Новости

Blog

Имзои Ёддошти тафоҳум бо Корея

Дата: 14-03-2022 Просмотрено: 3406

Санаи 14 марти соли 2022 дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати Роҳи оҳани миллии Корея оид ба сохтмони метро дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Ёддошти тафоҳумро вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва аз ҷониби ширкати Роҳи оҳани миллии Корея, Раис - директори иҷроияи Роҳи оҳани миллии Корея, ҷаноби Ким Ҳангёнг ба имзо расонидаанд.

Вазири нақлиёт қайд намуд, ки баимзорасонии тафоҳумномаи мазкур заминаи ҳуқуқӣ барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд фароҳам оварда, имкон медиҳад, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи ниҳодҳоямонро қавӣ намоем ва бо ин васила имконияти ҷалби ширкати Роҳи оҳани миллии Корея барои татбиқи дигар лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи нақлиётро, ки аҳамияти минтақавӣ доранд васеъ созем.