Новости

slider_img
slider_img

Густариши ҳамкориҳо бо Карея

Дата: 03-03-2022 Просмотрено: 3547

Рўзи 3-юми марти соли равон вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо  раиси Кумитаи иқтисодии ҳамкориҳои шимолии назди Президенти Ҷумҳурии Корея – Пак Ҷон Су мулоқот доир намуд.

Зимни вохўрӣ ҷонибҳо оид ба ҳамккориҳои миёни ду кишвар ва густариши ҳминбаъдаи онҳо табодули назар намуданд.

Нахуст, вазир аз ҳамкориҳои ду ҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, аз ҷумла, қайд кард, ки ташаббуси бевоситаи Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Корея, ҳамкориҳо миёни кишварҳо  дар солҳои охир дар сатҳи муносиб рушд ёфтааст. Мисоли чунин ҳамкориҳо, баргузории форумҳои сармоягузорӣ  мебошад, ки барои рушди бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт, аз ҷумла соҳаи нақлиёт аҳамияти хоса дорад.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва пешрафти  минбаъдаи онҳо баррасӣ гардида, бамасоили  рушди долонҳои нақлиётӣ, бунёди марказҳои логистикӣ, терминалҳои сарҳадӣ, бунёди роҳи оҳан ва дигар инфрасохтори зарурии роҳу нақлиёт таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.  Ҳамчунин оид ба масъалаи рақамикунонии соҳаи нақлиёт, харид ва истифодабарии нақлиёти барқӣ  (электромобил) низ изҳори назар карда шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо таклифҳо пешниҳод намуданд.