Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Дар Душанбе Намоишгоҳи якуми байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи СҲШ» баргузор мешавад

Санаи нашр: 19-10-2026 Просмотрено: 2141

19-20 октябри соли 2026 дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи СҲШ» бахшида ба 25-солагии Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор мешавад.

Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба рушди долонҳои нақлиётӣ, таҷдиди инфрасохтори логистикӣ ва рақамикунонии боркашонӣ дар қаламрави кишварҳои узви созмон диққати аввалиндараҷа медиҳад.

Намоишгоҳи аввали соҳавии «Нақлиёт ва логистикаи СҲШ» майдони муассир барои нишон додани иқтидори давлатҳои аъзо дар соҳаи нақлиёт, логистика, автомобилсозӣ, рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва технологияҳои муосири логистикӣ мебошад.

Иштирок дар намоишгоҳ ба ширкатҳо имкон медиҳад, ки фаъолияти худро муаррифӣ намоянд, шарикони нави тиҷоратӣ пайдо кунанд ва ҳамкориро густариш диҳанд.

Мавриди зикр аст, ки аз 19 - 20 октябр дар Душанбе ҷаласаи сарони ҳукуматҳои  кишварҳои узви СҲШ, инчунин ҷаласаи Гурӯҳи кории СҲШ оид ба нақлиёт ва логистика ба нақша гирифта шудааст.

Тибқи маълумоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, баргузории намоишгоҳ ва ҷаласа бояд ба таҳкими ҳамкориҳои амалӣ, рушди робитаҳои корӣ байни идораҳои  соҳавӣ ва ҷомеаи соҳибкорӣ, инчунин пешбурди ташаббусҳои муштарак дар соҳаи нақлиёту логистика мусоидат намояд.

Барои иштирок дар намоишгоҳ ширкатҳои давлатҳои аъзои СҲШ, инчунин давлатҳои шарик ва нозирони назди СҲШ даъват карда шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки 1 сентябри соли 2026 дар саммити навбатии СҲШ дар Бишкек Нақшаи тадбирҳо оид ба рушди бандарҳо ва марказҳои логистикии кишварҳои узви созмон барои солҳои 2026ғ2030 тасдиқ гардид ва раёсати СҲШ дар солҳои 2026-2027 аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон гузашт.

                    

АКС: Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон