31 август – 1 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласам 25-уми Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон қарор доштанд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ хабар медиҳад.
31 август дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бишкек Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Девони вазирон – Роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Одилбек Қосималиев ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд. Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд.
1 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар мавзӯи «25 соли СҲШ: таҳкими субот, густариши ҳамкорӣ ва рушди минбаъдаи муштарак» иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар оғози суханронии худ Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раёсати Ҷумҳурии Қирғизистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай баҳои баланд дода, ба Сарвари давлати Қирғизистон Садир Ҷапаров барои меҳмоннавозии анъанавӣ ва сатҳи баланди ташкили ыаласа изҳори сипос намуданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон щамчун яке аз кишварҳои асосгузори «Панҷгонаи Шанхай» ва Созмони Ҳамкории Шанхай иштирокчии фаъоли дигаргунсозии онҳо буда, дар ташаккули созмон ва таҳкими эътибори байналмилалии он саҳми назаррас гузоштааст.
Сарвари давлати мо бо ёдоварӣ аз тақвияти зиддиятҳои глобалии геополитикӣ ва низоъҳои минтақавӣ, афзоиши таҳдидҳои терроризму экстремизм, радикализм ва дигар чолишҳо таъкид намуда, таъкид доштанд, ки таъмини амният дар чунин вазъият равишҳои муассиртарро талаб мекунад.
«Дар робита ба ин, қадами воқеӣ ҳарчи зудтар ба кор андохтани Маркази зидди маводи мухаддир ва Маркази универсалии муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳои амниятӣ мебошад», – изҳор доштанд Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Сарвари давлати мо бори дигар зарурати ҳалли ҳамаи низоъҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла дар Ховари Миёна ва атрофи Ҷумҳурии Исломии Эронро бо воситаҳои сиёсиву дипломатӣ таъкид карданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдории қатъии Тоҷикистонро ба пешбурди минбаъдаи рӯзномаи ҷаҳонии сулҳу субот таъкид сохта, ба сарони давлатҳои шарик барои дастгирии ташаббуси кишвари мо ҷиҳати эълони «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» изҳори сипос намуданд.
«Афзалияти дигар ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ боқӣ мемонад», – изҳор доштанд Сарвари давлати мо ва илова намуданд, ки мебояд ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт ва транзит, инчунин кишоварзӣ такони иловагӣ бахшида шавад.
Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа Эъломияи Бишкек қабул ва 28 ҳуҷҷат имзо карда шуд. Дар байни онҳо Нақшаи амал («Харитаи роҳ») оид ба рушди бандарҳо ва марказҳои логистикии давлатҳои узви СҲШ барои солҳои 20262030 низ ҳаст.
«Харитаи роҳ», ки стратегияи ҳамкории давлатҳоро дар ин соҳа барои давраи аз соли 2026 то соли 2030 муайян мекунад, дар доираи Консепсияи қаблан қабулшудаи ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ дар соҳаи рушди бандарҳо ва марказҳои логистикӣ таҳия гардидааст. Он ба мусоидат ба пешрафти иқтисодӣ тавассути рушди хизматрасониҳои дастрас, самаранок ва бехатари нақлиётӣ ва логистикӣ, ки эҳтиёҷоти дохилӣ ва байналмилалиро дар асоси адолат ва ҳамкории мутақобилан судманд таъмин мекунанд, равона карда шудааст.
Вазифаҳои асосии ҳуҷҷат аз инҳо иборатанд:
– ҳавасмандгардонии рушди иқтисодии кишварҳои аъзо;
– баланд бардоштани самаранокӣ ва дастрасии хизматрасониҳои нақлиётӣ-логистикӣ;
– таъмини эҳтиёҷот ба ҳамлу нақл нақлиёт ҳам дар дохили минтақа ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ;
– ҷорӣ намудани принсипҳои адолат ва назардошти манфиати тарафайн.
Рӯйхати калонтарин бандарҳо ва марказҳои логистикии дар қаламрави давлатҳои аъзои СҲШ ҷойгиршуда тартиб дода шудааст, ки барои рушди шабакаи ягонаи нақлиётӣ асос хоҳанд шуд.
Ҳамчунин 1 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ дар мавзӯи «СММ ҳамчун унсури калидии низоми одилонаи ҷаҳонӣ: саҳми давлатҳои СҲШ+ дар ташаккули ҷаҳони бисёрқутба» иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар ҷаласаи 25-уми Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ дар Бишкек (31 август — 1 сентябри соли 2026) ва дар ҷараёни як қатор вохӯриҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақлиёт ва логистика яке аз мавзӯъҳои калидӣ буданд.
Дар ҷараёни сафар Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон муҳтарам Никол Пашинян, Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди, Дабири кулли СММ муҳтарам Антониу Гутерреш, Фиристодаи махсуси Президенти ИМА оид ба Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Серджио Гор ва сенатори ИМА аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон, узви Кумитаи сенат оид ба энергетика ва захираҳои табиӣ Стив Дейн мулоқот доир намуда, инчунин дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои VI ҷаҳонии кӯчмандон иштирок карданд.
Ёдовар мешавем, ки СҲШ 15 июни соли 2001 дар Шанхай (Чин) таъсис ефтааст. Аз лаҳзаи таъсисёбӣ ба ҳайати он Русия, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон дохил мешаванд. Соли 2017 ба онҳо Покистон ва Ҳиндустон низ ҳамроҳ шуданд. Ҷумҳурии Исломии Эрон 4 июли соли 2023 узви нуҳуми Созмони Ҳамкории Шанхай гардид.