News

slider_img
slider_img

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ Вазири нақлиёт бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Date: 05-10-2026 Просмотрено: 5176

5 октябр Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим кормандони соҳаи роҳу нақлиётро бо Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфт. Табрикоти Вазир имрӯз зимни ҳамоише, ки дар вазорат ба ифтихори ин санаи муборак доир гардид, ба самъи ҳозирин расонида шуд.

Дар зер матни  паёми шодбошии  Вазир пешниҳод мегардад.

Ҳамкасбони азиз, кормандони шарафманди маҷмааи нақлиёту роҳу нақлиёт!

Расо 17 сол пеш Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард ва он 5 октябри соли 2009 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ карда шуд.  Бинобар ин, тиқби Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола дар кишварамон 5 октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шавкат таҷлил карда мешавад.

Бо истифода аз ин фурсат ман ҳамаи шумо ва дар шахси шумо аҳли хонавода ва азизону наздикони шумо, тамоми мардуми шарифи кишвари азизамонро бо ин ҷашни миллӣ, ҳуввиятсоз ва ифтихоромез табрику  таҳният мегӯям!

Устод Садриддин Айнӣ дар мақолаи худ «Қавми тоҷик ва рӯзнома», ки  25 августи соли 1924 дар рӯзномаи «Овози тоҷик» дарҷ гардидааст, чунин менависад: «Ҳар шахс дар муддати зиндагонии худ ба бисёр воқеаҳо гирифтор мешавад, бисёр мусибатҳоро мебинад, бемор мешавад, даво меҷӯяд, ба мӯҳтоҷӣ меафтад... Дар ҳамаи ин корҳо ба воситаи забони худ чораҷӯӣ мекунад, дарди дили худро ба ҳар кас мефаҳмонад. Вой бар ҳоли он касе, ки дар дунё зинда асту забон надорад».

 Бунёди давлату  давлатдорӣ низ бидуни забони миллӣ ғайриимкон аст. Дар  сохтмони давлат забони миллӣ ба сифати шаҳсутун хизмат мекунад ва  муаррифи таърих, фарҳанг, расму русум, ахлоқу одоб ва афкори миллат шинохта шудааст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забонро ҳастии миллат арзёбӣ намуда, гуфтаанд: «Ҳастии забон гарави ҳастии миллат, худшиносиву худогоҳии миллӣ, замонати бақои фарҳангу тамаддуни он мебошад, зеро кулли ганҷинаи илмиву адабӣ ва фарҳангии миллат, пеш аз ҳама, ба василаи забон ҳифз мегардад».

Забони миллии мо – забони тоҷикии форсӣ аз забонҳои қадимаи ҷаҳон маҳсуб меёбад ва таърихи беш аз сеҳазорсолаи хаттӣ дорад. Он дар тӯли ҳазорсолаҳо дар доираҳои бузурги фарҳангӣ ташаккул ёфтааст.

Дар замони салтанат ё империяи Сомониён дар асрҳои 9-10, ки дар Хуросон ва Мовароуннаҳр доман паҳн карда, ҳудуди имрӯзаи Осиёи Марказӣ ва шимолу шарқи Эронро дар бар мегирифт ва пойтахташ Бухорои Шариф буд, забони тоҷикии форсӣ забони давлатӣ баргузида шуда буд.

Пас аз он, дар тӯли садсолаҳо, баъди аз байни рафтани Давлати Сомониён, аз ҷумла дар даврони салтанати шуравӣ, бо амри таърих, забони мо, ҳарчанд яке аз забонҳои расмӣ буд, ба ҳошия уфтод.

Ва танҳо дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикор ва кӯшишу эҳтимоми ватандӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ аз нав, баъди ҳазор сол, забони давлатӣ эълон карда шуд.

Дар бандҳои аввали Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз ҷумла,  чунин омадааст:

Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст.

Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода, ҳимоя ва рушди забони давлатиро таъмин менамояд.

Мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, вазифадоранд барои омӯхтани забони давлатӣ ва такмили забондонии кормандон шароит фароҳам оранд. 

Забони давлатӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад.

Ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати он ҳатмӣ мебошад 

Коргузории мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ сурат мегирад.

Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ таҳия ва қабул карда мешаванд. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба забонҳои дигар тарҷума карда мешаванд.

Дӯстон ва ҳамкорони арҷманд!

Хеле рамзист, ки Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Рӯзи мавлуди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои мидллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рост омадааст.

Зеро Сарвари давлати мо, пас аз ҳазор сол баъди Исмоили Сомонӣ,  ҳамчун ҳомии қатъии забони тоҷикӣ ибтикор кардаанд ва забони миллати моро дубора ба маснади олии худ шинондаанд. 

Аз нахустин солҳои роҳбариашон ба ҳайси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тоза нигоҳ доштани забони, эҳё намудани вожаҳо ва анъанаҳои арзишианди забони тоҷикӣ, рушд ва тавсеаи истифодаи он дар тамоми зинаҳои давлатдорӣ кӯшишу талош ба кор бурдаанд. Дар ин бора Пешвои миллат дар мулоқотҳои анъанавиашон бо аҳли зиёи мамлакат, ки беш аз чоряк аср боз ҳар сол дар айёми Наврӯз баргузор мешавад, таъкид мекунанд.

Соли 2007 Сарвари давлат бо фармони худ  соли 2008-ро Соли фарҳанг ва забони тоҷикӣ эълон карданд.

Соли 1998 бо ташаббус ва имзои мубораки Президенти маҳбуби кишварамон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қоидаҳои имлои забони адабии ҳозираи тоҷик» ба имзо расид.

Соли 2008 бо фармони дигари Пешвои миллат 5 октябр Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.

Солҳои соҳибистиқлолии кишварамон китоби хеле пурарзиш, таърихӣ ва мондагори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат» чоп ва дастраси хонандагон гашт. Ин асар ба 13 забони дигар низ, аз ҷумла ба русӣ, англисӣ, чинӣ, фаронсавӣ, куриёӣ, арабӣ, ҳиндӣ тарҷума ва нашр шудааст.   

Бо назардошти ин ва бо итминони қавӣ метавон гуфт, ки ба туфайли ҷасорат, матонат ва корномаҳои таърихӣ ва ватанпарваронаи худ номи фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори номи Куруши Кабир ва Исмоили Сомонӣ бо ҳарфҳои заррин ба китоби таърихи миллати мо ворид шуда, ҷовидон хоҳад монд.

Сарвари давлати мо борҳо зимни мулоқоту суханрониҳояшон зикр кардаанд, ки миллати тоҷик миллати кӯчак ва Тоҷикистон кишвари кӯчак нестанд ва чунин гуфтану навиштан раво нест. Ва хеле дуруст гуфтаанд.

Аввал ин ки, тавре Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанде пеш дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд: «Мо яроқи ҳастаӣ надорем, қудрати мо дар сарҷамъии миллат ва ваҳдат аст!».

Дигар ин ки, бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, феълан дар кишвари худамон 10,8 миллион аҳолӣ умр ба сар мебарад, ки қариб 83% онҳоро тоҷикон ташкил медиҳанд. Дар баробари ин, айни замон, дар ақсои олам беш аз 100 миллион тоҷик зиндагӣ мекунад. Чуноне Бозор Собир навиштааст:

Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,

Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.

То забон дорад, ватандор аст ӯ,

То забондор аст, бисёр аст ӯ.

Аз ин хотир забони тоҷикӣ барои худшиносии миллӣ рукни асосӣ ба шумор рафта, барои ҳар як тоҷик азизу муътабар мебошад. Танҳо ба василаи забони миллӣ мо таъриху фарҳанги худро пос дошта, пайванди хешро бо адабиёту фарҳанг ва илму дониши дар тӯли ҳазорсолаҳо офаридаи халқамон эҳсос карда метавонем.

Бо  забони шевои тоҷикӣ  садҳо ва ҳазорон бузургмардону нобиғагон дурри маънӣ суфтаанд ва осори безаволу мондагорро ба ояндагон мерос гузоштаанд.

Осори Одакмшушуаро Рӯдакии бузургвору устод Абулқосим Фирдавсӣ, Аттору Саноӣ, Саъдиву Ҳофиз, Мавлонои Балхиву Мавлоно Ҷомӣ ва садҳо нафари дигар, ки ҳанӯз чандин аср пеш навишта шудаанд, имрӯз барои мардуми мо дастрасу фаҳмо ва азизу гиромӣ мебошад. Ин осори ҷовидонаро, ки дар саросари  олам ҳамчун ганҷинаи адабиёти ҷаҳон шинохта ва эътироф кардаанд,  ҳар як фарзанди соҳибмаърифати миллат имрӯз ба осонӣ ва бе луғат мехонаду мефаҳмад.

Ин, албатта, мояи ифтихору сарфарозии мо – ворисони ин мероси бузурги маънавӣ мебошад.

Дӯстони азиз!

Бо назардошти ин, мо бояст ба забони модариамон пайваста ғамхорӣ  зоҳир намоем,  барои рушди минбаъдаи он ва поку беолоиш нигоҳ доштани ин забони ширину гуворо мунтазам саъю талош  варзем.

Дар асоси Нақшаи тадбирҳои амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» ва «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» дар Вазорати налиёт Комиссияи махсус таъсис дода,  Нақшаи тадбирҳои Вазорати нақлиёт  аз 24 июни соли 2022 таҳия ва тасдиқ гардидааст ва воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказӣ, муассисаҳо, корхонаҳо ва дигар ташкилотҳои тобеи Вазорат  муваззаф карда шудаанд, ки   тибқи он   тадбирҳои дахлдор андешанд.

Ҳамчунин бо мақсади зиёд намудани таваҷҷуҳи ҷавонон ба забономӯзӣ дар Вазорати нақлиёт курсҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба роҳ монда шудаанд. 

Ҳангоми ташкили озмунҳо барои ишғоли мансабҳои холӣ забондонии  довталабоон   ба инобат гирифта мешавад. Дар ҷараёни гузарондани санҷишҳо дар идораю муассисаҳо ба масъалаи пурра ва дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ бо забони давлатӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад.

Имрӯз масъалаҳои коргузорӣ, хусусан, мукотиба дар байни мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ, инчунин забони соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, воситаҳои ахбори омма, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, номгузорӣ ва ғайра ба забони давлатӣ таъмин гардидааст ва кор дар ин самт ҳамеша дар маркази диққати  роҳбарияти вазорат қарор дорад.

Мо ифтихор аз он дорем, ки забони тоҷикӣ ба арсаи байналмилалӣ баромада, имрӯз аз баландтарин минбарҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид садо медиҳад. 

Ҳамкасбони азиз!

Бори дигар ҳамаи шумо ва аҳли хонадонаторо  ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба шумо саодатмандиву осудагии рӯзгор ва дар роҳи ҳифзу рушди ин забони ширину шево комёбиҳо таманно менамоям.

Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи мавлуди Ҳомии забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муборак бод!