Рӯзи сешанбе,30 июни соли 2026, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо ҳайати Ҷумҳурии Корея таҳти роҳбарии Директори иҷроияи департаменти ҳамкориҳои байналмилалии ширкати «Роҳи оҳани миллии Корея» (Korea National Railway, KNR) Юн Ҳак Сун мулоқот доир намуд.
Дар мулоқот рушди фаъолияти якҷояи ду кишвар дар бахши нақлиёти роҳи оҳан ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар ин самт муҳокима карда шуд.
Зикр гардид, ки Тоҷикстон ва Корея ба ҳайси ду кишвари дусту бародар солҳои охир ҷиҳати рушд ва тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар тамоми самтҳо, аз ҷумла бахши нақлиёт тадбирҳои судманд роҳандозӣ намуданд.
Ҷонибҳо аз рафти корҳои пешакии лоиҳаи сохтмони метро дар шаҳри Душанбе изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Айни замон бо дастгирӣ ва кумаки техникии Корея 4 лоиҳа дар соҳаи нақлиёти Тоҷикистон татбиқ мешаванд, ки аз онҳо 3 лоиҳа дар ҳоли ҷамъбаст ва натиҷагирӣ қарор доранд.
Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим ба ҳайати Корея барои ташрифашон ба Тоҷикистон ва тақвият бахшидани ҳамкориҳо миннатдорӣ байён намуда, изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҳамеша омода аст бо ҳамтоёни худ дар ин самт ҳамкориҳои судмандро идома диҳад.
Мавриди зикр аст, ки 1 июли соли 2024 байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Роҳи оҳани миллии Корея» Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти роҳу нақлиёт ба имзо расонида шуда буд.
МАЪЛУМОТНОМАИ МО
Роҳи оҳани иллии Корея (Korea National Railway (KNR) ширкати давлатӣ мебошад, ки барои сохтмон, рушд ва хидматрасонии инфрасохтори роҳи оҳан дар Кореяи Ҷанубӣ масъул аст. Он моҳи январи соли 2004 дар доираи ислоҳоти бахши роҳи оҳан таъсис дода шудааст.