Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода рӯзи 14 июл дар Теҳрон бо Вазири роҳҳо ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Исломии Эрон Фарзона Содиқ мулоқот кард.
Тоҷикистон ва Эрон масъалаҳои рушди долонҳои нақлиётӣ ва таъсиси маркази логистикии Тоҷикистон дар бандари «Чобаҳор»-и Эронро баррасӣ карданд. Мулоқот дар Теҳрон бо иштироки муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода ва Вазири роҳҳо ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Исломии Эрон Фарзона Содиқ баргузор гардид.
Ҳайати Тоҷикистон инчунин бо муовини Вазири роҳҳо ва шаҳрсозӣ, раиси Созмони банодир ва дарёнаварддии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Шакибинасаб ва муовини Вазири роҳҳо ва шаҳрсозӣ, Раиси роҳи оҳани Эрон Ҷаббор Алӣ Зокирӣ музокироти алоҳида анҷом дод.
Дар ҷараёни ин мулоқотҳо тавсеаи иқтидори транзитӣ, афзоиши ҳаҷми боркашонӣ тавассути долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ва татбиқи лоиҳаи маркази логистикӣ дар бандари «Чобаҳор» баррасӣ карда шуд.
Тоҷикистон ва Эрон пайваста ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро тақвият мебахшанд. Истифодаи бандари «Чобахар» ҳамчун самти калидии густариши дастрасии Тоҷикистон ба бозорҳои ҷаҳонӣ ва афзоиши тиҷорати мутақобила арзёбӣ мешавад.