Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Муовини якуми Вазири нақлиёт дар мулоқот бо ҳайати Корея вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ намуд

Санаи нашр: 12-08-2026 Просмотрено: 2976

10 август дар шаҳри Душанбе муовини якуми Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Неъматзода бо намояндагони Вазорати замин, инфрасохтор ва нақлиёти Ҷумҳурии Корея, Ассотсиасияи байналмилалии паймонкорони Корея ва Донишкадаи нақлиёти Корея мулоқот доир намуд. Дар мулоқот муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳмиддин Саломзода низ иштирок  кард.

Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳоро миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея дар соҳаи нақлиёт, бахусус миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати замин, инфрасохтор ва нақлиёти Ҷумҳурии Кореяро баррасӣ ва оид ба тавсеаи ҳамкориҳо, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва ҷалби сармоягузории Кореяи Ҷанубӣ ба соҳаи нақлиёт ва инфрасохториТоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.

Зикр карда шуд, ки бо назардошти таҷрибаи пешқадами Ҷумҳурии Корея дар  самти нақлиёт ва инфрасохтори нақлиётӣ ҳамкории ду кишвар ба рушди  ин соҳа дар Тоҷикитсон саҳми арзанда хоҳад гузошт.

Инчунин, дар ҷараёни мулоқот татбиқи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҳушманд дар шаҳри Душанбе» баррасӣ гардид. Тазаккур дода шуд, ки лоиҳаи мазкур солҳои 2026-2028 татбиқ гардида, дар рафти он ба масъалаҳои  беҳдошт ва инкишофи хизматрасониҳои нақлиётӣ бо истифода аз технологияҳои муосир, аз ҷумла дар самти мусофиркашонӣ, таъмини амнияти мусофирон ва дигар иштироккунандагони ҳаракат дар роҳ, истифодаи барномаи «Нақлиёти ҳушманд» (Smart Transport) ва ғайра таваҷҷуҳи махсус дода мешавад

Тавре муовини якуми Вазири нақлиёт иброз дошт, ба туфайли дастгирӣ ва таваҷҷуҳи роҳбарияти шаҳри Душанбе, хусусан Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори нақлиётӣ дар пойтахти кишвар марҳила ба марҳила рушду нумуъ карда истодааст. Аз ин лиҳоз, дар рафти  татбиқи лоиҳаи мазкур корҳои то ин замон дар ин самт  анҷом додашуда тақвият бахшида, рушди иқтидори касбии кормандони соҳаи нақлиёт оид ба идоракунии нақлиёти ҷамъиятии ҳушманд бо назардошти таҷрибаи пешқадами Ҷумҳурии Корея ба роҳ монда мешавад.

Ёдовар мешавем,, ки лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҳушманд дар шаҳри Душанбе» аз ҷониби Консорсиуми Донишкадаи нақлиёти Корея дар ҳайати Донишкадаи нақлиёти Корея, ширкатҳои «Dong Myeong Engineering Consultants», «HD», Донишгоҳи Сеул ва Роҳи оҳани миллии Корея, дар ҳамкории зич миёни мақомот ва ниҳодҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон амаль карда мешавад.