- Роҳҳо бояд бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраргардида ва ҷавобгў ба талабот сохта шаванд, то солиёни дароз ба мардум хизмат карда тавонанд ва номи ҳар кадоми шумо дар таърих хоҳад монд, - гуфт вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим ба сохтмончиёну роҳсозони лоиҳаи «Таҷдид ва сохтмони шоҳроҳи Ҳулбук – Темурмалик - Кангурт», ҳангоми боздид аз рафти корҳои сохтмонӣ дар роҳи мазкур.
Вазири нақлиёт сафари кориро аз километри 36 – уми роҳи автомобилгарди Душанбе – Ваҳдат – Кўлоб оғоз намуда, дар ҳар минтақа бо сохтмончиён ва коргарони роҳ суҳбату мулоқот анҷом дода, баҳри беҳбудии кор дастуру супоришҳо дод.
Бояд қайд кард, ки лоиҳаи сохтмони роҳи Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт 58,570 километрро ташкил дода, аз ду қисмат иборат аст. Қисмати якуми он аз пайвастшавӣ ба роҳи автомобилгарди Гулистон – Кўлоб оғоз гардида, километрҳои 000 то 33 + 400 – ро дар бар мегирад ва ба категорияи 3-4 роҳҳо дохил мешавад. Роҳи байни деҳаҳои ноҳияи Восеъ ва Темурмаликро мепайвандад.
Қисмати дуюми он то километрҳои 55+570 – ро дар бар гирифта, ба категорияҳои 4 дохил мешавад ва маркази Темурмаликро бо шоҳроҳи навбунёди Кангурт – Балҷувон – Ховалинг пайваст мекунад.
Вазири нақлиёт дар ҳар минтақаи сохтмон аз шароити кор аҳволи сохтмончиён огоҳ гардида, бо коргароне, ки ба сохтмони бино ва утоқҳои корӣ дар роҳи Темурмалик машғуланд, мулоқот намуд. Қайд гардид, ки дар биноҳои сохташаванда тамоми шароит муҳайё гардида, пас анҷоми сохтмон МДНРА – и ноҳияи Темурмалик метавонад аз он истифода барад.
Чунин бино дар роҳи ноҳияи Восеъ низ сохта мешавад. Сохтмони лоиҳаи мазкур моҳи июли соли 2021 оғоз гардида, бояд 31 декабри соли 2024 ба анҷом расад. Маблағгузораш Бонки Осиёии Рушд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар он 175 коргар ва 105 техника кор мекунанд.
Роҳсозон аз шароити кориашон қаноатманд буда, ба вазири нақлиёт ваъда доданд, ки дар сохтмон софдилона кор карда, онро босифат анҷом хоҳанд дод.