Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) барои навсозии роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» ба Тоҷикистон то 55,4 миллион евро маблағгузорӣ хоҳад кард. Дар ин бора 28 октябр Вазорати молияи Тоҷикистон хабар дод.
Бастаи молиявӣ қарзи мустақилро дар ҳаҷми то 49,2 миллион евро барои навсозии қитъаи 56-километрии роҳ дар вилояти Хатлон пешбинӣ мекунад. Илова бар ин, барои татбиқи лоиҳаи роҳ гранти то 4,2 миллион евро ҷудо карда мешавад.
Интизор меравад, ки навсозии роҳ алоқаи нақлиётиро тамоми фаслҳои сол байни 19 маҳалли аҳолинишин таъмин кунад, ки дар онҳо тақрибан 6 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Айни замон, дар фасли зимистон ва баҳор, ин қитъа аз сабаби обхезии мавсимӣ барои рафтуои нақлиёт ва мусофирон, пешбурди тиҷорат ва сайёҳӣ монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунад. Лоиҳа инчунин барои баланд бардоштани устувории экосистемаҳо пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, андешидани тадбирҳои ҳифзи табиат, аз ҷумла усулҳои биоинженерӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Маблағҳои грантӣ ба эҳтиёҷоти гуногуни лоиҳа, аз ҷумла татбиқи он ва хидматҳои машваратӣ оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ равона карда мешаванд.
Бояд зикр кард, ки 27 октябр дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, уҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот карданд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ хабар дод.
Зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонк, рафти татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва имкониятҳои густариши ҳамкориҳои сармоягузорӣ баррасӣ гардид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бонкро яке аз шарикони муҳими Тоҷикистон дар рушди иқтисодиёт, инфрасохтор ва бахши хусусӣ номида, ба роҳбарияти он барои ҳамкории судманд изҳори сипос намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 11 сентябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон бо лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ «Балҷувон – Сари Хосор» шинос шуданд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ иттилоъ додааст.
Зикр гардид, ки роҳи мазкур яке аз лоиҳаҳои муҳимми инфрасохтори нақлиётӣ дар минтақа ба шумор меравад. Амалӣ шудани ин тарҳ имконият медиҳад, ки алоқаи доимӣ ва босифати нақлиётӣ байни деҳаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияҳои Балҷувон ва Сари Хосор таъмин гардида, шароити зиндагии аҳолӣ беҳтар ва имконияти иҷтимоиву иқтисодии минтақа густариш ёбанд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи беҳтарсозии роҳи мошингарди «Балҷувон – Сари Хосор» масофаи умумии 54,1 километр ва паҳноии 10 метрро дар бар гирифта, ба ду қитъа – Қитъаи «А» 30 км. ва Қитъаи «Б» 24,1 км. ҷудо карда шудааст.
Сабаби ба ду қитъа ҷудо намудани роҳи лоиҳавӣ ба ҳаҷми зиёди корҳо ва мушкилии вобаста ба иқлим рабт дода мешавад. Корҳои лоиҳакашӣ пурра ба анҷом расида, хулосаи мусбии экспертизаи давлатӣ низ гирифта шудааст.
Дар доираи лоиҳа, дар баробари навсозии роҳ ҳамзамон сохтмони пулҳо, қубурҳои обгузар, танбадеворҳо, корҳои соҳилбандӣ, сохтмони ҷӯйборҳои канори роҳ, роҳҳои пиёдагард, насби деворҳои ҳимоявӣ ва хатти равшанидиҳӣ ба нақша гирифта шудааст.
Маблағгузории сохтмони роҳ аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд анҷом меёбад.
Сарвари давлат зимни шиносоӣ бо лоиҳа таъкид доштанд, ки сохтмони босифату саривақтии роҳи мошингарди «Балҷувон – Сари Хосор» барои рафтуомади сокинон, самаранок истифода бурдани заминҳои кишт, истифодаи босамари ҷангалзор, ҷамъоварии ҳосили меваю сабзавот ва рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат менамояд.
Мавриди зикр аст, ки бунёди роҳи мошингарди «Балҷувон – Сари Хосор» дар ҷалби сайёҳони хориҷӣ, бунёди инфрасохтори сайёҳӣ ва рушди соҳа дар ин минтақаи баландкӯҳи кишвар, ки дорои табиати нотакрор ва назаррабо, олами ғании набототу ҳайвонот, шаршараю рӯдҳои хурӯшон, чашмаҳои шифобахш ва ёдгориҳои таърихӣ мебошад, заминаи устувор мегузорад.
Бояд тазаккур дод, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Балҷувон минтақаи сайёҳӣ эълон гардидааст, аз ин рӯ сохтмони роҳҳои мошингарди ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба муаррифии захираю иқтидорҳои сайёҳии Балҷувон, ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ин минтақаи баландкӯҳи кишвар мусоидат менамояд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни муаррифии лоиҳа зикр намуданд, ки рушди шабакаи роҳҳои маҳаллӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Зеро роҳҳо на танҳо воситаи муҳим барои алоқаи мардуманд, балки заминаи рушду шукуфоии деҳот, густариши робитаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ низ ба ҳисоб мераванд.
МАЪЛУМОТНОМАИ МО
Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, БАТР (англ.: European Bank for Reconstruction and Development, EBRD) муассисаи байналмилалии молиявист, ки соли 1991 таъсис ёфтааст. Қароргоҳи марказии он дар Лондон ҷойгир аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 яке аз аъзои БАТР мебошад.
БАТР аз соли 1993 дар Тоҷикистон фаъолият мекунад. Дар ин муддат бонк дар доираи 201 лоиҳа ба иқтисодиёти кишвар тақрибан 1,1 миллиард евро сармоягузорӣ кардааст.
Солҳои 2018 ва 2020 дар Душанбе, дар маҳаллаи 82-юм ва ноҳияи маҳаллаи Карияи Боло, бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ду эстакадаи сеқабата, ки бо маблағгузории БАТР ва дигар шанрикони рушд сохта шудаанд, ба истифода дода шуданд.
БАТР инчунин барои татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди «Душанбе — сарҳади Узбекистон», лоиҳаи сохтмон ва таҷдиди роҳи автомобилгарди «Роғун – Обигарм – Нуробод», ки долони асосии нақлиетӣ дар кишвар маҳсуб ёфта, Тоҷикистонро бо Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Чин мепайвандад, инчунин лоиҳаҳо барои ҳалли мушкилоти нақлиётӣ дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд маблағгузорӣ намудааст.
Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи сохтмон ва таҷдиди роҳи мошингарди «Роғун – Обигарм – Нуробод» бо назардошти саҳми он дар иқтисодиёт ва ҳамлу нақли аз ҷиҳати экологӣ тоза, инчунин яке аз беҳтарин намунаҳои лоиҳаҳои логистикӣ, ки аҳамияти онҳо дар солҳои охир афзоиш ефтааст, ба «Ҷоизаи Тиллоӣ»-и БАТР дар соли 2022 сазовор гардид.