10 август дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони мақомоти марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея оид ба оғози расмии татбиқи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҳушманд дар шаҳри Душанбе» ҷаласаи корӣ доир гардид.
Дар ҷаласа намояндагони Вазорати нақлиёт, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ниҳодҳои дахлдори Вазорати корҳои дохилӣ, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе ва дигар вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафири Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати замин, инфрасохтор ва нақлиёти ҶК, Ассотсиатсияи паймонкорони байналмилалии Корея ва нигар ниҳодҳои дахлдори Ҷумҳурии Корея ширкат варзиданд.
Дар рафти ҷаласаи корӣ аз ҷониби Консорсиуми Донишкадаи нақлиёти Корея дар ҳайати ширкатҳои «Dong Myeong Engineering Consultants», «HD», Донишгоҳи Сеул ва Роҳи оҳани миллии Корея, ки татбиқи лоиҳаи мазкурро бар уҳда доранд, рӯнамо баргузор карда шуда, оид ба паҳлуҳои муҳими лоиҳа миёни намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея табодули афкор сурат гирифт.
Муовини якуми Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Неъматзода оид ба муҳиммияти татбиқи лоиҳаи мазкур дар шаҳри Душанбе, ҳамгироӣ намудани дастовардҳо ва хизматрасониҳои кунунии соҳаи нақлиёти пойтахт ба лоиҳаи мазкур изҳори назар намуда, иброз дошт, ки дар шароити рушди босуръати шаҳрҳо масъалаи ташкили низоми нақлиёти бехатар, самаранок, устувор ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ аҳамияти рӯзафзун пайдо намуда, аз ин лиҳоз, истифодаи технологияҳои ҳушманд, қабули қарорҳо дар асоси таҳлили маълумот ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири идоракунии ҳаракати нақлиёт яке аз самтҳои муҳими рушди пойтахти кишварамон ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ниҳодҳои дахлдори он корҳои муассире дар ин самт анҷом дода шудаанд, ки ба татбиқи лоиҳаи мазкур мусоидат хоҳанд намуд.
Зикр гардид, ки татбиқи лоиҳа, табодули дониш, таҷриба ва технология миёни мутахассисони Тоҷикистон ва Корея барои рушди иқтидори касбии мутахассисони соҳа ва ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи нақлиёти интеллектуалӣ заминаи устувор фароҳам хоҳад овард.
Дар поёни ҷаласаи корӣ Фаррух Неъматзода омодагии ҷониби Вазорати нақлиёт ва дигар ниҳодҳои дахлдори Тоҷикистонро барои ҳамкории зич ва суданманд дар татбиқи лоиҳаи болозикр иброз дошт.
Ёдовар мешавем, лоиҳаи «Рушди нақлиёти “ҳушманд” дар шаҳри Душанбе, солҳои 2026-2028», ки дар доираи консепсияи «Шаҳри ҳушманд» (Smart city) таҳия гардидааст, аз ҷониби Консорсиуми Донишкадаи нақлиёти Корея дар ҳайати Донишкадаи нақлиёти Корея, ширкатҳои «Dong Myeong Engineering Consultants», «HD», Донишгоҳи Сеул ва Роҳи оҳани миллии Корея ва дар ҳамкории зич бо мақомот ва ниҳодҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад.