Корхонаю муассисаҳои соҳаи роҳу нақлиёт аз рӯи нишондиҳандаҳои асосӣ ба натиҷаҳои мусбат ноил шуданд. Дар ин бора дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолият дар шаш моҳи аввали соли 2026 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда иттилоъ дода шуд.
Ҷамъбасти фаъолият дар як давра ва гузоштани вазифаҳо барои давраи минбаъда на танҳо як расмият, балки марҳилаи муҳимест, ки ба арзёбии роҳи тайшуда, муайян кардани мушкилот ва нишон додани роҳҳои рушд мусоидат мекунад.
Ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи вазорат 10 июл таҳти раёсати Вазири нақлиёти ҶТ, Раиси ҳайати мушовара Азим Иброҳим ва бо иштироки аъзои ҳайати мушовара, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии вазорат ва корхонаву муассисаҳои тобеи он, намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини Сардори Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Тоҷиддин Раҳимзода иштирок в суханронӣ намуд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа дар бораи натиҷаҳои фаъолияти корхонаву муассисаҳои соҳа дар нимсолаи аввали соли 2026 муовини якуми Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Нематзода маъруза кард.
Нишондиҳандаҳои фаъолият
Зикр карда шуд, ки дар шаш моҳи соли равон шумораи корхонаҳо дар соҳаи роҳу нақлиёт нисбат ба соли гузашта 120 адад афзудааст. Ҳоло соҳа 2957 корхона, аз ҷумла 2579 корхонаи нақлиёти автомобилӣ, 241 корхонаи хоҷагии роҳ ва 137 корхонаи роҳи оҳанро дар бар мегирад.
Шабакаи иборат аз 920 хатсайри мунтазами мусофиркашонии дохилӣ ва байналмилалӣ (автобусҳо, троллейбусҳо, роҳи оҳан ва дигар намудҳои нақлиёт) фаъолият мекунад. Ин назар ба соли гузашта 18 хатсайр зиёд аст.
Ба ҳолати то 1 январи соли 2026 дар кишвар 800926 воситаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 99731 адад ё 14,2% зиёд аст. Аз ин миқдор 67230 (тақрибан 8,8%) воситаи нақлиёт дар фаъолияти хоҷагидорӣ барои интиқоли бор ва мусофирон, кори корхонаҳои логистика, такси ва дигар равандҳои иқтисодӣ истифода бурда мешаванд.
Тавассути ҳамаи намудҳои нақлиёт зиеда аз 76 миллион тонна бор ва беш аз 552 миллион мусофир интиқол дода шудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 14 ва 8 фоиз зиёд аст.
Беш аз 31,6% (22 млн.946,1 ҳазор тонна) бор ва тақрибан 99,8% (556 млн. 973,2 ҳазор нафар) мусофир тавассути нақлиёти автомобилии системаи Вазорати нақлиёт интиқол дода шудаанд.
Дар ҳамлу нақли байналмилалии бор ва мусофирон нақлиёти роҳи оҳан нақши муҳим мебозад: дар давраи ҳисоботӣ интиқоли 70,0% бор ва 60,4% мусофирон бо убури сарҳади давлатӣ маҳз бо ин намуди нақлиёт амалӣ карда шуд.
Ҳамлу нақли транзитӣ дар ин давра 32,686 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,912 ҳазор тонна ё 74% зиёд аст. Ин барои табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари ҷолиби транзитӣ заминаи мустаҳкам фароҳам хоҳад овард.
Татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи роҳу нақлиет таҳти таваҷҷуҳи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Айни замон тавассути Вазорати нақлиет 11 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 1 миллиарду 193 миллион доллари ИМА амалӣ карда мешаванд. Аз ин шумора 5 лоиҳа дар ҷараёни иҷрои фаъол ва 6 лоиҳаи дигар дар марҳилаи хизматрасонии кафолатӣ қарор доранд.
КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» бо мақсади иҷрои «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» бо шарикони рушд, аз ҷумла Бонки Осиёии рушд, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, САҲА ва GIZ ҳамкорӣ ба роҳ мондааст. Барои фарогирии пурраи рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт 34 бахш (модул) таҳия карда шудааст, ки аз онҳо ҳоло 20 модул таҳия ва ё истифода мешаванд. Даромади муассиса дар давраи ҳисоботӣ 169 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта 8 баробар афзудааст. Ин имкон фароҳам овард, ки барои ҳавасмандгардонии коргарон музди меҳнати онҳо то 30% зиёд карда шавад. Марказ аз 3 марти соли 2026 ҳамчун резиденти IT-парки Душанбе ба қайд гирифта шудааст ва ба таври имтиёзнок аз имкониятҳои муосири парки технологии пойтахт истифода мебарад.
Вазифагузорӣ
Дар ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар нимсолаи аввал, Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим бо қаноатмандӣ изҳор дошт, ки дар маҷмӯъ корхонаҳо ва муассисаҳои соҳа аз рӯи нишондиҳандаҳои асосӣ натиҷаҳои мусбат нишон доданд.
«Аммо дар баробари ин, таҳлил як қатор нуқтаҳои заъфро низ ошкор кард, ки ниёз ба таваҷҷуҳ доранд», – таъкид намуд ӯ ва дар назди роҳбарони сохторҳои дахлдор ҷиҳати бартараф сохтани камбудиҳои мавҷуда вазифаҳои мушаххас гузошт. Аз ҷумла, супориш дода шуд, ки:
Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт:
– назорати қатъии раванди иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ дар лоиҳаҳои давлатии сармоягузориро ба роҳ монад;
– назорати ҳаракати воситаҳои нақлиёти калонҳаҷм ва вазнинро тақвият бахшд;
– дар якҷоягӣ бо МД «Нақлиети автомобилӣ ва хизматрасониҳои логистикӣ» ҳар моҳ амалиёти шартӣ оид ба санҷиши мавҷудияти роҳхат ва бархат гузаронад;
– нуқтаҳои ченкунии вазни воситаҳои нақлиётро бо таҷҳизоти зарурӣ таъмпин намояд;
– ҳамлу нақли мусофиронро тавассути нақлиёти автомобилӣ мунтазам назорат кунад.
МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои логистикӣ»:
– бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти интиқолдиҳандагони ватанӣ лоиҳаи харитаи роҳро оид ба ҳамкорӣ бо логистикҳои ватанӣ ва экспедиторҳо-агентҳо дар соҳаи логистикаи байналмилалӣ таҳия ва пешниҳод намояд;
– ҷиҳати таъсис додании марказҳои логистикии «Фотеҳобод» (ноҳияи Мастчоҳ), «Дӯстӣ» (шаҳри Турсунзода), МОИ «Кӯлоб», инчунин дар бандарҳои «Чобаҳор» (Эрон) ва «Қошғар» (Чин) чораҳои фаврӣ андешад.
КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»:
– маҷмӯи чорабиниҳоро ҷиҳати таъмини нақшаи ҳамлу нақли воридоту содирот тавассути роҳи оҳан, беҳтар сохтани сифати хизматрасонӣ ба мусофирон, ҷалби сармояи хориҷӣ барои навсозии парки локомотивҳо, вагонҳои боркаш ва мусофирбар таҳия ва татбиқ намояд;
– ҳарчи зудтар қитъаи осебдидаи роҳро дар километри 260-уми роҳи оҳани «Вахш-Ёвон» ба кор дарорад.
КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт»:
– лоиҳаи пурраи техникии (тарҳи) Платформаи ягонаи идоракунии системаҳои нақлиётро таҳия ва пешниҳод кунад;
– ҷиҳати ба Платформаи ягонаи рақамии идоракунии соҳаи нақлиёт пайваст (ҳамгиро) кардани системаҳои логистика, сертификатсия ва режими мониторинги тарозуҳои насбшудаи ченкунии вазни мошинҳои гаронвазн тадбирҳои зарурӣ андешад ва ҳамкориро дар ин бобат бо корхонаю муассисаҳои дахлдор тақвият бахшад;
– ҳамгироиро бо платформаи ягонаи таксии «JURA» такмил диҳад;
– татбиқи зеҳни сунъиро барои муайян кардани ҳолати роҳҳои автомобилгард суръат бахшад;
– ҷамъоварӣ ва коркарди маълумотро дар бораи роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти маҳаллӣ пурзӯр намояд.
Муассисаҳои хоҷагӣ ва нигоҳдории роҳҳо:
- ҳамкориро бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорон ва хайрхоҳон ҷиҳати таъмири роҳҳои маҳаллӣ таҳким бахшанд, таъмири асосӣ ва ҷории роҳҳоро бо риояи қатъии технологияҳо амалӣ намоянд;
- техникаи сохтмон ва нигоҳдории роҳҳоро сари вақт таъмир кунанд ва барои истифодаи самараноки он тадбирҳо таъхирнопазир андешанд.
Марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сохтмон ва таҷдиди роҳҳои автомобилгард:
– барои татбиқи саривақтӣ ва босифати лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои сохтмони роҳҳои автомобилгарди «Гулистон – Кӯлоб», «Ваҳдат-Оби Гарм», роҳи ҳалқавии (таворавии) шаҳри Кӯлоб, қитъаҳои роҳи «Рушон-Варшез», «Мурғоб-Кулма» ва роҳҳои бисёртабақаи (эстакадаҳои) шаҳри Душанбе тадбирҳои амалӣ андешанд.
Дар ҷаласа хулосаи ниҳоӣ оид ба масъалаи муҳокимашуда ҳосил гардид, ки он асоси қарори ҳайати мушовараро ташкил хоҳад дод.