Бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт 22-23 сентябри соли 2026 дар Пекин, пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин, Форуми ҷаҳонии нақлиёти устувор (Global Sustainable Transport Forum, GSTF) баргузор гардид.
Дар ҳамоиш, ки Вазорати нақлиёти ҶМЧ ва Маркази ҷаҳонии инноватсия ва илм дар соҳаи нақлиёти устувор (Global Sustainable Transport Innovation and Knowledge Center, GSTIKC), доир намуданд, намояндагони вазорату идораҳои кишварҳои манфиатдор, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, сафирони давлатҳои хориҷӣ дар Чин, соҳибкорон ва олимон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Кишвари моро дар Форум Директори Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои логистикӣ» - и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ашӯрзода намояндагӣ кард.
21 сентябр Ф. Ашурзода дар ҷаласаи мансабдорони баландпояи Форуми ҷаҳонии нақлиёти устувор иштирок ва суханронӣ намуд.
Зикр карда шуд, ки нақлиёт шарёни ҳаётан муҳимест, ки дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳамаи кишварҳо нақши асосӣ, пешрафта ва ёрирасон дорад. Мусоидат ба рушди устувори нақлиёт дар сатҳи глобалӣ барои таъмини фаъолияти устувор ва бемамониати марказҳои логистикӣ ва занҷирҳои таъминот, инчунин рушди иқтисодӣ ва тиҷоратии кишварҳои ҷаҳон аҳамияти калон дорад.
Маросими расмии ифтитоҳи GSTF 22 сентябр баргузор гардид.
Форум бо мақсади ташкили системаи бехатар, самаранок, экологӣ ва фарогири нақлиёт гузаронида шуд. Дар он масъалаҳои тавсеаи ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи нақлиёт, тақвияти ҳамбастагии системаҳои нақлиётӣ, гузариш ба нақлиёти афзалиятноки «сабз», дастгирии таҳвили соҳавӣ бо ёрии зеҳни сунъӣ, таъмини дастрасии умумӣ ба хизматрасониҳои нақлиётӣ муҳокима карда шуданд.
Дар форум Барномаи чаҳорчӯбаи рушди устувори ҷаҳонӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт пешниҳод гардид.
Ин нахустин чунин ҳамоиш дар Пекин нест. Форуми мазкур қаблан солҳои 2023 ва 2024 низ баргузор шуда буд. Соли 2024 форум намояндагони 26 кишварро ҷамъ овард ва аз рӯи натиҷаҳои он ҳуҷҷати «Нигоҳи Пекин» қабул карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки солҳои 2026-2035 аз ҷониби СММ «Даҳсолаи нақлиёти устувор» эълон карда шудаанд, ки ин аз аҳамияти муҳими форуми номбурда дарак медиҳад.