Муҳлати амали маҳдудияти мавсимӣ барои мошинҳои боркаш дар ҳудуди пойтахт боз 11 рӯзи дигар тамдид карда шуд. Дар ин бора Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Дар хабари мақомот гуфта мешавад:
«Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба иттилои ронандагони воситањои наќлиёти боркаш мерасонад, ки бо мақсади таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии ҳаракат дар роҳ, нигоҳдории ҳолати роҳҳо ва дар доираи омодагӣ ва баргузории чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳлати амали маҳдудияти мавсимии ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаш дар ҳудуди шаҳри Душанбе то 11 сентябри соли 2026 тамдид карда мешавад.
Аз тамоми соҳибони воситаҳои нақлиёти боркаш эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки талаботи маҳдудияти мазкурро то санаи 11 сентябри соли 2026 риоя намоянд».
Ёдовар мешавем, ки қаблан Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳаракати нақлиёти боркаши гаронвазн дар роҳҳои мошингарди мамлакат то 31-уми августи соли равон маҳдудияти мавсимӣ ҷорӣ карда буд. Ин маҳдудият дар ҳаракати мошинҳои боркаши калонҳаҷм ва вазнин дар роҳҳои асфалтпӯш дар шароити ҳарорати баланди ҳаво амал мекунад. Тибқи маҳдудият дар ин давра ҳангоми зиёда аз 25 дараҷа гарм будани ҳарорати рӯзонаи ҳаво ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо вазни зиёда аз 6 тонна дар роҳҳои мошингарди қабати болоияшон мумфарш аз соати 10:00 то 20:00 иҷозат дода намешавад ва чунин воситаҳои нақлиёт метавонанд танҳо шабона ҳаракат намоянд.
Бояд зикр намуд, ки дар ҳолати вайрон кардани қоидаҳои муқарраршуда, ҷарима ба андозаи аз 50 то 70 нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ шудааст, ки он аз 3 ҳазору 900 то 5 ҳазору 460 сомониро ташкил медиҳад.