Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Дар Сеул байни КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва Корпоратсияи роҳи оҳани Корея шарномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд

Санаи нашр: 07-10-2026 Просмотрено: 2224

Дар Сеул байни Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва Корпоратсияи роҳи оҳани Корея (KORAIL) Шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, иттилоъ медиҳад КВД  «РОТ».

Санади мазкур баъди мувофиқа бо муассиси корхона – Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 15 сентябри соли равон дар доираи Конфронси байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор — GICC 2026 дар шаҳри Сеул, пойтахти Ҷумҳурии Корея ба имзо расонида шуд. Тибқи он идораҳои роҳи оҳани Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ҳамкориро дар соҳаи роҳи оҳан густариш медиҳанд.

Инчунин дар Сеул мулоқоти сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Мирзоалӣ Комил бо роҳбари Корпоратсияи роҳи оҳани Корея (KORAIL) ҷаноби Ким Тхе Син баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаи роҳи оҳан, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, табодули таҷриба ва омода намудани мутахассисонро баррасӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 15 сентябри соли 2026 Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар ҷаласаи сатҳи баланди бисёрҷонибаи Конфронси ҷаҳонӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор — GICC 2026, ки дар пойтахти Ҷумҳурии Корея бо иштироки намояндагони воломақом ва шарикони байналмилалӣ аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон баргузор гардид, иштирок намуд.

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сеул бо намояндагони Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Корея таҳти роҳбарии Директори генералӣ оид ба маблағгузории рушд Юнҷин Кан мулоқот анҷом дод. Зимни мулоқот Азим Иброҳим таъкид намуд, ки рушди инфрасохтори нақлиётӣ яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисодии кишвар ба ҳисоб рафта, нақлиёт дар густариши тиҷорат, ҷалби сармоягузорӣ ва таҳкими пайвастагии минтақавӣ нақши калидӣ дорад.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки айни замон бо дастгирии грантии Ҷумҳурии Корея  як қатор лоиҳаҳо ба маблағи умумии тақрибан 4,9 миллион доллари ИМА, аз ҷумла, омода намудани асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони роҳи оҳани «Ҷалолиддини Балхӣ–Панҷи Поён» то сарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, рушди маркази логистикӣ дар шаҳри Кӯлоб ва рушди минбаъдаи метрополитен дар шаҳри Душанбе  амалӣ шуда истодаанд.

Тавре Вазири нақлиёт изҳор дошт, Тоҷикистон манфиатдор аст, ки лоиҳаҳои мазкур аз марҳилаи таҳия ва омодасозӣ ба марҳилаи амалисозии воқеӣ гузаранд.  

Дар ин замина, ба гуфтаи Вазири нақлиёти ҶТ, яке аз вазифаҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди низоми муосир ва самараноки нақлиётӣ, баланд бардоштани иқтидори транзитии кишвар ва ташаккули пайвандҳои нави нақлиётӣ миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ мебошад. Сохтмони роҳи оҳани «Ҷалолиддин Балхӣ – Панҷи Поён» бо дарозии 51 км  лоиҳаи минтақавӣ мебошад, ки барои расидан ба ин ҳадаф мусоидат мекунад.