№ |
Номгӯйи мансаб |
Номгўйи категория |
Музди меҳнат (бо сомонӣ) |
1 |
муовини сардори Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳо |
Категорияи дуюм |
2256 |
2 |
сармутахассиси Раёсати таҳлил ва дурнамои иқтисодӣ |
Категорияи панҷум |
1380 |
3 |
сармутахассиси шуъбаи кор бо сармоягузории хориҷии Раёсати робитаҳои байналмилалӣ |
Категорияи панҷум |
1380 |
4 |
сармутахассиси Раёсати робитаҳои байналмилалӣ |
Категорияи панҷум |
1380 |
5 |
мутахассиси пешбари Шуъбаи рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёти Раёсати таҳлил ва дурнамои иқтисодӣ |
Категорияи шашум |
1124 |
6 |
мутахассиси пешбари Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус |
Категорияи шашум |
1124 |
7 |
мутахассиси шуъбаи кор бо сармоягузории хориҷии Раёсати робитаҳои байналмилалӣ |
Категорияи ҳафтум |
924 |
Талаботҳои тахассусӣ барои ишғоли мансабҳои зерин:
Барои муовини сардори раёсат - 5 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ,
сармутахассис - 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, мутахассиси пешбар - 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ,
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад,
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон, малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа;
- донистани Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба мансаби ишғолшаванда алоқаманд, забон, таърих, фарҳанг, ва муқаддасоти миллӣ, маҳорати суханронӣ, ифодаи фикр, кор бо технологияҳои электронии муосир ва забонҳои хориҷӣ.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.
Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:
- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотномаи тиббии шакли 038 УЕ;
- нусхаи шиноснома;
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
- маълумотнома оид ба доғи судӣ;
- нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА).
- нусхаи СИН
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо - шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ -14
Телефон барои тамос: 222-22-29, 222-22-03, почтаи электронӣ: info@mintrans.tj,
Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 21 рўз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул карда мешаванд.