Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

ДАР РУСИЯ ПЛАТФОРМАИ ЯГОНАИ РАҚАМӢ БАРОИ БОРКАШОНӢ БА КОР ДАРОМАД. Оё он ба интиқолдиҳандагон аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳо низ дахл дорад?

Санаи нашр: 13-08-2026 Просмотрено: 2353

Дар Русия аз 1 марти соли 2026 «ГосЛог» – платформаи миллии рақамии нақлиётию логистикӣ ба фаъолият оғоз кард. Дар ин бора қарори Ҳукумати Федератсия Русия аз 14 феврали соли 2026  таҳти рақами 139  имзо шудааст.

Хонандагон аз мо мепурсанд, ки ин чӣ платформаест ва оё он ба интиқолдиҳандагони байналмилалӣ аз дигар кишварҳо таъсир мерасонад?

Тавре расонаҳои  Русия менависанд, ин як лоиҳаи давлатӣ ҷиҳати фароҳам овардани муҳити ягонаи рақамӣ барои тамоми соҳаи боркашонӣ дар кишвар аст. Яке аз ҳадафҳои лоиҳа ҷорӣ кардани гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар ҳама марҳилаҳои интиқоли бор тавассути нақлиёти автомобилӣ, баҳрӣ, дарёӣ, роҳи оҳан ва ҳавоӣ мебошад.

Баъди ба охир расидани давраи гузариш, бе ворид шудан ба феҳрист (реестр) ҳамчун экспедитор кор кардан мумкин нест. Барои кор бидуни бақайдгирӣ ҷаримаҳои маъмурӣ пешбинӣ шудаанд: барои шахсони мансабдор ва соҳибкорони инфиродӣ: 3 000 – 5 000 рубл, барои шахсони ҳуқуқӣ: 100 000 – 300 000 рубл. Бо вайронкунии такрории қонун ҷарима метавонад барои ширкатҳо то 1 000 000 рубл афзоиш ёбад.

Тавре Вазорати нақлиёти Русия шарҳ додааст, дар оянда платформа бо системаҳои давлатҳои дигар, ки Русия бо онҳо тиҷорати фаъоли байналмилалӣ дорад, ҳамгиро карда мешавад.

Яке аз натиҷаҳои калидии ташаккули «ГосЛог» бояд ҳамкории платформаҳои логистикии давлатии кишварҳои гуногун бошад, ки имкон медиҳад  интиқоли байналмилалӣ амалан  ба таври электронӣ пайгирӣ карда шавад.

Дар робита ба ин, хонандагон аз мо мепурсанд, ки оё ин платформа ба интиқолдиҳандагон аз кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон таъсир мерасонад ё не.

ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. «ГосЛог» то ҳол интиқолдиҳандагонро аз дигар кишварҳо маҷбур намекунад, ки дар системаи Русия сабти ном шаванд.

Агар сухан дар бораи интиқоли соф дохилӣ равад (яъне, бор танҳо дар Русия  интиқол ёбад), пас ба интиқолдиҳандаи хориҷӣ лозим нест, ки дар «ГосЛог» - и Русия сабти ном шавад.

Вале агар интиқол байналмилалӣ бошад (масалан, бор аз Тоҷикистон ба Русия тавассути дигар кишварҳои ИДМ интиқол дода шавад), масъала ранги дигар мегирад. Дар ин сурат платформа фазои ягонаи рақамиро эҷод мекунад ва дар оянда бояд бо системаҳои шабеҳи дигар кишварҳо (масалан, платформаҳои Узбекистон, Қазоқистон ё Беларус) ҳамгиро карда шавад. Яъне, ҳамкорӣ имконпазир аст, аммо он аз ҷиҳати техникӣ тавассути мубодилаи маълумот байни системаҳои давлатҳои гуногун амалӣ карда мешавад, на ба воситаи ворид кардани интиқолдиҳандаи хориҷӣ ба феҳристи Русия.

Дар амал, ин чунин маъно дорад: ҳангоми интиқоли байналмилалӣ, интиқолдиҳандаи хориҷӣ метавонад аз хизматрасониҳои рақамии «ГосЛог»    истифода барад (масалан, ҳуҷҷатҳои электронии ҳамроҳро тартиб диҳад), агар системаи ӯ аз ҷиҳати техникӣ ба шабакаи умумӣ пайваст бошад. Аммо маҷбур кардани интиқолдиҳандаи хориҷӣ ба «расман ворид шудан» ба феҳристи Русия ҳанӯз  иҷоза нест – ин масъалаи созишномаҳои дуҷониба ё бисёрҷониба оид ба мубодилаи маълумот мебошад.

Дар баробари ин, иштирокчиёни бозори ҳамлу нақл дар бораи он, ки чӣ гуна бояд ҳамоҳангсозии системаҳои рақамии нақлиётии кишварҳои ИДМ-ро барои шаффофтар ва зудтар кардани ҷараёни транзитии байналмилалӣ роҳандозӣ намуд, фаъолона муҳокимаронӣ мекунанд. Яъне дар оянда чунин ҳамгироӣ комилан имконпазир аст.