19 август Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҶТ Го Чжитсзюн дар Душанбе дурнамои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтори нақлиётро баррасӣ карданд.
Дар вохӯрӣ инчунин Сардори Раёсати робитаҳои байналмилалӣ Нурулло Рӯзӣ, мудири шуъбаи кор оид бо сармоягузории хориҷии Вазорати нақлиёти ҶТ Муҳаммадзоир Кӯлобизода ва мушовири Сафорати Чин оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодӣ Сун Хэ иштирок карданд.
Ҷонибҳо нияти татбиқи тасмимоти роҳбарони олии ду кишвар – Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси ҶМЧ муҳтарам Си Ҷинпинро тасдиқ карда, ба фароҳам овардани шароити мусоид барои содда кардани амалиёти тиҷоратӣ ва робитаҳои башардӯстона байни ду давлати ба ҳам дӯст ва ҳамсоя тамаркуз намуданд.
Иштирокчиени мулоқот изҳор доштанд, ки таҳкими ҳамкорӣ ба ташаккули ҷомеаи дуҷонибаи дорои тақдири ягона мусоидат хоҳад кард ва татбиқи нақшаҳои пешбинишуда бояд робитаҳои нақлиётии минтақаро тақвият бахшида, самаранокии хатсайрҳои логистикиро баланд бардорад.
Ба ҳарчи зудтар оғоз бахшидани татбиқи лоиҳаҳои сохтмони роҳи автомобилгарди «Мурғоб – Қулма», таҷдиди гузаргоҳи сарҳадии «Қулма – Қаросу», бунёди роҳҳои бисёрқабата (эстакадаҳо) дар шаҳри Душанбе дар буриши кӯчаҳои «Абай – А. Қаҳҳоров», «А. Ҷомӣ – А. Қаҳҳоров», «Ҷанубӣ – А. Қаҳҳоров», пул дар болои дарёи Душанбе дар буриши кӯчаҳои «Ҷанубӣ – А. Қаҳҳоров», инчунин ҳар чи зудтар анҷом додани корҳо аз рӯи лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди «Қалаихумб – Ванҷ» таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим изҳор дошт, ки ҳаҷми боркашонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаш моҳи соли 2026 нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 ба андозаи 23,9 фоиз афзудааст.
«Дар робита ба ин, татбиқи саривақтии ин лоиҳаҳо барои ҳарду ҷониб ҳам аз ҷиҳати стратегӣ ва ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ муфид аст», – гуфт ӯ.
Сафири ҶМЧ Го Чжитсзюн зикр кард, ки ҷониби Чин низ ба таҳкими робитаҳои дӯстона бо Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатдор аст ва дар ҳарчи зудтар шурӯъ намудани татбиқи лоиҳаҳои дар боло зикршуда саҳми арзанда хоҳад гузошт.