Дар арафи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯҳфаи чанде пеш қабулкардаашонро ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон супориданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст.
Туҳфаи мазкур як адад мусаввараи андозааш 145х175 см буда, дар маркази он тасвири Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наққошӣ шудааст. Ин туҳфа 29 октябри соли 2024, зимни маросими ифтитоҳи Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт», Маркази байналмилалии дипломатияи минтақавии нақлиётӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ», ки дар заминаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби роҳбарияти Вазорати нақлиёти мамлакат тақдим гардид.
Дар пасманзари мусаввараи Пешвои миллат дастовардҳои муҳимми роҳу нақлиёт дар замони соҳибистиқлолии мамлакат, ба монанди нақби «Истиқлол», роҳи оҳани «Душанбе – Бохтар – Кӯлоб», роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилалӣ, эстакадаи шаҳри Душанбе, кӯҳҳои осмонбус ва дигар бинову иншооти замонавӣ бо санъати баланди тасвирӣ инъикос гардидаанд.
Дар қисми болоии мусаввара чунин суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабт шудаанд: «ТОҶИКИСТОНИ ВОҲИД. Роҳҳо пайвандгари қалбҳо».
Ин туҳфа бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон тақдим гардида, ҳоло дар толори намоишии шуъбаи санъати тасвирӣ ва амалии Осорхона дар гӯшаи алоҳида тибқи муқаррароти осорхонавӣ ба маърази тамошо гузошта шудааст.