Хабарҳо

Blog

Таманниёти  вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ба ифтихори 25– солагии ҳафтаномаи «Нақлиёт»

Санаи нашр: 28-04-2022 Просмотрено: 3104

Муҳтарам аҳли ҳафтаномаи «Нақлиёт» ва хонандагони сершумори он.

     Рўзноманигорону муаррихон, кормандони васоити ахбор ва умуман фарҳангиён дар ҳама давру замон оинаи миллату таърих буданд. Бе воситаҳои   иттилоот ҳеҷ халқе соҳибтамаддун   нашудааст.

     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуле хуб таъкид карда буданд, ки «Матбуот чашму гўши халқ, муҳимтарин рукни ҷомеаи демократӣ мебошад ва ҷамъиятро аз бисёр нокомиҳо ва падидаҳои зараровар раҳо карда метавонад».

    Ҳукумати кишвар ва бавижа, Сардори давлат, ба хотири гуногунандешиву дастрасӣ ба манбаҳои иттилоот пайваста мусоидат намуданд, ки имрўз дар ҷумҳурӣ садҳо ҳафтаномаву маҷалла, нашриёту матбаа, радиову телевизион, интернет ва марказу агентиҳои дигар фаъолият доранд.

     Ҳафтаномаи «Нақлиёт», ки дар даврони Истиқлоли кишвар  таъсис ёфтааст, аз шумораи нахустинаш ҳадафмандона дар инъикоси муҳимтарин хабар ва рўйдодҳои кишвар марбут ба нақлиёт ва коммуникатсия саҳми бузург мегузорад.

    Аҳли қалами ҳафтанома ҳимоятгари сиёсати давлату ҳукумат дар самти раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ буда, барои ислоҳи камбудиҳо ва ҳифзи манфиатҳои Ватан содиқона хизмат мекунанд.

    Ба андешаи хонандагон ва коршиносон, ин ҳафтанома яке аз беҳтаринҳо дар миёни на танҳо рўзномаҳои соҳавӣ, балки дар қатори ҳама интишороти серхонандаву пешоҳанг ҷой гирифтааст. Кормандони ҳафтанома ҳама асноди ҳуқуқиро, ки ба соҳаҳои нақлиёту роҳдорӣ мансубанд ва аз ҷониби Ҳукумат ба тасвиб расида, аз тарафи намояндагони халқ пазируфта мешаванд, саривақт пешкаши хонандагон мегардонанд. Дар таҳияву омодасозии санадҳои ҳуқуқиву меъёрии соҳавӣ, барномаҳои рушд, таҳлилу таҳрири ҳуҷҷатҳои коргузории Вазорат, омўзишу таълими забони давлатӣ, баргузории семинару машваратҳо ва ғайра заҳмати кормандони ҳафтанома назаррас аст.

     Аҳли ҳафтаномаи «Нақлиёт» бо андешаи озод ва назари интиқоливу таҳлилӣ ба мавзўҳои матраҳшаванда даст зада, аксар вақт боиси ошкоршавии камбудиҳо ва ислоҳи онҳо мегарданд, ки ин дар навбати худ ба пешрафти кори соҳа мусоидат мекунад.

    Дар ҳафтаномаи «Нақлиёт» аз рўзи таъсиси он аксаран эҷодкорони чирадасту корозмуда ва адибони соҳибкитоб фаъолият доштанд. Онҳо дар соҳаҳои вобастаи Вазорати нақлиёт низ чанд китоби муфид офарида, ба дасти хонандагон супурданд.

     Хабарнигорони ҳафтанома дар ифтитоҳу ибтидои ҳама иншооти муҳим, ба мисли шоҳроҳу нақбҳо, пулҳои дохиливу байналхалқӣ, истгоҳу роҳҳои оҳан ва хатсайрҳои ҳавопаймоӣ бевосита ширкат варзида, барои хонандагон матолиби хонданбобу саривақтӣ ба чоп мерасонанд. Дар ин ҳафтанома ҳамчунин чандин мардони фарҳанг ва рўзноманигорони номвар фаъолият кардаанд ва аксарашон то имрўз бо он ҳамкорӣ доранд.

       Имрўз ҳафтаномаи «Нақлиёт» 25-сола шуд ва аз сайри таърихии он метавон суханҳои бисёр гуфт, валекин ин таърихи 25-сола пеши хонандагон тавассути матолиби чопшуда ошкору рўшан аст.

      Мо барои аҳли ҳафтанома пирўзиву сарбаландӣ ва дар ҷодаи хидмати холисона ба халқу Ватан табъи болидаву қалами гиро ва расидан ба қуллаҳои баландтари эҷодиро таманно мекунем.