Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳаи нақлиёт дар соли 2021 дар Вазорати нақлиёт рўзи 17 феврал нишасти хабарӣ доир гардид, ки дар он намояндагони васоити ахбори оммаи ватаниву хориҷӣ ишторк доштанд.
Хабарнигорон оид ба мавзўҳои марбути соҳа, аз ҷумла сохтмону таҷдиди роҳҳо, танзими ҳаракати нақлиёт дар шаҳр, нархи роҳкироҳ, таъмиру таҷдиди роҳҳои маҳалӣ, вазъи мусофирбарӣ бо қатораҳо, фаъолияти пажуҳишгоҳҳои илмии соҳа, танзими ҳаракати нақлиёти гаронвазн, мониторинги роҳҳо ва ғайра пурсишҳо ба амал оварда, аз ҷониби вазири нақлиёт Азим Иброҳим посухҳои қонеъкунанда гирифтанд.
Маълумоти муфассал аз рафти нишасти матбуотӣ дар ҳафтаномаи «Нақлиёт» чоп мешавад.