ки тағйирот бо суръати бесобиқа рух медиҳанд, аҳаммияти ваҳдати миллӣ боз ҳам бештар эҳсос мешавад. Асри муосир аз миллатҳо танҳо дониш ва технология талаб намекунад; он пеш аз ҳама ҷомеаҳои муттаҳид ва дорои андешаи ягонаро тақозо менамояд. Миллате, ки дар дохили худ эътимод ва ҳамбастагӣ дорад, ба тағйироти замон мутобиқ мегардад, аз имкониятҳои нав истифода мебарад ва арзишҳои худро ҳифз менамояд.

Барои сокинони кишварамон ваҳдати миллӣ бояд ба ҷаҳонбинӣ ва тарзи зиндагӣ табдил ёбад. Онҳо бояд дарк кунанд, ки ояндаи давлат пеш аз ҳама аз сатҳи маърифати шаҳрвандӣ, фарҳанги муошират ва эҳсоси масъулияти онҳо вобаста аст. Ҳар ҷавоне, ки ба дониш рӯ меорад, ба қадри сулҳу оромӣ мерасад ва барои ободии ҷомеа талош меварзад, дар асл хиште дар бинои ваҳдати миллӣ мегузорад.

Ваҳдати миллӣ чароғе нест, ки як бор афрӯхта шуда, худ ба худ фурӯзон монад. Он ба ғамхорӣ, ба эҳтиром, эътимод  ва муносибати сазовор,  ба масъулияти ҳамагонӣ ниёз дорад. Ин арзиш ҳар рӯз дар самимияти муносибатҳои инсонӣ, дар сухани нек, дар эҳтироми якдигар ва дар омодагӣ барои ҳамкорӣ аз нав маъно пайдо мекунад. То замоне ки андешаву пиндори ҳамсарнавиштӣ дар қалби мардум зинда аст, Тоҷикистон сарзамини умед, оромӣ ва созандагӣ боқӣ хоҳад монд. Зеро ваҳдати миллӣ садои миллат ва кафили фардои ободу саодатманди он мебошад.

Ҳамкорони гиромӣ!

Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар кишвари мо чӣ гуна  зуҳур кард?

Тавре ба ҳамаамон маълум аст, дар оғози даврони соҳибистиқлолии кишварамон дар Тоҷикистон бо кушиши бадхоҳони дохилию хориҷӣ ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба вуқӯъ пайваст, ки бар асари он даҳҳо ҳазор ҳамватанони бегуноҳи мо қурбон шуданд, даҳҳо ҳазор модарон бе фарзанд, занон бе саробон ва тифлон ятим монда, зиёда аз як миллион нафар шаҳрвандони мо дар дохилу хориҷи мамлакат ба гуреза табдил ёфтанд.

Хатари аз ҳама даҳшатнок дар он шабу рӯзҳо ин буд, ки эҳтимоли пароканда шудани миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон  ба миён омада буд.

Раванди истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҳанӯз аз Иҷлосияи XVI-уми сарнавиштсози Шӯрои Олии кишвар, бо кушишу ташҳои бесобиқаи фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  оғоз гардида буд. Бо иттифоқи орои вакилон Раиси Шӯрои Олии мамлакат интихоб гардидани ин марди шуҷоъ, роҳбари хирадманд ва раъиятпарвар, инчунин дигар қонуну қарорҳои кабулкардаи ин иҷлосияи воқеан таърихӣ ва сарнавиштсоз, ки шумораи онҳо ао 70 адад бештар аст,  барои барқарорсозии  сулҳу оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ризоияти миллӣ, бунёди аркони давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, низоми ҳуқуқии адолатпеша ва оғози барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ заминаи устувор  фароҳам оварданд.

5 апрели соли 1994 дар Маскав бо ташаббуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва миёнаравии СММ ва Вазорати корҳои хориҷии Русия даври аввали гуфтушунидҳо байни ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон ва намояндагони мухолифин баргузор шуд. Ҳамин тариқ, аз соли 1994 то соли 1997 ҳашт даври музокироти сулҳ, аз ҷумла дар Женева, Москва, Алмаато ва Теҳрон доир гардиданд.

Ва, ниҳоят, 27 июни соли 1997 дар Маскав  «Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид. Ин Созишнома барои ояндаи давлату миллати тоҷик воқеан тақдирсоз буд.

Баъди имзои Созишнома, рӯзи ба Ватан баргаштани   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми зиёде  дар  фурудгоҳи Душанбе ҷамъ омаданд ва Пешвои худро бо гулу гулдастаҳо истиқбол намуданд. Шоирони маъруфи мо дар он ҷо нахустин шерҳои ба ваҳдат бахшида худро қироат намуданд. Аз ҷумла, Лоиқ Шералӣ  гуфт:  

                    

Раҳми Парвардигори мо омад,

Нури Ҳақ бар диёри мо омад.

Ҷанги бунёдсўзи мо бигзашт,

Сулҳи бунёдкори мо омад.

Меҳмон Бахтӣ ин мисраҳоро ба забон овард:

Навиде омада аз Оли Сомон,

Тавон ёбад сафо ин Тоҷикистон.

Муборак, шаҳриёр, ин ҳусни шоҳӣ,

Муборак субҳи ободӣ ба даврон!

Ваҳдат воқеан неъмати  гаронмоя аст. Ҳануз дар асри 19 Аллома Муҳаммад Иқбол навишта буд:

Баргу сози коинот аз ваҳдат аст,

Андар ин олам ҳаёт аз ваҳдат аст.

Дӯстони азиз!

Ваҳдати миллии тоҷикон самараи талошҳои ватандӯстона, ҷавонмардона ва фидокоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Инро сарварони кишварҳои пешрафтаи олам, сиёсатмадорони шинохтаи ҷаҳон, созмонҳои бонуфузи олам эътироф кардаанд. Маҳз садоқат ба арзишҳои миллӣ ва шинохти воқеии ватандорӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, миллионҳо нафар шаҳрвандони кишвари азизамонро ба хонаву кошонаашон баргардонд, барои оғози рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳаёти орому осудаи мардуми шарафманди он шароит фароҳам овард.

Бе ваҷҳ нест, ки як моҳ пеш ба Сарвари давлати мо ҷоиза-эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид супорида шуд. Ба ин ҷоизаи бонуфуз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҷоди сулҳ дар сарзаини тоҷикон, густариши ҳамкориҳои минтақавӣ ва талошҳои пайваста дар роҳи таҳкими дӯстӣ миёни халқҳо, тасвиди Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ миёни халқҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон шарафёб гардиданд.

Сиёсати ободгаронаи  Сарвари давлат Тоҷикистонро баъд аз соли 2000-ум ба арсаи ҳақиқии созандагию бунёдкорӣ табдил дод.  Дар тӯли беш аз чоряк аср, ки муддати начандон тӯлонист, дар кишварамон садҳо биноҳои истиқоматӣ,  мактабу шифохонаҳо, майдонҳои варзишӣ ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ,  корхонаҳои саноатӣ, иншооти нави энергетикӣ ба кор андохта шуданд. Илова ба Неругоҳи барқии обии  Роғун, ки сохтмонаш идома дорад, неругоҳҳои барқии амалкунанда навсозӣ шуда истодаанд. Дар ин муддат ҳазорҳо километр роҳу шоҳроҳ ва пулҳо тибқи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд шуданд, ки дар натиҷа Тоҷикистони сепорча ба як қаламрави воҳид мубаддал гардида,  аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфт.

Як нуктаро бори дигар таъкид каданӣ ҳастам, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи сиёсати бунёдкоронаи худро аз сохтмони роҳу пулҳо ва иншооти роҳдорӣ оғоз намуданд.

Дар яке аз филмҳои мустанад бахшида ба солгарди Истиқлолияти давлатии  Тоҷикистон, ки аз тариқи ҳамаки шабакаҳои давлатии Телевизиони Тоҷикистон намоиш дода шудааст, Сарвари давлат дар ин бобат чунин  изҳори андеша мекунанд:

«Як сабаби бадбахтии одамон ҳамин буд: ҳар кас дар дараи худ, дар минтақаи худ. Ин як баҳонае буд ба маҳалҳо ҷудо шудан... Ҳоло роҳҳо ҳастанд, рафтуо мешавад, хешутаборӣ байни одамон мешавад, роҳҳо мардумро ба ҳам наздик мекунанд».  

Яъне роҳҳои ҳамвору замонавӣ яке аз омилҳои таҳкими Ваҳдати миллӣ мебошанд. 

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар беш аз 2200 километр роҳҳои нав, даҳҳо нақбу садҳо пулҳои замонавӣ сохта  ба истифода дода шуданд.

Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии  мамлакат 16 декабри соли гузашта иброз намуданд:

«Соли 2025-ум дар доираи лоиҳаҳои зикршуда ба маблағи умумии зиёда аз 5,4 миллиард сомонӣ 236 километр роҳҳои мошингард ва дигар иншооти роҳу нақлиёти мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ бунёдгардида ба истифода дода шуданд.

Барои беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ҳоло татбиқи 16 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11,3 миллиард сомонӣ, аз ҷумла  бунёди 50 километр роҳи «Данғара – Гулистон», 33 километр роҳи «Гулистон – Фархор» ва боз 12 километр роҳҳои байналмилалӣ дар вилояти Суғд ба маблағи умумии 2 миллиард сомонӣ  идома дорад».

Дар натиҷаи анҷом додани ин ва дигар корҳое, ки бояд  бо иҷро расонем,  мо бояд ҷумҳуриамонро ба кишвари транзитии минтақа табдил диҳем.

Ман итминон дорам, ки ҳамаи мову шумо чун тамоми сокинони ҷумҳурӣ, тавре мегӯянд, аз як гиребон сар бароварда, зери Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз паси Пешвои муаззами миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон саф ороста, бо ҳам муттаҳид, ҳамроҳ, ҳамсоз, ҳамоҳангу ҳампанҷа шуда,  вазифаҳое, ки Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар наздамон гузоштаанд, бо сарбаландӣ ба иҷро мерасонем ва дар таҳкими суботу оромӣ ва рушду нумуи минбаъдаи кишварамон саҳми муносиб мегузорем.

Бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, осмони соф, рӯзгори тинҷу осуда, саодату хушбахтии оилавӣ ва барору комёбӣ орзу менамоям!