Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

ДАР ЧАНД САТР. Рӯйдодҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон

Санаи нашр: 04-09-2026 Просмотрено: 2190

Дар ин бахш хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, раддабандиҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойгир карда мешаванд.

ДАР ТОҶИКИСТОН

Somon Air парвозҳои мустақимро аз Душанбе ба Минск оғоз кард. Ширкати ҳавопаймоии Somon Air 29 август парвозҳои мустақимро байни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Беларус  шуруъ намуд, иттилоъ додааст Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хатсайри нав, ки дар арафаи ҷашни 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон кушода шуд, ба рушди робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сайёҳӣ ва фарҳангии байни кишварҳо мусоидат намуда, сафарҳои шаҳрвандонро осон мекунад.

Дар аввали моҳи август, парки ҳавопаймоҳои Somon Air бо Boeing 737-8 MAX пурра карда шуд. Харидории боз як чунин навъи ҳавопаймо    моҳи сентябр ба нақша гирифта шудааст.

Ширкат инчунин ният дорад, ки ҳавопаймоҳои навро барои кушодани самтҳои нави байналмилалӣ, аз ҷумла, Душанбе-Сеул, Душанбе-Пекин ва Душанбе–Лондон истифода барад.

***

Дар Тоҷикистон аввалин сехи истеҳсоли ранги хока барои аломатгузорӣ  дар рӯи роҳҳои автомобилгард ба истифода дода шуд. Бори аввал дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Парки инноватсионии саноатӣ-технологии шаҳри Левакант» сехи истеҳсоли рангҳои хока барои аломатгузории уфуқии роҳ  мавриди истифода қарор гирифт.

Фаъолияти сехи мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рафти сафари корӣ ба шаҳри Левакант 26 август оғоз ниҳод, иттилоъ миедиҳад Хадамоти матбуоти Сарвари давлат.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як моҳ 15 тоннаро ташкил медиҳад  ва тамоми ашёи хоми зарурӣ аз дохили кишвар интиқол дода мешавад.

Пештар қисми зиёди чунин маҳсулот ва ашёи хом барои истеҳсоли он аз хориҷа ворид карда мешуд. Дар оянда истеҳсоли ватанӣ имкон медиҳад, ки талаботи соҳаи роҳро ба маҳсулоти истеҳсоли маҳаллӣ таъмин кунад ва вобастагии худро аз воридот коҳиш диҳад.

Бояд зикр кард, ки истифодаи рангҳои босифат барои гузоштани аломатҳо роҳ ба бехатарии ҳаракат дар  роҳ мусоидат мекунад. Хатҳои дурахшон ва ба таъсири омилҳои экологӣ тобовар ба ронандагон ва дигар истифодабарандагони роҳ кӯмак мекунанд, ки самти ҳаракатро дуруст муайян кунанд, хусусан дар вақти шабона ва дар шароити номусоиди обу ҳаво.

ДАР МИНТАҚА

Дар Қазоқистон нахустин парвози ҳавопаймои мусофирбари бесарнишин  сурат гирифт. Дар Остона бори аввал ҳавопаймои мусофирбари бесарнишин   озмоиш карда шуд. Вазири нақлиёти Қазоқистон Нурлан Сауранбаев мусофири ягонаи он буд. Ҳавопаймо аз болои қаламрави иҷозатдодашудаи пойтахт гузашт, Хабар Медиҳад TENGRINews.

Ин парвоз аввалин қадами амалӣ барои  оғози ҳамлу нақли мустақили ҳавоӣ дар Қазоқистон гардид. Лоиҳаро ширкати Allur дар якҷоягӣ бо EHang ва QazTehna амалӣ мекунад. Ин шарикӣ бо созишномае, ки соли 2025 ба имзо расидааст, мустаҳкам карда шудааст.                                                  

***

Дар Қирғизистон 1208 километр роҳҳо асфалтпӯш карда шудаанд. То 19 августи соли 2026 дар қаламрави ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 1208 километр роҳ асфалтпӯш карда шудааст, хабар медиҳад Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Қирғизистон. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб ду баробар зиед аст.

Аз ҷумла, то 19 августи соли 2025 қариб 597 километр роҳҳо асфалтпӯш карда шуда буданд, дар ҳоле ки ин нишондиҳанда имсол то ба 611 километр зиёд шуд.

Афзоиши ҳаҷми сохтмон ва таъмири роҳҳо аз суръати баланди кор, ки ба беҳтар кардани инфрасохтор дар минтақаҳои кишвар ва баланд бардоштани дастрасии нақлиёт равона шудааст, шаҳодат медиҳад.

***

Дар  пойтахти Ӯзбекистон роҳи дуқабатаи пулакӣ бо арзиши 1 миллиард доллар сохта мешавад. Мақомоти Тошканд дар якҷоягӣ бо корпоратсияи чинӣ лоиҳаи бузурги инфрасохториро амалӣ мекунанд, ки ба коҳиш додани сарбории нақлиётии пойтахт равона шудааст. Дар ин бора Nuz.uz хабар медиҳад.

Лоиҳа сохтмони тақрибан 100 километр роҳи автомобилгарди дуқабатаро пешбинӣ мекунад.Арзиши тахминии он 1 миллиард  ташкил медиҳад.

Илова бар ин, дар доираи барнома сохтмони ҳафт нақби зеризаминӣ ва гузаргоҳҳои нави нақлиётӣ, 60 километр хатҳои ҷудошуда барои нақлиёти ҷамъиятӣ, инчунин таҷдиди 279 километр роҳҳои шаҳрӣ ба нақша гирифта шудааст.

Интизор меравад, ки татбиқи лоиҳа имкон  хоҳад дод инфрасохтори нақлиётии Тошканд ба таври назаррас беҳтар гардад, қобилияти интиқоли  шоҳроҳҳо баланд бардошта, вақти сафар барои ронандагон ва мусофирони нақлиёти ҷамъиятӣ кам карда шавад.                                                  

***

Дар Туркманистон роҳи автомобилгарди 600-километрӣ ифтитоҳ гардид. Дар арафаи 35–солагии Истиқлолияти Туркманистон қисми охирини шоҳроҳи баландсуръати «Ашқобод – Туркменабат» ба истифода дода шуд ва бо тантана  ифтитоҳ гардид.

Дарозии умумии роҳ ба 600 километр расида, шарёни ягонаи пурқуввати нақлиётии кишварро ташкил дод. Маълумотро 22 августи соли 2026 Arzuw.news бо истинод ба нашрияи «Нейтральный Туркменистан» паҳн нмудааст.

Шоҳроҳ Ашқобод, Теҷен, Марв ва Туркменободро бо ҳам пайваст намуда, ба шабакаи роҳҳои муосир хатсайрҳоеро дохил кард, ки қаблан аз Роҳи Бузурги Абрешим мегузаштанд. Қисми аввали роҳ бо дарозии 203 километр моҳи октябри соли 2021 ба истифода дода шуда буд.

Шоҳроҳ бо шаш хати ҳаракат, системаҳои нави бехатарӣ, пулҳо,  гардишҳои нақлиётӣ ва маҷмааҳои бароҳат барои ронандагон муҷаҳҳаз карда шудааст.                                                      

ДАР ҶАҲОН

Дар Русия аз 1 сентябр талабот ба таҷҳизоти автовокзалҳо тағйир меёбад. Автовокзалҳо ва автостансияҳо дар Русия аз 1 сентябри соли 2026 дигар ҳатман бо нуқтаҳои хӯрокхӯрии умумӣ ва ёрии тиббӣ муҷаҳҳаз карда намешаванд. Дар ин бора ТАСС 23 август хабар дод.

Нуқтаҳои ёрии таъҷилӣ аз рӯйхати объектҳои ҳатмӣ хориҷ карда шудаанд. Ба ҷои онҳо акнун қуттиҳои сайёри доруворӣ бо маҳсулоти тиббӣ ҳатмӣ мегарданд. Нуқтаҳои хӯрокхӯрии умумӣ низ аз талабот хориҷ карда мешаванд.

 Нуқтаҳои фурӯши чиптаҳо, толорҳо, утоқҳои модару кӯдак, ҳоҷатхонаҳо, камераҳои нигоҳдорӣ ва утоқҳои истироҳатӣ барои ронандагон, баръакс, ҳатмӣ боқӣ мемонанд.

Тағйироти дахлдор дар фармони Вазорати нақлиёти Федератсияи Русия, ки аз 1 сентябри ҳамин сол эътибор пайдо мекунад, муқаррар карда шудаанд.                                                

***

Ронандагон дар Амрико бар зидди мошинҳои бесарнишин  расман норозигӣ баён намуданд. Иттифоқи касабаи ронгандагони мошинҳои боркаши ИМА  талаб доранд, ки мошинҳои боркаши бесарнишин бо истифодва аз AI манъ карда шаванд, хабар медиҳад www.rosbalt.ru.

Дар ИМА иттифоқи касабаи ронандагони мошинҳои боркаш (Teamsters) нисбат ба танзимгарон даъвои судӣ пешниҳод карда, онҳоро дар ҷорӣ  намудани  мошинҳои боркаши гаронвазни бесарнишин дар роҳҳои истифодаи умумӣ айбдор кард.

Омили асосии эътироз тарс аз бекории оммавӣ мебошад. Иттифоқи Teamsters тахмин мезанад, ки гузариши маҷбурӣ ба мошинҳои бесарнишин танҳо дар муддати кӯтоҳ ҷойҳои кории беш аз 200 ҳазор ронандаи касбиро зери хатар мегузорад.

Далели дуюм ва муҳимтарини даъвогарон амнияти ҷамъиятӣ аст.