Хабарҳо

slider_img
slider_img

Боздид аз қитъаи якуми лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Роғун - Обигарм –Нуробод

Санаи нашр: 24-04-2022 Просмотрено: 2827

       Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим 24 апрели соли равон аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар қитъаи якуми лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Обигарм - Нуробод боздид ба амал овард.

       Вазир зимни шиносоӣ аз 3 километри аввали қитъаи роҳи мазкур  бо масъулини ширкатҳои машваратчӣ - ширкати туркии “Themelsu”, назорати сохтмон - ширкати ҷопонии “Dai Nichi” ва паймонкор - ширкати чиноии “Hunan Roud and Bridge” суҳбати тахассусӣ анҷом дода, қайд намуд, ки таркиби хоки ин мавзеъ аз назари баҳодиҳии устувории хокшиносиву геологӣ ба категорияи хокҳои ноустувор дохил мешавад. Таъсири об ба ин намуди хок тез мерасад ва агар тадбирҳои  устуворсозии он рўи кор наоянд, тибқи меъёру қоидаҳои роҳдорӣ таъмини дарозумрии роҳ зери суол мемонад.

      Вазири нақлиёт  ба масъулини соҳа  ҷиҳати устувор гардонидани таҳкурсии роҳ ва шафати масири роҳи муайяншуда, анҷом додани корҳои иловагии мустаҳкамкунӣ, муайян кардани  мавзеъҳои ҷоришавии об дар ҷойҳои обгузар ва селпарто ҳангоми хобонидани облўлаҳо ва сохтмони новаҳои оҳану бетонӣ бо мошинҳои махсуси шиббакунак (каток) мустаҳкам кардани он дастурҳо дод ва илова кард, ки ҷоришавии об бояд тавре танзим шавад, ки ба таҳкурсии роҳ таъсир нарасонад. Ба кормандони Озмоишгоҳи ширкати “Муҳандисони роҳнамо”  супориш дод, ки ташхиси роҳи бунёдшавандаро мушаххас намуда, тамоми корҳои сохтмонӣ бо тавсияи онҳо бояд анҷом дода шаванд.

         Дар нақби “Қандак”, ки дарозии он 1,6 км-ро ташкил хоҳад дод, вазир ба мутасаддиён дастур дод, ки корҳои пармакуниву таркиширо тибқи дастурамал ё шиносномаи корҳои пармакунӣ иҷро намоянд ва ммуҳандисон бояд пайваста аз рўи он корро ба роҳ монанд.  Ҷойҳои дар замони Шўравӣ пармакардашудаи ин  мавзеъ дар 5 ҷой ҳолати воқеии таркиби ҷинсҳои куҳии минтақаро дақиқ инъикос намекунад.  Аз ин лиҳоз, вобаста аз ҳолати ҷинсҳои куҳӣ ҳангоми иҷрои корҳои имконсанҷӣ хулосаҳои тахассусӣ  бояд гирифта шаванд.

      Вазири нақлиёт ҳамчунин таъкид намуд, ки тибқи нишондиҳандаҳои  100 метри аввали нақб, 48 метри ояндаи он низ аз чунин намуди ҷинсҳои куҳӣ иборат мебошад, хатти шикасти ҷинсҳои куҳӣ ба назар мерасад ва тибқи маълумот, дар тўли нақб ҳамчунин дар 100 метри аввал 5 мавзеи шикасти ҷинсҳои куҳӣ собит шудааст, ки дар  ин мавзеъҳо танҳо бо истифодаи швелерҳои дутарафа корро бояд анҷом дод. Чунки кафолати таъмини бехатарӣ бо истифода аз ин усул бештар аст. Корҳои пармакуниву таркиширо тибқи дастурамал бо истифода аз усулҳои маъмул анҷом дода, кормандон бо воситаҳои ҳимоя аз газ таъмин карда шаванд. Истифодаи анкер танҳо дар мавзеҳои яклухти ҷинсҳои куҳӣ ба мақсад мувофиқ аст.

       Гузариши нақб  ҳангоми кор дар як рўз 2,25-2,50 метрро ташкил хоҳад дод, ки  ин ҷавобгўи талабот нест. Бо мақсади дар муҳлати пешбинишуда анҷом додани корҳои банақшагирифташуда гузариши рўзона бояд бештар аз 3-3,5 метр бошад.

    Вазири нақлиёт ба мутасаддиён барои босифат ва дар муҳлати муайяншуда анҷом додани корҳои банақшагирифташуда дастуру супоришҳои аниқ дода, иброз дошт, ки суръат бахшидани корҳо бе коҳиши сифат ҳам имкон дорад.