Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ДАР ЧАНД САТР. Рӯйдодҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон

Санаи нашр: 10-08-2026 Просмотрено: 1280

Дар ин бахш хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, раддабандиҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойгир карда мешаванд.

ДАР ТОҶИКИСТОН

Президенти Тоҷикистон дастур доданд, ки бозори дохилӣ бо  маводи сӯхти зарурӣ таъмин карда шавад. Сарвари давлат зимни ҷаласаи Ҳукумати ҷумҳурӣ 28 июл ҷиҳати ба қадри зарурӣ таъмин намудан бозори дохилӣ бо  маводи сӯхти ва рағанҳлои молиданӣ супориш доданд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти  Президенти ҶТ хабар додааст.

Сарвари давлат таъкид карданд, ки сатҳи нархҳо дар ин соҳа бояд мӯътадил нигоҳ дошта, интиқоли маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ҳарчи зудтар ташкил карда шавад.

Илова бар ин, Президенти ҶТ ба мақомоти давлатии кишвар супориш доданд, ки механизмҳои самарабахшро барои анҷом додани раванди рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ ва ҷорӣ намудани низоми гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ муайян ва татбиқ намоянд.                                                       

***

Дар Душанбе  масъалаи баланд бардоштани самаранокии идоракунии  ҳаракат дар роҳ баррасӣ гардид. Дар Душанбе мулоқоти муовини Раиси шаҳр Раҳмиддин Саломзода бо намояндагони Консорсиуми  Донишкадаи нақлиёти Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд, ки дар он ҷонибҳо татбиқи лоиҳаи «Рушди системаи зеҳнии нақлиётии шаҳри Душанбе» - ро баррасӣ карданд. Дар ин бора Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар дод.

Дар вохӯрӣ инчунин роҳбарияти корхонаи  коммуналии «Шаҳри ҳушманд» ширкат варзид.

Мавзӯи асосии гуфтушунид ҷорӣ кардани системаҳои муосири нақлиётии зеҳнӣ буд, ки ба баланд бардоштани самаранокии идоракунии ҳаракат дар роҳ, такмили инфрасохтори нақлиётӣ ва рақамикунонии нақлиёти шаҳрӣ равона карда шудаанд.

Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкорӣ бо сохторҳои  марбутаи  Душанбе барои татбиқи  муваффақонаи лоиҳаҳои  пешбинишуда таъйид карданд.

***

Парки ширкати «Сомон Эйр» бо ҳавопаймои нави Boeing-737 MAX 8 мукаммал карда шуд. Тавре Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳавопаймои нав аллакай ба Душанбе омадааст ва ба зудӣ нахустин парвози худро ҷиҳати интиқоли мусофирон анҷом медиҳад.

Ин ҳавопаймо ба номи донишманди барҷастаи тоҷик, файласуф ва табиб Абуали ибни Сино номгузорӣ шудааст.

Тибқи нақшаи тасдиқшуда, ҳавопаймоҳои Boeing-737 MAX 8 парвозҳоро бо хатсайрҳои мавҷуда анҷом медиҳанд, инчунин кушодани хатсайрҳои нави «Душанбе – Сеул», «Душанбе – Пекин», «Душанбе – Минск», «Душанбе  – Лондон» ва ғайра ба нақша гирифта шудааст.                                                

***

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» (Somon Air) парвозҳои мустақимро байни Душанбе ва Минск оғоз мекунад. Тибқи иттилои хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ, парвози аввал 29 август сурат мегирад.

Парвозҳо ҳафтае як маротиба — рӯзи шанбе анҷом дода мешаванд.

Ифтитоҳи самти нав ба мусофирон аз Тоҷикистон имкон медиҳад, ки бидуни нақлу интиқол мустақиман ба пойтахти Беларус бирасанд.  

***

Дар Тоҷикистон корҳои сохтмону навсозии роҳҳои деҳот идома доранд. Бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва аҳолӣ таъмиру барқарорсозии роҳҳои автомобилгард ва иншооти онҳо ба маблағи 123,4 миллион сомонӣ  анҷом дода шуд. Дар ин бора 10 июл дар ҷаласаи васеи мушовараи  Вазорати нақлиёти ҶТ  оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои нимсолаи аввали соли 2026 хабар дода шуд.

Кор дар ин самт дар доираи «Барномаи рушди роҳҳои ободи деҳот барои солҳои 2023-2028», ки аз ҷониби Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо супориши Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва тасдиқ шудааст, идома дорад.

Мақсади асосии барнома беҳтар кардани алоқаи нақлиётӣ дар деҳот, таъмини  дастрасии боэътимоди  сокинони маҳалҳои дурдаст ба роҳҳои асосӣ, мактабҳо, беморхонаҳо ва дигар иншооти муҳим  мебошад.   

ДАР МИНТАҚА

Президентҳо афзоиши интиқоли маҳсулоти нафтӣ аз Қазоқистон ба Тоҷикистонро баррасӣ карданд. Президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар мулоқот дар Остона масъалаҳои афзоиши интиқоли маҳсулоти нафтии Қазоқистонро ба бозори Тоҷикистон баррасӣ карданд. Музокирот 29 июл пеш аз маросими ифтитоҳи Мусобиқаи байналмилалии мултиспортии «Бозиҳои оянда – 2026» баргузор шуд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ хабар медиҳад.

Сарони давлатҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистонро баррасӣ намуда, зарурати  рушди минбаъдаи шарикии стратегӣ ва ҳамкории иттифоқчигиро таъкид намуданд.

Ҷонибҳо  раванди мусбати ҳамкории дуҷонибаро қариб дар ҳама самтҳо зикр карданд. Дар байни афзалиятҳо тавсеаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, таҳкими муколамаи сиёсии байнидавлатӣ, инчунин рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, логистика, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ номбар карда шуданд.

Президентҳо инчунин суръати баланди афзоиши гардиши мутақобиларо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ таъкид намуда, манфиатдории худро ба афзоиши минбаъдаи ҳаҷми савдои мутақобила тасдиқ намуданд.

***

Кишварҳои ОМ пешбарандаи асосии рушди маҷмаи нақлиётии Авруосиё шуданд. Бонки рушди Авруосиё (БРАО) зимни гузориши худ маълумоти ҷадиди Расадхонаи маҷмаи нақлиётии Авруосиёро муаррифӣ кард.

Гузориши таҳлилӣ маълумотро дар бораи лоиҳаҳои рушди инфрасохтори нақлиётӣ дар 13 кишвари минтақа ба низом медарорад. То 1 июли соли 2026 ба пойгоҳ 402 лоиҳа бо ҳаҷми умумии сармоягузории 345 миллиард доллар дохил карда шудааст, гуфта мешавад дар гузориши бонк.

Осиёи марказӣ ба минтақаи асосии рушд табдил ефтааст. Ба кишварҳои минтақа 114 лоиҳа ба маблағи умумии беш аз 71,75 миллиард доллар рост меояд, ки зиёда аз 21% - и тамоми сармоягузориҳо ба рушди маҷмаи нақлиётии Авруосиёро ташкил медиҳад.

***

 Дар Қазоқистон муҳлат барои бақайдгирии ҳатмии электронии ҳуҷҷатҳои  ҳамлу тамдид карда  шуд. Дар он ҷо бақайдгирии ҳатмии варақаҳои нақлиёту боркашонӣ дар Низоми ягонаи идоракунии ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ барои як соли дигар, то 1 июни соли 2027 ба таъхир гузошта шуд.

Фармони дахлдор дар сомонаи расмии Вазорати нақлиёти ҶҚ чанд рӯз пеш нашр шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки пеш аз нашри фармоиш талабот дар бораи бақайдгирии ҳатмии ҳуҷҷатҳои интиқол дар низомиягона аллакай ба ҳукми иҷро даромада буд. Он, сарфи назар аз дархости иштирокчиёни бозор барои  мутобиқшавӣ, қариб ду моҳ давом кард. Пас аз ду моҳ, чунин ба назар мерасад, ки ин дархостро шунидаанд.                                              

***

Дар Қазоқистон ба сохтмони бандари «хушк» дар минтақаи гузаргоҳи оянда дар марз бо Чин шурӯъ карданд. Дар вилояти Абайи Қазоқистон, ки бевосита бо Чин ҳамсарҳад аст, сохтмони бандари мультимодалии «хушк» оғоз ёфт, хабар доданд дар маъмурияти минтақа.

Бандари «хушк» дар минтақаи гузаргоҳи оянда сохта мешавад, ки сеюмин гузаргоҳи роҳи оҳан байни ду кишвар хоҳад буд. Дар баробари ин, дар вилоят ба таъсиси маркази боркашонӣ дар заминаи фурудгоҳи Семей шурӯъ карданд, ки ҳарду лоиҳаро як ширкат амалӣ мекунад. Ин имкон медиҳад, ки ҷараёнҳои иловагии транзитӣ тавассути тақсимоти самараноки борҳо байни якчанд нуқтаҳои вуруд ба ҷумҳурӣ ҷалб карда шаванд. Ваъда додаанд, ки ҳарду   иншооти логистикӣ дар як вақт — соли 2029 ба кор медароянд.

***

Узбекистон фаъолона ба хатсайри Транскаспий  шомил мешавад. Узбекистон ба таври мунтазам ба Хатсайри байналмилалии нақлиетии Транскаспий (ё Долони миёна), ки кишварҳои Осиё ва Аврупоро ба ҳам мепайвандад,  ворид мешавад.

Тавре дар хабари  Хадамоти матбуоти Ҳукумати Қазоқистон гуфта шудааст, дар натиҷаи ташрифи роҳбарони ду кишвар ба Бандари Оқтов, маъмурияти роҳҳои оҳани Қазоқистон ва Узбекистон вазифадор шудаанд, ки нақшаи муштараки афзоиши интиқолро таҳия кунад. Дар ҳамин ҳол, соли 2025 ҳаҷми интиқоли бор аз Узбекистон тавассути бандарҳои Қазоқистон дар баҳри Каспий аллакай беш аз 60% афзоиш ефтааст.

ДАР ҶАҲОН

Президенти Русия дар бораи гузариш ба гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар  ҳамлу нақли бор дастур дод. Дар сомонаи Кремл рӯйхати супоришҳое нашр шудааст, ки Президенти Русия Владимир Путин дар натиҷаи машварат бо аъзои Ҳукумат, ки ҳанӯз 23 июн баргузор шуда буд, тасдиқ кардааст. Аксари ин супоришҳо ба гузариш ба гардиши ҳатмии ҳуҷҷатҳои электронӣ дар интиқоли бор, ки 1 сентябри соли 2026 ба нақша гирифта шудааст, дахл доранд.

Аз ҷумла, ба Ҳукумати  ФР супориш дода шудааст, ки лоиҳаи санадеро омода кунад, ки дар ҳолатҳои муайян имконияти интихоби намуди ҳуҷҷатҳо, инчунин як қатор номаҳои иттилоотӣ, тавсияҳои методӣ ва ғайраро барои шарҳи ҳамаи нуқтаҳои баҳсбарангез  фароҳам морад.                                                      

***

Литва назорати мошинҳои боркаши кишварҳои сеюмро пурзӯр кард. Кормандони Маъмурияти Литва оид ба бехатарии нақлиёт (LTSA) ба тафтиши интиқолдиҳандагон аз кишварҳои сеюм диққати бештар медиҳанд, хабар медиҳад Trans.Info.

Ин барои таъмини шароити баробар барои ҳамаи интиқолдиҳандагони Литва ва кафолат додани он, ки интиқолдиҳандагони дар кишварҳои сеюм ба қайд гирифташуда иҷозатномаҳои заруриро барои сафар дар қаламрави Литва доранд, роҳандозӣ шудааст.

Яке аз ҳадафҳои санҷиши воситаҳои нақлиёти боркаши кишварҳои сеюм  санҷиши риояи талаботи созишномаҳои байналмилалӣ ҳангоми интиқоли байналмилалии борҳо мебошад.

***

Гумрукчиёни Беларус ба санҷиши мавҷудияти рухсатнома дар постгоҳҳои дохилӣ шурӯъ карданд. Аз 25 июл дар Беларус қарори Шӯрои вазирон ба ҳукми иҷро даромад, ки ба тартиби назорати гумрукӣ тағйирот ворид мекунад.

Аз ҷумла, мақомоти гумрук ҳуқуқ пайдо карданд, ки мавҷудияти  рухсатномаҳоро барои интиқоли байналмилалӣ дар нуқтаҳои дохилии барасмиятдарории гумрукӣ  санҷанд.

Ин дигаргунӣ нисбати воситаҳои нақлиёте, ки аз қаламрави кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕАЭС), яъне тавассути марз бо Русия ворид мешаванд ва дар қаламрави Беларус борашонро мефароранд, амал мекунад.

Интизор меравад, ки тағйирот назорати интиқоли байналмилалии автомобилро тақвият диҳад.

***

Туркманистон ва Озарбойҷон ба системаи eTIR мегузаранд. Ин ду кишвари ҳамсоя аввалин ҳамлу нақли транзитиро тавассути системаи eTIR анҷом доданд,  хабар медиҳад Хадамоти давлатии гумруки Туркманистон.

Дар доираи лоиҳаи озмоишӣ аллакай ду хатсайри «Озарбойҷон Туркманистон Узбекистон», инчунин аз Туркманистон ба Туркия тавассути транзит  аз қаламрави Озарбойҷон санҷида шудааст. Азбаски сарҳади табиии байни ду кишвар Баҳри Каспий аст, интиқол инчунин бор кардани мошинҳо ба паромҳо ва «китф»- и баҳрро дар бар мегирад.

«Истифодаи системаи байналмилалии ҳамлу нақл (eTIR)  дар формати рақамӣ мубодилаи маълумотро байни мақомоти гумруки якчанд кишвар суръат мебахшад, мӯҳлати интиқоли борро коҳиш медиҳад ва амалиёти тиҷоратиро дар маҷмӯъ  сода мегардонад», — гуфта мешавад дар хабари Хадамоти давлатии гумруки Туркманистон.

«Ин ташаббус яке аз аввалин лоиҳаҳое буд, ки дар доираи он байни идораҳои гумруки ду давлат, ки дар гузаргоҳи байналмилалии нақлиетӣ байни Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҷойгиранд, табодули мустақими иттилоот оид ба ҳамлу нақли автомобилии транзитӣ ба роҳ монда шуд», — гуфта шудааст дар иттилоияи идора.

***

Дар соли 2026 Чин нақша дорад, ки беш аз 10 ҳаракати транзитӣ ба Аврупо тавассути Роҳи баҳрии шимолӣ анҷом диҳад. Дар давраи навигатсияи соли 2026, Чин нақша дорад, ки ҳадди аққал 10 ҳамлу нақли транзитӣ ба Аврупоро тавассути Роҳи баҳрии шимолӣ (РБШ) анҷом диҳад. Дар ин бора, тавре ТАСС навиштааст, Директори генералии «Росатом» Алексей Лихачев ба хабарнигорон изҳор дошт.

Ҳамзамон, дар ин сол Чин ҷуғрофияи киштиҳоро дар долони арктикӣ васеъ карда, ба бандари Архангелск боз як бандари Русияро дар Мурманск илова мекунад. Ҳамаи ин ба рушди Роҳи баҳрии шимолӣ ҳамчун роҳи транзитӣ мусоидат хоҳад кард. Бахусус, ки Кореяи Ҷанубӣ низ ба омӯзиши фаъоли  долони  нақлиётӣ шурӯъ мекунад.

Ёдовар мешавем: Чин аввалин ҳамлу нақли транзитии худро ба бандарҳои Аврупо тавассути Роҳи баҳрии шимолӣ тирамоҳи соли гузашта анҷом дода буд. Он вақт киштӣ аз бандари Нинбои Чин то Феликстави Бритониё дар 20 рӯз, қариб ду маротиба тезтар аз роҳи анъанавии Канали Суэтс,  расида буд. Дар доираи ин ҳаракат киштии контейнеркаш инчунин ба Роттердам, Гамбург ва Гданск ворид шуда буд.

***

3-5 августи соли 2026 дар шаҳри Маскав Саммити V байналмилалии нақлиётӣ баргузор шуд. Дар он беш аз 200 вакил аз 43 кишвар ва 61 шаҳри ҷаҳон ширкат варзиданд, менависад портали интернетии ИДМ.

Дар байни иштирокчиён намояндагони ИДМ, Осиё, Шарқи Наздик, Африқо ва Амрикои Лотинӣ ба қайд гирифта шуданд.

Дар доираи саммит стратегияҳои рушди шаҳрҳо, ҳалли вазифаҳои муҳими нақлиётӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаҳои нақлиёту саноат,   аз ҷумла, роҳҳои рушди қатораҳо ва трамвайҳои муосир, ҷорӣ кардани дронҳо ва роҳандозии хизматрасониҳои рақамии қулай барои мусофирон муҳокима карда шуданд.

Инчунин дар саммит лоиҳаи байналмилалии UrbanTransportData баррасӣ карда шуд. Ин платформаи махсусест, ки дар он шаҳрҳои калон омори нақлиётро бо ҳам мубодила мекунанд. Ба лоиҳа аллакай 32 метрополия, аз ҷумла Пекин, Сан-Паулу, Бангкок ва Ханой ҳамроҳ шудаанд. Мубодилаи маълумот ба метрополияҳо кӯмак мекунад, ки якҷоя стандартҳои нақлиёти шаҳрии оқилона ва қулайро эҷод кунанд.