Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

«КАРТОТЕКА» НАЗОРАТ МЕКУНАД. Вазорати нақлиёт тасмим гирифтааст, ки ба низоми нави рақамии ҳисобу китоби маблағу воситаҳо гузарад

Санаи нашр: 11-08-2026 Просмотрено: 145

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди рақамисозиро фаъолона рушд дода, системаҳои муосири иттилоотиро дар соҳаи роҳу нақлиёт ҷорӣ менамояд. Дар доираи ин стратегия гузариш ба низоми электронии баҳисобгирии маблағу воситаҳо бо номи «Картотека» ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин бора дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи вазорат оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввал ва вазифаҳо барои давраи минбаъда хабар дода шуд. Ҷаласа 10 июли соли равон таҳти раёсати Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим баргузор шуд.

Ба Раёсати молия ва баҳисобгирии муҳосиботии вазорат супориш дода шуд, ки дар нимсолаи дуюм тақсимоти маблағ, маводи сӯхт ва равғанҳои молиданӣ, қисмҳои эҳтиётӣ ва дигар  воситаҳоро тавассути картотекаҳои электронӣ ба роҳ монад.

Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» муваззаф гардид, ки низоми нав, ташкили омӯзиш ва истифодаи онро барои ҳамаи муассисаҳо ва корхонаҳои соҳаи роҳу нақлиёт ба роҳ монад.

Моҳияти низоми нав дар эҷоди пойгоҳи мутамаркази рақамии маълумот мебошад, ки имкон медиҳад ҳаракати захираҳо: аз ворид шудани маблағгузорӣ то аз ҳисоб баровардани қисмҳои эҳтиётӣ ё сӯзишвории сарфшуда ба таври электронӣ пайгирӣ карда шавад. Ин бояд шаффофият ва самаранокии истифодаи маблағҳои буҷетиро афзоиш ва хатари сирқат ё хароҷоти ғайримақсаднокро коҳиш диҳад.

Низоми мазкур на танҳо дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёт, балки муассисаҳои тобеи он, корхонаю ташкилотҳои роҳу нақлиётро низ дар бар хоҳад гирифт.

Дар ҷаласа инчунин таъкид карда шуд, ки ҷорӣ кардани «Картотека» раванди фаврӣ нест: дар маҳалҳо лоиҳаҳои озмоишӣ ё танзими функсияи модул  вақт талаб мекунанд.

Ин иқдом як қисми стратегияи  фарогири Вазорати нақлиёти ҶТ оид ба ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар соҳаи нақлиёт мебошад. Дар доираи ин кор аллакай варақаҳои электронии сафар ва дигар хизматрасониҳои рақамӣ барои интиқолдиҳандагон  мавриди истифода қарор дода шудаанд. Акнун  вазорат бояст нармафзори мувофиқро интихоб кунад, омӯзиши кормандонро роҳандозӣ намояд ва ҳамгироии низоми навро бо системаҳои дигар иттилоотӣ, ки аллакай дар  вазорат истифода мешаванд,  ба танзим дарорад.

Бояд тазаккур дод, ки аз 30 модули рақамисозӣ, ки Вазорати нақлиёт муайян сохтааст, айни замон 13 модул, аз қабили масирсозӣ, системаи мониторинги GPS/GLONASS/BAIDU, тарозуи динамикӣ ва статсионарӣ, шиносномакунии электронии роҳҳо, мукотибаи электронӣ, платформаи ягонаи идоракунии системаҳои нақлиёт, иҷозатномадиҳӣ, сертификатсия, мубодилаи рухсатномаҳо барои ҳамлу нақли байналмилалӣ, харитаи электронии дороиҳои роҳ ва иншооти сунъӣ, шиддатнокии ҳаракат ва модули ҳуқуқвайронкуниҳо дар нақлиёт дар марҳилаи таҳия, тарҳрезӣ ва роҳандозӣ қарор доранд.