Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

АМАЛИЁТИ «АВТОБУС». Бозрасии давлатии автомобилӣ нақлиёти мусофирбарро месанҷад

Санаи нашр: 18-09-2026 Просмотрено: 155

Дар саросари Тоҷикистон 14 сентябр амалиёти пешгирикунандаи «Автобус» оғоз пазируфт. Он то 23 сентябри соли 2026 идома меёбад. Дар ин бора Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар додааст. 

Мақсади асосии амалиёт пешгирии садамаҳои нақлиётӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии мусофирон, санҷиши ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт ва пурзӯр кардани назорат аз болои риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мебошад. Амалиёт дар доираи тадбирҳои мақсадноки «Назорат» гузаронида мешавад.

Дар давраи амалиёт кормандони  Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) назорати нақлиёти мусофирбарро пурзӯр мекунанд. Аз ҷумла, риояи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳолати техникии автобусҳо, сифати хизматрасонӣ ба мусофирон ва иҷрои дигар талаботи муқарраршуда санҷида мешавад.

Дар ҷараёни санҷиш ба танзим даровардани ҳаракати нақлиёти мусофирбар ва таъмини бехатарии мусофирон диққати махсус дода мешавад.

БДА инчунин роҳбарони корхонаҳо ва ташкилотҳои мусофиркашониро даъват кард, ки ҳолати хуби техникии нақлиётро таъмин сохта, қоидаҳои ҳаракат ва интизоми роҳро риоя  намоянд. Ин ниҳод таъкид кард, ки таъмини бехатарии мусофирон ва пешгирии садамаҳои нақлиётӣ вазифаи умумии ҳамаи иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ мебошад.

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ронандагони нақлиёти мусофирбар ва роҳбарони корхонаву ташкилотҳое, ки ба мусофиркашонӣ машғуланд, даъват менамояд, ки талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» №1533 аз 17 майи соли 2018, Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон №1689 аз 2 апрели соли 2020 ва Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро, ки бо қарори Ҳукумати ҶТ № 323 аз 29 июни соли 2017 тасдиқ шудааст, амиқ омӯзанд ва дақиқ риоя намоянд.