Рӯзи ҷумъа, 21 август, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар ҳошияи Форуми байналмилалии саноати хӯрокворӣ дар Душанбе бо Раиси вилояти Гулистони Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиасғар Таҳмосбӣ мулоқот кард.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика мубодилаи афкор намуданд. Онҳо дурнамои мутақобиларо барои амиқтар кардани ҳамкорӣ дар ин самт муайян ва зарурати истифодаи фаъолонаи ин имкониятҳоро таъкид сохтанд.
Азим Иброҳим ва Алиасгар Таҳмосбӣ, аз ҷумла, масъалаҳои густариши ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва ба роҳ мондани парвозҳои мунтазамро миёни шаҳри Душанбе ва вилояти Гулистони Эрон баррасӣ карданд.
Бояд тазаккур дод, ки вилояти Гулистон дар шимолу шарқи Эрон ва дар самти ҷанубу шарқ аз баҳри Хазар ҷойгир шудааст. Маркази маъмурии музофот шаҳри Гургон аст, ки то соли 1937 Астаробод ном дошт.
Гулистон, ки соли 1997 аз вилояти Мозандарон ҷудо карда шуда буд, дар шимол бо Туркманистон ҳамсарҳад аст. Яке аз нуқтаҳои асосии сарҳадии байни ду кишвар Инче-Борун мебошад, ки ҳамчун нуқтаи муҳими ҳамлу нақл хизмат мекунад. Он бо роҳи оҳани Эрон пайваст аст.