Нархҳои баланд ва нарасидани сӯзишворӣ, бахусус дизелӣ аз масъалаҳои нигаронкунанда мебошанд, ки метавонанд ба фаъолияти муқаррарии нақлиёт, хизматрасониҳои логистикӣ ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард таъсир расонанд. Дар ин бора дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои нимсолаи якум ва вазифаҳо барои давраи минбаъда, ки 10 июли соли равон таҳти раёсати Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим баргузор гардид, хабар дода шуд.
Зикр карда шуд, ки нархи ҷаҳонии сӯзишвории дизелӣ дар шароити гароншавии нафт дар бозори ҷаҳонӣ ба таври бесобиқа боло рафт. Ин раванд на танҳо ба нақлиёт, балки ба соҳаи нигоҳдорӣ, таъмир ва таҷдиди роҳҳои автомобилгард низ таъсири манфӣ мерасонад. Бо афзоиши нархи сӯзишвории дизелӣ аз 10,40 сомонӣ то 16-18 сомонӣ барои як литр, яъне тақрибан 55 фоиз, арзиши воқеии нигоҳдорӣ ва таъмири ҳар километри роҳ ба таври назаррас боло меравад. Маблағгузории соҳаи роҳ, чун қоида, дар доираи буҷети тасдиқшуда сурат мегирад ва мувофиқи тағирёбии босуръати нархи захираҳои энергетикӣ зиёд намешавад.
Бо дарназардошти он, ки қисми зиёди лоиҳаҳои инфрасохтори роҳҳои Тоҷикистон аз ҳисоби қарзҳои имтиёзнок ва грантҳои шарикони байналмилалии рушд маблағгузорӣ мешаванд, ноустувории (тағйирпазирии) нархи сӯзишворӣ низ метавонад ба арзиши ниҳоӣ, мӯҳлати татбиқ ва самаранокии иқтисодии ин лоиҳаҳо таъсири манфӣ расонад.
Бо назардошти ин дар вазорат Гуруҳи корӣ таъсис дода шуд. Ба Раёсати ояндабинӣ ва таҳлили иқтисодии вазорат супориш дода шуд, ки дар якҷоягӣ бо МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои логистикӣ», КВД «Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ», муассисаҳои сохтмон ва нигоҳдории роҳҳо, марказҳо ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сохтмон ва таҷдиди роҳҳои автомобилгард дар доираи Гурӯҳи корӣ дар муддати 10 рӯз Нақшаи тадбирҳоро бо хулосаҳои асоснок оид ба таъмини мунтазами соҳа бо сӯзишвории дизелӣ ва дигар сузишворию равғанҳои молиданӣ таҳия ва пешниҳод намоянд.