Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

ДАР ПАРТАВИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Гурӯҳи кории байниидоравӣ ҷиҳати пешгирии садамаҳо бо иштироки мошинҳои боркаш таъсис дода шудааст

Санаи нашр: 22-10-2026 Просмотрено: 4116

Солҳои охир дар Тоҷикистон даҳҳо нафар қурбони як қатор садамаҳои бузург бо иштироки мошинҳои боркаш гардиданд. Бо ташаббуси Вазорати нақлиёти ҶТ, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат маъқул дониста шудааст, Гурӯҳи кории байниидоравӣ ҷиҳати муайян сохтани  сабабу оқибатҳо, инчунин андешидани чораҳои дахлдор барои пешгирии  чунин садамаҳои нақлиетӣ таъсис дода шуд.

Тайи чанд соли охир дар минтақаҳои кӯҳии кишвар, бо сабаби аз кор баромадани тормоз дар мошинҳои  боркаши гаронвазн ҳангоми аз баландӣ ба  поён ҳаракат кардани онҳо  (масалан, дар Кӯлоб дар соли 2023 ва дар роҳи «Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ» дар соли 2026) садамаҳои нақлиётӣ рӯй медиҳанд.

 Пас аз ҳар як ҳодиса тафтишот бо ҷалби коршиносон гузаронида, дар доираи  онҳо сабабҳои техникии вайроншавии системаи тормоз, риояи қоидаҳои  муоинаи техникӣ ва иҷозат додани истифодаи нақлиёт бо норасоиҳои ошкоршуда муайян  мегарданд ва  гунаҳгорон, албатта,  ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, пешгирии садамаҳои нақлиётӣ ва мутобиқ намудани мошинҳои боркаши воридотӣ ба шароити роҳҳои кӯҳии ҷумҳурӣ тадбирҳои дахлдор меандешад.

Бо фармоиши Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2026 таҳти № 123 Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг, санҷиш ва арзёбии системаи тормоз ва қуттии автоматии ивазкунии ҳаракати  воситаҳои нақлиёти боркаш таъсис дода шудааст.

5 августи соли ҷорӣ дар ҷаласаи  Гурӯҳи корӣ, ки  бо иштироки намояндагони вазоратҳои нақлиёт, адлия, РБДА ВКД, Хадамоти гумрук ва Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати ҶТ, МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои логистикӣ» - и Вазорати нақлиёт ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ баргузор  шуд, таъкид гардид, ки аз меъёри муқарраргардида зиёд  намудани суръати ҳаракат, малакаҳои нокифояи идоракунии мошин ва ҳолати техникии воситаи нақлиёт омилҳои асосии ба амал омадани садамаҳои нақлиётӣ дар шароити кӯҳсор мебошанд.

Аз ҷумла, дар натиҷаи санҷиши воситаҳои нақлиёти боркаши воридотӣ, ки дар сохтмони иншооти калон кор мекунанд, муайян карда шуд, ки қисми зиёди ин воситаҳои нақлиёт бо системаи боздоштани ёрирасон (ретардер)  ва қуттии интиқоли автоматӣ (ҚИА) муҷаҳҳаз карда нашудаанд.

 Гурӯҳи корӣ пешбинӣ намудани талаботи ҳатмӣ барои муҷаҳҳаз кардани мошинҳои боркаш бо ин воситаҳои техннкӣ вобаста ба категория ва таъиноти онҳо, инчунин ба назар гирифтани ин талабот дар марҳилаи воридот, бақайдгирӣ ва санҷиши мувофиқати воситаи нақлиёт ба талаботи техникиро   зарур шуморид.

 Дар иртибот ба ин мавзуъ Вазарати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  масъалаҳои зерин таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд:

1.Бо мақсади пешгирии воридоти воситаҳои нақлиёти боркаше, ки ба шароити роҳҳои кӯҳистони Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ нестанд, масъалаи ворид намудани тағйироти дахлдор ба регламентҳои техникии амалкунанда оид ба бехатарии воситаҳои нақлиёти чархдор мавриди баррасӣ қарор дода шавад;

2. Барои категорияҳои дахлдори воситаҳои нақлиёти боркаш, вобаста ба таъинот ва шароити истифодабарии онҳо, талаботи ҳатмӣ  ҷиҳати бо системаи  тормози ёрирасон (ретардер)  ва/ё қуттии интиқоли автоматӣ муҷаҳҳаз будан пешбинӣ карда шавад;

3.Масъалаи таҳия ва қабули лоиҳаи қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷорӣ намуданип маҳдудият ё манъи воридоти воситаҳои нақлиёти боркаше, ки ба талаботи нави бехатарии техникӣ ҷавобгӯ нестанд, мавриди баррасӣ қарор дода шавад;

4. Вазорату идораҳои дахлдор вазифадор карда шаванд, ки дар доираи ваколатҳои худ барои таҳия ва мувофиқа намудани  талаботи техникии ягона  нисбат ба воситаҳои нақлиёти боркаш, аз ҷумла ҳангоми воридот, сертификатсия, бақайдгирӣ ва ба истифода додани онҳо ҳамкорӣ намоянд;

5. Вазорати нақлиёт дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук, Вазорати адлия, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Агентии стадартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани мониторинг, баҳодиҳӣ ва санҷиши  техникии воситаҳои нақлиёти боркаши воридотиро идома дода, натиҷаи ниҳоии онро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;

6.Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди қабул гардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор масъалаи ворид намудани профилҳои хавфи дахлдорро бо низоми ASYCUDA World барои назорати автоматии мавҷудияти  ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мутобиқати техникии воситаҳои нақлиёти воридшаванда таъмин намояд;

7. Фаъолияти Гуруҳи кории байниидоравӣ то таҳияи хулосаи ниҳоии техникӣ ва пешниҳодоти меъёрии ҳуқуқи идома дода шавад.

Ғайр аз ин, тавре пештар хабар дода будем,  16 октябри соли 2026 байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаи муштараки SAUDCONSULT – Saudi Consulting Services Co. Engineering Consultants (Шоҳигарии Арабистони Саудӣ) ва BARS Consulting LLC (Ҷумҳурии Тоҷикистон) шартнома оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои машваратӣ барои назорати корҳои сохтмонӣ ва баррасии лоиҳаи «Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб» ба имзо расонида шуд.

Ҳадафи асосии лоиҳа беҳтар намудани шароити ҳаракати воситаҳои нақлиёт, коҳиш додани сарбории нақлиётӣ дар кӯчаҳои шаҳри Кӯлоб, баланд бардоштани сатҳи бехатарии ҳаракат ва беҳтар намудани вазъи экологии шаҳр мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 чунин дастур додаанд: «Барои риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, пешгирии садамаҳои нақлиётӣ, ҳифзи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, баланд бардоштани фарҳанги ронандагӣ ва тозагии роҳҳо чораҳои муассир андешидан зарур аст».

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 декабри соли 2024 дар Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат зарурати на танҳо кам кардани шумораи садамаҳо бо иштироки воситаҳои нақлиёти боркаш, балки мутобиқсозии нақлиёти боркаш ба шароити мураккаби кӯҳиро таъкид намуданд.