Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

«Нақлиёт» - 25 сола шуд

Санаи нашр: 28-04-2022 Просмотрено: 2473

    Аз оғози нашри ҳафтаномаи соҳавии Вазорати нақлиёт «Нақлиёт» 25 сол сипарӣ гардид, ки аҳли кормандони ҳозираву собиқи нашрияро Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим табрик намуда, онҳоро бо ифтихорнома ва мукофот қадрдонӣ намуд.

    Вазири нақлиёт барои таъсиси чунин як ҳафтаномаи барои соҳа муҳим ва инъикосгардида таъриху фаъолияти соҳа нақлиёту роҳ ба бунёдгузорони он нахустмутахассис - Муҳаммад Ҳабибов, собиқ сармуҳаррирони ҳафтаномаи «Нақлиёт» Муҳтарам Ҳотам, Ато Мирхоҷа ва Ҳикмати Неъмат ҳамчунин ба аҳли қалами нашрия бо сарварии  сармуҳаррири  он Хандонгул Доробова барои тарғибу ташвиқи сиёсати нақлиётии кишвар арзи сипос намуд.

         Ҳафтаномаи «Нақлиёт» 25 – апрели соли 1997 ба ҳайси нашрияи соҳавии Роҳи оҳани Тоҷикистон бо номи «Роҳи умед» ба чоп расида, соли 2002 ҳамчун нашрияи Вазорати нақлиёт ба «Нақлиёт» табдили ном кард.

      Вазир ҳамчунин қайд кард, ки ба андешаи хонандагон ва коршиносон, ин ҳафтанома яке аз беҳтаринҳо дар миёни на танҳо рўзномаҳои соҳавӣ, балки дар қатори ҳама интишороти серхонандаву пешоҳанг ҷой гирифтааст. Кормандони ҳафтанома ҳама асноди ҳуқуқиро, ки ба соҳаҳои нақлиёту роҳдорӣ мансубанд ва аз ҷониби Ҳукумат ба тасвиб расида, аз тарафи намояндагони халқ пазируфта мешаванд, саривақт пешкаши хонандагон мегардонанд. Дар таҳияву омодасозии санадҳои ҳуқуқиву меъёрии соҳавӣ, барномаҳои рушд, таҳлилу таҳрири ҳуҷҷатҳои коргузории Вазорат, омўзишу таълими забони давлатӣ, баргузории семинару машваратҳо ва ғайра заҳмати кормандони ҳафтанома назаррас аст.

    Хабарнигорони ҳафтанома дар ифтитоҳу ибтидои ҳама иншооти муҳим, ба мисли шоҳроҳу нақбҳо, пулҳои дохиливу байналхалқӣ, истгоҳу роҳҳои оҳан ва хатсайрҳои ҳавопаймоӣ бевосита ширкат варзида, барои хонандагон матолиби хонданбобу саривақтӣ ба чоп мерасонанд.

     Дар фарҷом вазир  барои аҳли ҳафтанома пирўзиву сарбаландӣ ва дар ҷодаи хидмати холисона ба халқу Ватан табъи болидаву қалами гиро ва расидан ба қуллаҳои баландтари эҷодиро таманно намуд.

    Аҳли кормандони нашрия низ аз қадрдонӣ ва дастгириҳои пайвастаи вазири нақлиёт аз  рўзноманигорон ва кормандони ҳафтанома арзи сипос намуданд.