Дар ин бахш хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, раддабандиҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойгир карда мешаванд.
ДАР ТОҶИКИСТОН
Дар Душанбе рушди пардохти электронӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ баррасӣ шуд. 11 августи соли 2026 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ бахшида ба низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофиркашонии автомобилии истифодаи умумии Душанбе баргузор гардиданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Мулоқот дар доираи татбиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи васеъ намудани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» ва қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 31 июли соли 2017 дар бораи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таъмини дастрасии кортҳои нақлиётӣ ташкил карда шуд. Дар ин ҳамоишҳо кормандони вазорату идораҳои кишвар, инчунин кормандони дастгоҳи марказии Вазорати рушди иқтисод ва савдо иштирок карданд.
***
Дар пайи шикояти мусофирон дар вилояти Суғд, беш аз 6 ҳазор ронандаи нақлиёти ҷамъиятиро ҷазо додаанд. Дар ин бора Аваз Ҳоҷиев, намояндаи Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти ин минтақа 6-уми август зимни нишасти матбоутӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, 6 ҳазору 88 ронандаи мошинҳои мусофирбарро барои худсарона баромадан аз самтҳои муқарраршудаи ҳаракаташон бар асоси моддаи 323 қисми 1 КҲМ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
Ба иттилои ӯ, аз сӯи Раёсати мазкур дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳо дар шаш моҳи аввали соли равон 1 ҳазору 586 «рейд»-у санҷишҳо гузаронида шуда, ронандагони мошинҳо беш аз 481 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд.
***
Дар шаҳри Кӯлоб мумфаршкунии беш аз 6 километр роҳи дорои аҳамияти маҳаллӣ идома дорад. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб корҳои созандагӣ вусъати тоза гирифтаанд, хабар додааст хадамоти матбуоти дастгоҳи Раиси шаҳр.
Мумфаршкунии роҳи дорои аҳамияти маҳаллии шаҳр ба масофаи беш аз 6 километр идома дорад. Ин иқдом барои беҳтар намудани ҳолати роҳ, осон гардидани рафтуомади сокинон ва рушди инфрасохтори маҳаллӣ аҳамияти муҳим дорад.
«Роҳҳои маҳаллӣ яке аз бахшҳои муҳими инфрасохтор ба шумор рафта, беҳтар намудани ҳолати онҳо барои рушди иқтисодию иҷтимоии маҳал, дастрасии сокинон ба хизматрасониҳо ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ заминаи муносиб фароҳам меорад», омадааст дар хабар.
***
Дар Гулистон зиёда аз 700 метр роҳҳо асфалтпӯш карда шуданд. Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гулистон сокинон ва соҳибкорони ватандӯст дар маҳаллаи Адрасмон беш аз 700 метр роҳҳои марказиро асфалтпӯш карданд. Дар ин бора 16 август АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар дод.
Дар хабар гуфта мешавад, ки Адрасмон бо табиати зебо ва беназири худ, имкониятҳои бойи иқтисодӣ ва истеҳсолӣ дар марҳилаи нави рушд қарор дорад. Бо татбиқи тадбирҳои созанда ва рушди иқтидори саноатӣ, шаҳр метавонад дар ояндаи наздик ба яке аз ободтарин дар минтақа табдил ёбад.
Бояд зикр кард, ки барои ҷашн дар Адрасмон сохтмон ва таҷдиди 59 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Имрӯз қисми зиёди онҳо аллакай ба истифода дода шудааст.
ДАР МИНТАҚА
Ширкати SkyFru-и Қирғизистон парвози аввалини худро аз Бишкек ба Маскав анҷом дод. SkyFru нахустин парвози худро аз Бишкек ба фурудгоҳи Домодедовои Маскав анҷом дод. Ин аз тоблуи онлайнии ширкат бармеояд.
SkyFru парвозҳоро ба Маскав бо Boeing 737-300 се маротиба дар як ҳафта — чоршанбе, ҷумъа ва якшанбе анҷом медиҳад, хабар дод ТАСС 5 август бо истинод ба Вазорати нақлиёти Русия. Вақти тахминии парвоз чор соат аст.
Дар парвози аввали ширкати ҳавопаймоӣ аз Маскав ба Бишкек 147 мусофир ба қайд гирифта шуд, мушаххас гардид дар Вазорати нақлиёти ФР. Ин бори ҳадди аксари ҳавопаймо аст.
Ғайр аз SkyFru, парвозҳо байни Бишкек ва Маскавро боз чор ширкати ҳавопаймоии дигар иҷро мекунанд: «Аэрофлот» ва «Уралские авиалинии»-и Русия, инчунин Avia traffic ва Aero Nomad Airlines-и Қирғизистон.
***
Усули нав дар сохтмони роҳҳои Узбекистон. Сухан дар бораи лоиҳаи истифодаи «экоасфальт» дар сохтмони роҳҳои кишвар меравад, хабар медиҳад azh.kz.
Моҳияти технология дар он аст, ки баъзе намудҳои пластикии коркарднашаванда ба омехтаи стандартии асфалтбетон илова карда мешаванд. Чунин мавод, тибқи натиҷаҳои озмоишҳои лабораторӣ, бо устуворӣ (ба бор 2-3 маротиба бештар аз пӯшишҳои оддӣ тоб меорад) ва муҳофизат аз намӣ (ҳамагӣ 0,25% обро ба худ мекашад) фарқ мекунад.
Мақомоти Узбекистон ташаббусро тасдиқ карданд ва ба муаллифони лоиҳа супориш доданд, ки санҷишҳои иловагиро аз рӯи стандартҳои байналмилалӣ гузаронанд, то ин ибткорро ба ҳалли аз ҷиҳати иқтисодӣ фоидаовар табдил диҳанд.
***
Ҳангоми сохтмони роҳи автомобилгард ба Заводи асфалтбетони (ЗАБ) Кант технологияи ресайклинг истифода мешавад. Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Қирғизистон Талантбек Солтобоев дар ин ҷо бо рафти сохтмони роҳи автомобилӣ дар қаламрави заводи асфалтбетони Кант шинос шуда, ба бартариҳои технологияи ресайклинг диққати махсус дод. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Қирғизистон хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки асоси ин усулро коркарди асфалти кӯҳна бевосита дар ҷои худ бо ёрии техникаи махсус бо илова кардани шағал (сангрора) ва дигар маводҳои зарурӣ ташкил медиҳад. Дар натиҷа, пояи устувори роҳ ташаккул меебад, ки пас аз он қабати нави пӯшиши асфалтбетонӣ гузошта мешавад.
***
Қирғизистон ва Кореяи Ҷанубӣ ба татбиқи лоиҳаи нав дар самти рақамикунонӣ шурӯъ мекунанд. 4 август мулоқоти муовини Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Қирғизистон Кубаничбек Турғунбоев бо ҳайате таҳти роҳбарии сарвари лоиҳаи IEM –TASK-и кооператсияи электронии саноатии Корея (KEIC) Санг Ми Чой баргузор шуд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои татбиқи лоиҳаи «2026-2030 Корея – Қирғизистон: машваратҳо ва қарорҳои технологии Корея барои бахши табдили рақамӣ (IEM-TASK)» баррасӣ гардиданд.
Лоиҳа ба рақамикунонии инфрасохтори нақлиётӣ ва бахши истеҳсолӣ, ҷорӣ кардани технологияҳои муосир ва васеъ намудани ҳамкории Цирғизистон ва Корея равона шудааст.
Дар доираи лоиҳа рушди системаҳои идоракунии фурудгоҳҳо, автоматикунонии равандҳои коркарди бағоҷ ва логистика, ҷорӣ кардани системаҳои иттилоотӣ барои автобусҳо, таблоҳои электронӣ, истгоҳҳои ҳушманд, панелҳои рақамии иттилоотӣ, инчунин технологияҳои «фабрикаи ҳушманд» пешбинӣ шудааст.
***
Қирғизистон ва Швейтсария созишномаро дар бораи интиқоли бор тавассути нақлиёти автомобилӣ имзо карданд. 12 август дар Бишкек Қирғизистон ва Швейтсария созишномаро дар бораи интиқоли байналмилалии бор ва мусофирон тавассути нақлиёти автомобилӣ имзо карданд, хабар дод Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Қирғизистон.
Созишнома барои ташкили алоқаи мунтазами автомобилӣ байни ду кишвар замина мегузорад. Имзои он имкон медиҳад, ки ҳамкории нақлиётӣ байни Қирғизистон ва Швейтсария тақвият дода шавад, гардиши мол ва ҳаҷми ҳамлу нақли автомобилӣ афзоиш ёбад ва барои ду кишвар хатсайрҳои транзитӣ тавассути қаламрави якдигар таъмин карда шаванд.
ДАР ҶАҲОН
Вазорати нақлиёти Русия ният дорад, ки лоиҳаҳои трамвайҳои бесарнишин ва метроро васеъ кунад. Вазорат тасмим гирифтааст лоиҳаҳои ҷорӣ кардани нақлиёти ҷамъиятии бесарнишин, аз ҷумла трамвайҳо ва метроро васеътар кунад. Дар ин бора Вазири нақлитёти ФР Андрей Никитин дар ҷаласаи раёсати Шӯрои давлатӣ, ки Президент Владимир Путин баргузор кард, хабар дод.
Дар Маскав ва Санкт-Петербург аллакай трамвайҳои худмухтор ва қаторҳои метро санҷида мешаванд ва вазорат пешниҳод кардааст, ки ин таҷриба ба дигар намудҳои нақлиёт ва минтақаҳо паҳн карда шавад.
Илова бар ин, ба нақша гирифта шудааст, ки озмоиш бо автобусҳои бесарнишин дар шаҳр ва вилояти Маскав ва вилоят, Санкт-Петербург, Тотористон ва минтақаҳои Шарқи Дур оғоз карда шавад.
Вазорат инчунин барои таъсиси маркази салоҳиятҳо оид ба нақлиёти ҷамъиятӣ ҷиҳати рушди минбаъдаи системаҳои нақлиетӣ корбарӣ мекунад.
***
Мошинҳои барқии Чин дар Аврупо рекорди фурӯш нишон медиҳанд. Ҳаҷми фурӯши мошинҳои барқии чинӣ дар Аврупо ба сатҳи рекордӣ расид: дар панҷ моҳи аввали соли 2026 беш аз 171,8 ҳазор адад мошин фурӯхта шуд. Ҳиссаи онҳо дар бозори кишварҳои Аврупои Ғарбӣ ба 14,2% расид, хабар медиҳад The Guardian бо истинод ба маълумоти агентии таҳлилии Schmidt Automotive Research. Соли гузашта чунин нишондиҳанда 9,4 фоизро ташкил дод.
Коршиносон таҳрикдиҳандаи асосии афзоиши фурӯшро талаботи зиёд дар Бритоние — бозори асосии Аврупо барои мошинҳои чинӣ ва инчунин афзоиши хариди бесобиқаи мошинҳои чинӣ дар Италия меноманд.
***
Бо сабаби болоравии нархи бензин фурӯши «гибридҳо» (мошинҳои омехтае, ки бо бензин ё дизел ва барқ кор мекунанд) дар ИМА 20% афзоиш ёфт. Фурӯши мошинҳои гибридии Ҷопон ва Корея дар ИМА бар асари болоравии нархи нафт ба таври назаррас афзоиш ёфтааст, менависад Financial Times (FT).
Махсусан, ширкатҳо ба монанди Honda, Hyundai ва Toyota аз ин манфиат гирифтанд, ки 86% бозори гибридии ИМА-ро ташкил медиҳанд. Тибқи ҳисобҳои ширкати RBC Capital Markets, фурӯши мошинҳои гибридӣ дар ИМА дар моҳи июл 20% афзоиш ёфт, дар ҳоле ки дар маҷмӯъ фурӯши мошинҳо дар кишвар 1,5% коҳиш ёфтааст. Фурӯши гибридҳои Hyundai 62%, Toyota 22%, Honda 15% бештар шудаанд.
Тавре FT зикр мекунад, ширкатҳои осиёӣ ба таври анъанавӣ бисёр мошинҳои «гибридӣ» истеҳсол мекунанд, дар ҳоле, ки мошинсозони амрикоӣ чунин моделҳоро надоранд. «Гибридҳо» тавозуни қобили қабули истеъмолкунандагонро пешниҳод мекунанд», - гуфт сардори шӯъбаи таҳлили ширкати Edmunds Ҷессика Колдуэлл.
***
Дар ИМА Boeing 737 Max 7 пас аз қариб даҳ соли таъхир тасдиқ (сертификатсия) карда шуд. Идораи федералии авиатсияи граждании ИМА (FAA) тақрибан даҳ сол пас аз оғози таҳия сертификатсияи Boeing 737 Max 7-ро эълон кард.
Дар ин мақомот зикр карда шуд, ки тасдиқ натиҷаи «кори бисёрсола дар ҳалли масъалаҳои мураккаби техникӣ ва таҳлили дақиқи сохтори лайнер» буд. FAA таъкид кард, ки дар Max 7 такмилҳои асосӣ, аз ҷумла навсозиҳои нармафзори идоракунии парвоз, системаҳои огоҳкунии экипаж ва системаи такмилёфтаи зидди яхбандӣ мавҷуданд, ки аз гармшавии муҳаррикҳо пешгирӣ мекунанд.