28 август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба кормандони касбу кори гуногун, собиқадорони меҳнат ва як гурӯҳ собиқ вакилони иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотҳои давлатӣ тақдим намуданд.
Дар оғози маросим Президненти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба ифтихори санаи муҳими таърихӣ — 35-умин солгарди истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфтанд. Сарвари давлат иброз доштанд, ки тадбирҳои бузурги созандагиву бунёдкорӣ маҳз бо саъйу талоши ватандӯстона ва заҳмати аҳлонаву созандаи мардуми шарифи Тоҷикистон анҷом дода шудаанд «Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳама гуна ташаббус ва амалҳои созанда истиқбол намуда, аз дастоварду хизматҳои шоён ҳамеша қадрдонӣ мекунад», – гуфтанд Пешвои миллат.
Зикр карда шуд, ки дар саросари кишвар барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки фаъолона ва саҳми аҳолӣ, бахусус соҳибкорони бонангу номуси ҷумҳурӣ, 35 ҳазору 300 иншооти таъиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст. Ин тадбир боис гардид, ки имрӯз симои ҳамаи шаҳру ноҳияҳо куллан дигаргун шуда, садҳо ҳазор ҷойи корӣ таъсис ва шароити зиндагии мардуми кишвар бамаротиб беҳтар гардад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эътимод иброз доштанд, ки 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистони биҳиштосо неруи тоза мебахшад.
Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаҳои илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», барои дастовардҳои баланди меҳнатӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, рушди илму фарҳанг ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ 162 нафар кормандони соҳаҳои илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аз дасти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — ордени Шараф дараҷаи 1, ордени Шараф дараҷаи 2, унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 2, унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон, унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, унвони фахрии Арбоби ҳунари Тоҷикистон, унвони фахрии Донори ифтихории Тоҷикистон, медали Хизмати шоиста, медали ҷашнии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техникаро гирифтанд.
Дар байни онҳо чанд нафар намояндагони соҳаи роҳу нақлиёт низ ба ин шараф дастёб гардиданд. Аз ҷумла, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, вазирони собиқи нақлиёти кишвар Абдураҳим Ашур, Олим Бобоев, Низом Ҳоҷиев, Шералӣ Ганҷалзода, Худоёр Худоёрзода бо медали ҷашнии «35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.
Як гуруҳ собиқадорони меҳнат ва собиқ вакилони Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои арзанда ва саҳми бузург дар рушди парламентаризми тоҷик бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд.
Зимни маросими мукофотсупорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бунёди неругоҳҳои обӣ, навсозӣ кардани неругоҳҳои амалкунанда, сохтмони ҳазорҳо километр роҳу нақб ва пулҳо, ҳазорҳо корхонаи истеҳсолӣ, даҳҳо ҳазор иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ ба мо маҳз ба шарофати истиқлоли давлатӣ муяссар гардид.
Ёдовар мешавем, ки 25 август низ дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияташон натиҷаҳои шоистаи таҳсин доранд, мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ тақдим намуданд.
Он рӯз 165 нафар кормандони соҳаҳои илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аз дасти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифтанд.
Аз ҷумла, барои фаъолияти самаранокашон намояндагони соҳаи роҳу нақлиёт Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Қурбонзода Далер Қурбон бо ордени «Шараф», дараҷаи 2 ва менеҷери минтақаи Зарафшон дар филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Бадриддин Содиқбек бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шуданд.