Хабарҳо

Blog

Озмуни «Зан- олиҳаи ҳусн» ҷамъбаст гардид

Санаи нашр: 01-03-2022 Просмотрено: 3364

Ба  пешвози Рўзи Модар дар Вазорати нақлиёт таҳти унвони «Зан- олиҳаи ҳусн» чорабинии  фарҳангӣ - озмун миёни бонувони маҷмааи нақлиёт баргузор гардид.

Ҳадафи гузаронидани озмун сайқалдиҳии маҳорат, истеъдод, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси  худогоҳию худшиносӣ миёни бонувони муассисаю корхонаҳои тобеи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар он аз ҳар сохтор як гуруҳ иборат аз панҷ кас, дар умум 11гуруҳ

- «Гурдофарид» (Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт), «Ҷило» ( Маркази татбиқи лоиҳаҳо ва таҷдиди роҳҳо), «Хуҷаста» (Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон), «Зан- бунёдкор» (КВД «Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ»), Бонувони «Бадахшон» (МД «ИХРА»-и ВМКБ), «Мумтоз» (КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»), «Суѓдиёна» (МД «ИХРА»-и  вилояти Суѓд), «Дуои модар» (МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ»), «Баҳори Рашт» (МД «ИХРА»-и Рашт), «Баҳори аҷам» (МД «Маркази татбиқи лоиҳаҳои Душанбе -  Чаноқ») ва «Чакан» (МД «ИХРА»- и Кўлоб» ҳунарнамоӣ карданд.

Ҳайати ҳакамон ҳунари иштирокдоронро баҳогузорӣ намуда, дар натиҷа ҷойи аввалро гуруҳи «Мумтоз» (КВД «Роҳи оҳани Ҷумҳурии Тоҷикистон»), ҷойи дуюмро гуруҳи «Хуҷаста» (Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва ҷойи сеюмро гуруҳи «Баҳори Рашт» (МД «ИХРА»-и Рашт соҳиб гаштанд.

Ташкилу баргузории ин чорабинӣ, яъне намоиши ҳунарҳои мардумӣ, нишоне аз арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ мебошад, ки дар Вазорати нақлиёт пайваста баргузор мешаванд.