МУҲТАРАМ ҲАМКОРОН!
бо камоли эҳтиром Шуморо барои иштирок дар конференсияи байналмилалии
«ЛОГИСТИКА ВА АФЗАЛИЯТИ ОН ДАР РУШДИ РОБИТАҲОИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН БО ДАВЛАТҲОИ МИНТАҚА»
ки санаи 18-19-уми октябри соли 2022 дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, даъват менамоем.
Конференсияи мазкур бо мақсади мубодилаи иттилоотии илмӣ-амалӣ, пайдо намудани роҳҳои пешрафти техника ва технологияи навин дар соҳаи нақлиёт, рушди ҳамкориҳо дар татбиқи барномаҳои муштараки илмӣ ва инноватсионӣ, роҳандозии таҷрибаи ҷумҳуриявӣ дар самти пешбурди логистика ва боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани робитаҳои байналмилалӣ, баргузор мегардад.
Барои номнавис шудан ба конференсия бо линки зерин ворид шавед
Самтҳои кории конференсия:
Забони кории конференсия: тоҷикӣ ва русӣ.
Давомнокии маърӯза:
- баромади пленарӣ – 15-20 дақиқа;
- баромади сексионӣ – 10 дақиқа;
- гузориши стендӣ – 5 дақиқа.
ТАЛАБОТ НИСБАТИ ҲАҶМИ МАВОД
Ҳаҷми мавод то 4 (чор) саҳифа (на кам аз 2 саҳифа) буда ба намуди хаттӣ ё электронӣ то санаи 2 октябри соли 2022 ба шуъбаи рушди хизматрасониҳои логистикӣ, лоиҳаҳо ва равобити байналмилалии МД “НА ва ХЛ” пешниҳод намуда, инчунин мавод бо шакли электронӣ ба почтаи mintransconf@mail.ru фиристода мешавад. Пас аз санҷиши мақолаҳо аз тарафи мутахассисони соҳавӣ ва гирифтани тақризи мусбӣ мақолаи пешниҳодгардида нашр мегарданд. Матни мавод бояд бодиққат хонда шуда таҳрир шаванд. Барои чопи маводҳо муаллифон масъул мебошанд.
ТАЛАБОТ ОИД БА ТАРТИБИ ОРОИШИ МАВОД
Ҷадвалҳо бояд номгузорӣ карда шаванд. Зери ҳар расм ва болои ҷадвали объектҳои сохташуда ном ва рақамгузорӣ карда мешавад. Ҳар як расм ва ҷадвали овардашуда аз боло ва поёни матн як интервал фосила гузошта мешавад.
Суроғаи мо
734042. ш. Душанбе, к. Айнӣ 14, 3 ошёна, шуъбаи рушди хизматрасониҳои логистикиӣ, лоиҳаҳо ва равобити байналмилалии МД “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ”
(Телефон барои тамос: (992) 939139292;
* E-mail: mintransconf@mail.ru
НАМУНАИ ОРОИШИ МАВОД
СОХТОРИ ТАШКИЛИИ СИСТЕМАИ
МАКРОЛОГИСТИКИИ НАҚЛИЁТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Азимов П.Х.
(ДТТ ба номи акад. М.С.Осимӣ, ш. Душанбе, Тоҷикистон)
Аннотатсия. Яке аз самтҳои асосии ислоҳоти комплекси нақлиётию логистикии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияи муқаррароти консептуалии рушди он мегардад.
Самараи рушди системаҳои нақлиётию логистикии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар расми 1 оварда шудааст.
Расми 1. Самараи рушди системаҳои нақлиётию логистикии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моделҳои математикии идоракунии захираҳо (ИЗ) ба шумо имкон медиҳанд, ки сатҳи оптималии захираҳои як маҳсулоти муайян, кам кардани хароҷоти умумии харид, ҷойгиркунӣ ва расонидани фармоиш, нигоҳдории мол, инчунин талафот аз норасоии онро пайдо кунед. Модели Вилсон соддатарин модели ИЗ буда, вазъияти хариди маҳсулотро аз таъминкунандаи беруна тавсиф мекунад, ки бо шартҳои муайян тавсиф мешавад:
|
(1) |
дар ин ҷо андозаи оптималии фармоиш дар модели Вилсон мебошад.
Нақши логистика дар таъмини рақобатпазирӣ бо муқоисаи индекси рақобатпазирии ҷаҳонӣ (The Global Competitiveness Index) ва индекси самаранокии логистика (Logistics Performance Index) тасдиқ карда мешавад.
Ҷадвали 1 Натиҷаи таҳлили индекси рақобатпазирии ҷаҳонӣ.
Страна |
Позиция страны в рейтинге |
|
Глобальный индекс конкурентоспо- собности |
Индекс логистики |
|
Швейцария |
1 |
11 |
США |
2 |
10 |
Сингапур |
3 |
5 |
Голандия |
4 |
4 |
Германия |
5 |
1 |
Гонконг |
6 |
9 |
Швеция |
7 |
3 |
Япония |
9 |
12 |
Хулоса
Дар мақола нишон дода шудааст, ки роҳнамои асосии рушди системаҳои муосири нақлиётӣ ва логистикӣ ин ҳамгироии логистика бо унсурҳои асосии системаи идоракунии корхона: кадрҳо, маркетинг, диди стратегӣ ва нақшаҳои рушди стратегӣ, молия, равандҳои бизнес мебошад.
Адабиёт:
1. Азимов П.Х. Транспорт и его место в логистическом обеспечении экономики Республики Таджикистан // Международная научно-практическая конференция «Проблемы и перспективы экономики и управления». – СПб., Издательский дом «Свое издательство», 2016. – С. 151-153.
2. Прокофьева Т.А., Тулендиев Е.А., Ювица В.Н. Развитие опорной сети региональных
транспортно-логистических центров на территории Республики Казахстан //Железнодорожный транспорт. - № 7.- 2010.- С. 64-68.
Аннотация
В данной статье приводятся аргументы, обосновывающие отсутствие в Республике Таджикистан транспортно-логистической системы в её традиционном представлении. Обобщены подходы к раскрытию проблемы создания адаптивных систем электронного обучения.
Annotation
This article provides arguments justifying the absence of a transport and logistics system in the Republic of Tajikistan in its traditional view. The approaches to disclosure are generalized and the problems of creating adaptive e-learning systems are considered.
Маълумот оид ба муаллиф (он):
Азимов Пулод Хакимович – н.и.и., дотсенти кафедраи иқтисодиёт ва логистикаи нақлиётии ДТТ ба номи акад. М.С. Осимӣ (Тоҷикистон, Душанбе)
Маълумоти шахсӣ: тел. (+992) 93-500-00-00,
E-mail: zh7d12@mail.ru