Хабарҳо

slider_img

МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ МУБОРАК! Ба Роҳбари корхонаи филиали IRS дар минтақаи Суғд Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд

Санаи нашр: 23-09-2026 Просмотрено: 3276

22 сентябр Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар ҷараёни сафари корӣ ба вилояти Суғд дар филиали ширкати саҳомии байналмилалии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» (Innovative Road Solutions, IRS) дар минтақаи Суғд ба роҳбари корхонаи мум ва таҷҳизоти сангмайдакунии минтақавии ин ширкат Худодод Расулзода аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро супорид.

Худодод Расулзода бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаҳои илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои баланди меҳнатӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, рушди илму фарҳанг ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ» ба ин мукофот сазовор гардонида шудааст.
Вазири нақлиёт Азим Иброҳим инчунин аз Идораи хоҷагии роҳҳои автомобидлгарди вилоят дидан карда, бо ҳайати кормандони он суҳбат намуд. Вазир ба роҳсозон барои кори босифаташон миннатдорӣ баён намуда, бо ҳолати техникаи нигоҳдории роҳҳо шинос шуд ва дастур дод, ки пешакӣ ба мавсими зимистон омода шаванд: ташхиси қубурҳои обгузар ва дигар унсурҳоеро, ки кор дар айёми сардӣ аз онҳо вобаста аст, ба роҳ монанд, захираи омехтаҳои зиддилағжиш, реагентҳо, маводи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданиро таъмин созанд.