Новости

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ШАХСИЯТИ БАРҶАСТАИ СУЛҲОВАР ВА СУЛҲПАРВАР. Дар Вазорати нақлиёт вобаста ба ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантавӣ баргузор гардид

Дата: 30-06-2026 Просмотрено: 3128

Имрӯз дар Вазорати нақлиёт бахшида ба қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036», ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шудааст, ҳамоиши ботантана баргузор гардид. Роҷеъ ба ин рӯйдоди таърихӣ Вазири нақлиёт Азим Иброҳим муфассал суханронӣ намуд.

Шоири Халқии Тоҷикистон Муҳтарам Ҳотамӣ,  корманди КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» Сабрина Ёқубзода ва ҳуқуқшиноси Хадамоти давлатиии  назораит ва танзим дар соҳаи нақлиёт Даврон Шомаҳмадзода  дар бораи аҳамияти ин санади муҳим дар ҳаёти мардуми Тоҷикистон, минтақа ва саросари ҷаҳон назари худро баён доштанд.

Дар зер матни суханронии Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим пешкаш карда мешавад.

Ҳозирини гиромӣ!

Тавре шумо медонед, моҳи сентябри соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   дар иҷлосияи 79-уми  Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод карда буданд, ки Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда эълон карда шавад.

25 июни соли 2026  Маҷмаи Умумии СММ ин ташаббуси навбатии Сарвари давлати моро пазируфт ва дар бораи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои насҳои оянда, солҳои 2027-2036» қатънома қабул кард, ки аз 154 давлат 153 давлат ба он бо иттифоқи оро овоз доданд! 

Ман ҳамаи шуморо бо ин рӯйдоди таърихӣ самимона табрик мегӯям.

Таҳкими дипломатияи бисёрҷониба ва пешбурди ташаббусҳои сулҳи ҷаҳонӣ мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун меъмори бонуфузи амнияти байналмилалӣ мустаҳкам менамояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  мардуми азизи кишварамонро бо ин  рӯйдоди муҳим табрик гуфта, эълон карданд, ки соли 2027 дар шаҳри Душанбе Конфронси бузурги байналмилалӣ ба муносибати 30-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ ва оғози расмии Даҳсола  гузаронида мешавад.

Дар паёми табрикотӣ оид ба қабули қатънома  Пешвои миллат ба давлатҳои дӯст, шарикон ва созмонҳои байналмилалӣ, ки пешниҳоди Тоҷикистонро дастгирӣ карданд, изҳори сипос намуданд.

Қарори қабулшуда ба принсипҳои бунёдии Оинномаи СММ оид ба раҳо кардани наслҳои оянда аз офатҳои ҷанг такя мекунад. Дар сатҳи амалӣ ташаббуси Душанбе платформаҳои нави байналмилалиро барои ҳамгироии манфиатҳои ҷавонон, кӯдакон ва пиронсолон ба равандҳои таҳияи қарорҳои дарозмуддати сиёсӣ фароҳам меорад.

Имрӯзҳо воситаҳои ахбори омма дар саросари  олам ин иқдоми Сарвари давлати моро муҳокима ва ҷонибдорӣ мекунанд.

Бисёре аз нашрияҳо (масалан, Eurasiatoday)  зикр карданд, ки  қатънома дар Созмони Милали Муттаҳид  ҳамраъйии зиёд  пайдо кард: аз 154 давлат 153 давлат ба он овоз доданд. Ин далел ҳолати имрӯзаи ҷаҳонро ба намоиш гузошт, нишон дод, ки ин мавзӯъ воқеан бо мушкилоти ҷаҳонӣ ҳамоҳанг аст: афзоиши ташаннуҷ, низоъҳо ва дарк кардани он, ки қарорҳои насли ҳозира бевосита ба ояндаи кӯдакон таъсир мерасонанд.

Нашрияи «Караван» навиштааст: «Хадамоти таҳлилии оҷонсии иттилоотии “Караван Инфо” чунин изҳор медорад: тасдиқи қатънома аз ҷониби  Маҷмаи Умумии СММ пирӯзии таърихии дипломатияи Тоҷикистон мебошад, ки таҷрибаи беназири дохилии сулҳро ба механизмҳои ҳуқуқии ҷаҳонӣ табдил медиҳад».

Мавриди зикр аст, ки баргузории Конфронси байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе дар соли 2027 мақоми пойтахти Тоҷикистонро ҳамчун маркази  ҷалби нухбагон ё элитаи дипломатияи ҷаҳонӣ ва платформаи калидии муколамаи тамаддунҳо мустаҳкам менамояд.

Ташаббуси Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда эълон намудани солҳои 2027-2036 аз ҷониби ҷомеаи  ҷаҳонӣ  ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо кард.

Воқеан ҳам имрӯз сулҳу субот аз ҷониби бисёр давлатҳо ва аксари кулли  аҳолии ҷаҳон  ҳамчун аз арзишҳои асосӣ барои инсоният қабул карда мешавад. Ҷаҳон торафт бештар ба ин маънӣ мерасад: бидуни  сулҳу субот  зиндагӣ маънии худро гум мекунад, рушди устувор ғайриимкон аст — на иқтисодӣ, на иҷтимоӣ ва на экологӣ. Вақте дар  ин ё он зовияи дунё  ҷангу ҷидол сар мезанад, ҳама қувваҳо ба ҷои иқтисод, фарҳанг, маориф, илм, маърифат,  ҳифзи муҳити зист ба майдони ҳарбу зарб  рӯ меоранд. Бинобар ин, сиёсатмадорон, ҳуқуқшиносон, донишмандон, адибон, фаъолон ва одамони оддӣ чунин нидо баланд мекунанд: «Нест бод ҷанг!»,  «Сулҳ ба ҷаҳон!», «Поянда бод ҳамзистии осоишта ва гуфтугӯи тамаддунҳо!».

Зеро бидуни сулҳ ҳамаи арзишҳо ва дастовардҳои дигар маънии худро гум мекунанд.

Ҷонибдорони сулҳро «патсифистҳо» ном мебаранд, ки вожаи франсавист  ва маънояш «сулҳпарвар» аст. Инҳо шахсиятҳое ҳастанд, ки дар ҳар давру замон буданд ва онҳо ҳама гуна ҷангро комилан рад мекунанд. Ба ақидаи патсифистҳо ҳама гуна низоъро метавон тавассути хушбинӣ, ниятҳои осоишта, эътимоду эътиқод ба ҳамдигар, бидуни даст задан ба ҷангу зӯроварӣ  ҳал кард.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ кайҳо боз чунин шахсиятҳои барҷаста, аз қабили Лев Толстой, Ҷон Леннон, Алберт Эйнштейн, Маҳатма Гандӣ, Мартин Лютер Кинг, Нелсон Мандела, Эрих Мария Ремарк ва чанде дигаронро дар қатори патсифистҳо ном мебарад. Аксари онҳо барандагони Ҷоизаи сулҳи Нобел мебошанд.

Бе муҳобо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро имрӯз метавон дар қатори чунин шахсиятҳои барҷастаи сулҳофар ва сулҳпарвар ном бурд.

Зеро сулҳу осоиштагӣ, суботу оромӣ ва созандагию бунёдкорӣ маром ё ҳадафи асосии фаъолияти Сарвари давлати мо мебошанд.

Аз рӯзи аввали роҳбариашон, ки ба давраи ҷанги шаҳрвандӣ ва бесарусомониҳо рост омад, Пешвои миллат дар иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ба мардуми тоҷик муроҷиат карда, чунин изҳор доштанд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Ман ба шумо сулҳ меорам!».

5 апрели соли 1994 дар Маскав бо ташаббуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва миёнаравии СММ ва Вазорати корҳои хориҷии Русия даври аввали гуфтушунидҳо байни ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон ва намояндагони мухолифин баргузор шуд. Ҳамин тариқ, аз соли 1994 то соли 1997 ҳашт даври музокироти сулҳ, аз ҷумла дар Женева, Москва, Алмаато ва Теҳрон доир гардиданд.

Барои расидан ба ин ҳадафи олӣ Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки қувваҳои солими ҷомеа, аз ҷумла ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, сохторҳои фарҳангӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро муттаҳид созанд.

Дар ин раванд иштироки фаъол ва саҳми арзандаи Созмони Миллали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва давлатҳои нозир чун Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои исломии Эрон, Афғонистон ва Покистон, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва дигар созмону давлатҳо низ, пеш аз ҳама, аз талоши сулҳҷӯйӣ, дасту дили поки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва инчунин аз сиёсати хориҷии «дарҳои кушода»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъдтар ба сатҳи «сиёсати бисёрсамтӣ» бардошта шуд, сарчашма мегирифт.

Ва, ниҳоят, 27 июни соли 1997 дар Маскав  «Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид. Ин Созишнома барои ояндаи давлату миллати тоҷик воқеан тақдирсоз буд.

Кофи Аннон, собиқ Дабири кулли СММ, ки солҳои тӯлонӣ раванди сулҳи Тоҷикистонро мунтазам ва бошуурона назорат мекард, пас аз анҷоми бомуваффақияти он дар яке аз ҷаласаҳои Шӯрои Амнияти СММ таъкид кард:

«Таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон сазовори омӯзиши ҳамаҷониба аст».

Вай барои чунин изҳорот тамоми асосҳоро дошт, зеро сулҳи Тоҷикистон яке аз амалиёти бомуваффақияти сулҳофарии СММ ба ҳисоб меравад. Муноқишаи сиёсӣ ва низомӣ дар кишвари мо дар муддати кӯтоҳтарин - сеюним сол ё дар 1171 рӯз бо сулҳ ва оштӣ анҷом ёфт. Дар ҳамин ҳол, низоъҳои дигар,  дар гӯшаю канори дигари олам  солҳо боз идома доранд.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон яке аз бузургтарин сабақҳои мактаби сиёсатмадорӣ ва давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифт. Таҷрибаи ба даст овардани сулҳи миёни тоҷикон ҳамчун намунаи нодири сулҳофарӣ ва ҳалли ихтилофи дохилӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуд ва ҳоло барои пешгирии чунин моҷароҳо дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон мавриди истифода қарор дорад.

Соли 1999 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовори унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон» гардиданд.

Хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар дохил ва ҳам берун аз кишвар эътирофи умум пайдо кардаанд. Барои саҳми арзишманд дар рушди ҷомеаи умумиинсонӣ Сарвари давлати мо  ба Ситораи тиллоии нависанда ва файласуфи машҳури Олмону Фаронса, барандаи Ҷоизаи Нобел  Альберт Швейцер  мушарраф шуданд. Президенти Тоҷикистон  аввалин сиёсатмадори ҷаҳонӣ ҳастанд, ки ба чунин ҷоизаи баланд сазовор  гардидаанд.

Соли 2005, дар арафаи таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз як мукофоти олӣ – медали тиллои «Барои таҳкими сулҳу ризоияти байни халқҳо» - и Федератсияи байналмилалии сулҳу ризоият супорида шуд. Бояд зикр кард, ки дар байни сарони давлатҳои аъзои ИДМ Эмомалӣ Раҳмон аввалин шуда ба чунин ҷоиза сазовор гардиданд.

25 майи соли 2026 дар Қасри миллат  ба  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷоиза – сертификати эътирофи Донишгоҳи сулҳи СММ  эъто гардид. Ҷоизаи бонуфуз ба Пешвои миллат барои саҳми барҷастаашон дар истиқрори сулҳ, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва талошҳои пайгирона ҷиҳати таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни халқҳо супорида шуд. Аз ҷумла, имзои созишномаи таърихӣ оид ба ҳалли масъалаҳои сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон, қабули Эъломияи Хуҷанд дар бораи дӯстии абадӣ миёни ин кишварҳо зикр карда шуд

Ва, инак,  25 июни соли 2026, бо  пешниҳоди Президенти  Тоҷикистон  Маҷмаи Умумии СММ солҳои 2027-2036-ро Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда эълон кард – ин баландтарин сатҳи дастгирии талошҳои пайгиронаи Пешвои миллати тоҷикон дар роҳи тавсеа ва таҳкими сулҳ дар ҷаҳон аст.

Ин шаҳодати мустақими он аст, ки ин мавзӯъ ҳоло дар маркази диққати  тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад.

Сулҳ барои инсоният арзиши бунёдӣ, хеле муҳим ва матлуб аст.  Ва як нуктаи дигари муҳим ин аст: барои он ки сулҳ воқеан кор кунад, онро на танҳо эълон кардан, балки пайваста тақвият додан лозим аст – тавассути гуфтугуҳои дипломатӣ¸муколамаҳои сиёсӣ, эҳтироми фарқиятҳои нажодӣ ва миллию фарҳангӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ.

Ҷанг мисли омоси саратон дар бадани инсоният ва тамаддун аст. Пешгирии ҳама гуна беморӣ аз табобати оқибатҳои он беҳтар аст.

Ташаббуси Президенти Тоҷикистон на танҳо бори дигар  ин ҳақиқатро таъкид мекунад, балки як навъ муроҷиат  ба ҳамаи сокинони сайёраи Замин бо чунин суханҳост: «Ҳушёр бояд буд! Ҷанг дар ҳама гуна шакл ва бо ҳама гуна мақсад танҳо бадбахтӣ меорад. Имрӯз барои ҳар яки мо хеле муҳим аст, ки дар ин бора на танҳо фикр кунем, балки барои суботу оромии хонаи ягонаи мо – Замин    қадамҳои мушаххас гузорем. Замонҳо тағйир меебанд, аммо шиори сулҳ ва ҳамзистии осоишта аҳамияти худро гум накардааст. Имрӯз барои ин арзиши бузург бояд  бо дилу нияти нек мубориза бурд!».

Сулҳ яке аз арзишҳои олии инсоният аст. Аз замонҳои қадим одамон барои сулҳ талош меварзиданд ва аҳамияти онро барои шукуфоӣ ва рушд дарк мекарданд. Сулҳ рамзи ҳамоҳангӣ, ризоият ва ҳамдигарфаҳмӣ мебошад, ки ба миллатҳо, фарҳангҳо ва одамон имкон медиҳад  бидуни тарсу ҳарос муошират кунанд.

Дар хотир доред, ки чӣ гуна файласуфон, мутафаккирон ва пешвоёни гуногун дар бораи сулҳ ҳарф мезаданд ва ҳарф мезананд –Куруши Кабир, Афлотун,  Рӯдакӣ,  Фирдавсӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Низомии Ганҷавӣ, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода ва бисёр дигарон аз аҳамияти сулҳу ҳамзистии осоишта асарҳо навиштаанд.

Одам-уш-шуаро Абӯабдулло Рӯдакӣ фармудааст:

Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад,

Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.

Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ

Киштие соз то бад-он гузарӣ.

Ҷалолиддини Балхӣ дар асарҳояш назарияи «сулҳи кулл»-ро ба миён гузоштааст, яъне сулҳи якбора ва бе ягон  шарту шароит миёни ҳамаи халқҳо ва давлатҳо. Бинобар ин аз асри XIII то имрӯз дар мавориди ҳассос ва ҷангу пархошҳо  дар мамолики гуногунмиллату гуногунмазҳаби Осиё ва Аврупо, Амрико ва Африқо ба ин  назарияи бесобиқа  рӯ овардаанд ва рӯ меоранд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии худ ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид иброз намуданд:

«Мо бояд дар навбати аввал ба наврасону ҷавонон, ки созандагони ҷаҳони фардо мебошанд, омӯзонем, ки сулҳ танҳо набудани ҷанг нест.

Сулҳ фарҳанг аст.

Сулҳ масъулият аст.

Сулҳ эҳтиром ба шаъну шарафи инсон аст.

Сулҳ таъмин намудани адолат ва имкониятҳои баробар барои ҳамаи инсоният аст.

Аз ин лиҳоз, сарнавишти наслҳои оянда ба тасмимҳое, ки мо имрӯз мегирем, вобаста мебошад».

Бигзор ҳама муноқишаҳо дар гузашта боқӣ монанд! Мо тарафдори сулҳи ҷаҳон ҳастем!

Зинда бод сулҳ,  ҳамзистии осоишта, ҳамгироии мудовим барои наслҳои оянда!