Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

НАХУСТИН БОР ДАР ТАЪРИХ ШАБАКАИ ЯГОНАИ НАҚЛИЁТИИ КИШВАР ТАШАККУЛ ЁФТ. Чунин иброз доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба 35- солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон

Санаи нашр: 10-09-2026 Просмотрено: 2116

«Сию панҷ соли соҳибистиқлолӣ возеҳан собит сохт, ки тоҷикон ҳамчун миллати фарҳангиву тамаддунсоз дорои хиради азалӣ, иродаи матин ва неруи бузурги созанда мебошанд», – изҳор намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар  ҳамоиши тантанавӣ ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 8 сентябр дар толори Театри миллии Тоҷикистон баргузор гардид. 

Сараввал Сарвари давлат кулли мардуми шарафманди Тоҷикистон ва ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзиамонро ба муносибати ин санаи бузурги таърихӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар як   хонадони мамлакат саломативу хушбахтӣ ва осоишу оромӣ орзу намуданд.

Пешвои миллат таъкид сохтанд, ки тамоми дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву иҷтимоӣ ва пешрафти устувори Тоҷикистон аз истиқлоли давлатӣ ва Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олӣ сарчашма мегиранд.

Тавре гуфта шуд, соҳибистиқлолӣ тақозо менамуд, ки дар кишвар ислоҳоти бунёдии конститутсионӣ амалӣ карда, санади олии ҳуқуқие қабул гардад, ки дар он ҳадафу ормонҳои миллӣ, асосҳои давлатдорӣ ва низоми сиёсии мамлакат муайян карда шаванд. 6-уми ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии   умумихалқӣ аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид.

Ба қавли Сарвари давлат, дар миёни собиқ ҷумҳуриҳои Шуравӣ Тоҷикистон яке аз нахустин кишварҳое буд, ки Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро бо раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд.

Дар раванди таҳкими соҳибихтиёри кишвар расидан ба истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат ҳамчун ҳадафҳои стратегии миллӣ муайян гардиданд.

Оид ба дастовардҳои таърихии кишвар дар даврони Истиқлоли давлатӣ ҳарф зада, Пешвои миллат, аз ҷумла, зикр намуданд, ки дар роҳи расидан ба ҳадафи  стратегӣ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон пешрафти назаррас таъмин гардид.

«Бо татбиқи лоиҳаҳои бузурги роҳсозӣ нахустин бор дар таърихи давлатдории тоҷикон шабакаи ягонаи нақлиётии кишвар ташаккул ёфта, Тоҷикистон, ки се минтақаи он ҳар сол зиёда аз шаш моҳ аз ҳамдигар ҷудо мемонданд, аз кишвари сепорча ба як қаламрави воҳид табдил дода шуд», – таъкид  карданд Сарвари давлат ва шарҳ доданд, ки  тайи даврони истиқлол дар соҳаи роҳу нақлиёт ба маблағи 30 миллиард сомонӣ 63 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардид. Дар натиҷа 3200 километр роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, 254 пул, 43 километр нақби нақлиётӣ ва дигар иншооти мураккаби роҳсозӣ бунёд гардиданд. Инчунин, 220 километр роҳи оҳан бо зерсохтори зарурӣ бунёд ва ба истифода дода шуд, ки иқтидори транзитии кишварро тақвият бахшид.

Илова бар ин, ба гуфтаи Пешвои миллат, аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 10 ҳазору 170 километр роҳҳои маҳаллӣ азнавсозӣ гардида, 273 пул бунёд ва ба истифода дода шуданд. Умуман дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби соҳибкорону шахсони саховатпешаи кишвар 15 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ азнавсозӣ ва 734 пул бунёд гардидаанд.

«Бо истифода аз фурсат, ба кулли шаҳрвандони кишвар, соҳибкорони бонангу номус ва шахсони саховатпеша барои саҳми арзандаашон дар ободонии Ватани азизамон миннатдории самимӣ изҳор менамоям», – изҳор намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.