Хабарҳо

slider_img
slider_img

БОЗ ЯК ХАБАРИ ХУШ! Созмони Милали Муттаҳид бо қатъномаи худ ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул кард

Санаи нашр: 26-06-2026 Просмотрено: 3521

Имрӯз барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми сулҳпарвари ҷаҳон рӯзи таърихӣ ва хотирмон мебошад. Дирӯз ташаббуси нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллват муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид.

Мо, роҳбарият ва кормандони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин муждаи некро бо рӯҳбаландӣ ва шодию ифтихори бепоён пазируфтем.

Дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудани ташаббуси навбатӣ ва глобалии Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» бисёр рамзист.

Ваҳдат ва Сулҳ арзишҳои ба ҳам вобаста ва давомдиҳандаи якдигаранд.

Ваҳдат рамзи таърихии сулҳи тоҷикон ва суботу оромӣ дар кишварамон аст.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки таҳти роҳбарии бевоситаи Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, ба мактаби омӯзиш дар дигар  кишварҳо табдил ёфтааст.

Дар ин рӯзҳо, ки рақобат ва низову бархӯрд миёни кишварҳо тезутунд гашта, сулҳу субот ва ваҳдату ҳамраъйии халқҳо зери хатар мондааст, қабул гардидани қатънома таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» бисёр муҳим ва саривақтӣ  мебошад. Имрӯз сулҳу субот беш аз ҳар вақти дигар ба арзиши гаронбаҳотарин ва мавриди ниёзи мардуми тамоми сайёра мубаддал гардидааст.

Замин хонаи умеди ҳамаи инсонҳост ва суботу оромӣ дар он барои ҳамаи сокинони сайёра сарвати асосист.

Ҳамаи мардуми сулҳпарвари Тоҷикистони азиз ва тамоми ҷаҳонро бо қабули қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» самимона табрик мегӯем ва барояшон осмони софу беғубор, зиндаги шоиста ва хушбахтона орзу мекунем!

Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид муборак! 

Азим Иброҳим,

Вазири  нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

26 июни соли 2026