News

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Корҳои сохтмонӣ дар роҳи автомбилгарди Қалъаи-Хумб - Ванҷ оғоз гардид

Date: 23-06-2022 Просмотрено: 861

   

    Корҳои сохтмонӣ дар роҳи автомбилгарди Душанбе-Кулма, қитъаи Қалъаихумб-Ванҷ-сарҳади ноҳияи Рӯшон дар ҳузури вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим, раиси ВМКБ Алишер Мирзонаботов, намояндагони ширкати чиноии «Чайна Роуд», намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини дигари Вазорати нақлиёт рўзи 23 июн оғоз гардид.

    Бояд қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 18 июн зимни машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара ба масъалаи воқеаҳои охири Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон, ки аҳолии тамоми мамлакатро ба ташвиш оварда буданд, дахл карданд. Дар робита ба ин дар қатори роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ба Вазири нақлиёт Азим Иброҳим низ супориш доданд, ки ҳарчӣ зудтар аз ҳисоби буҷети давлат роҳу пулҳои харобшуда, аз ҷумла пули болои дарёи Ғунд дар шаҳри Хоруғро барқарор намуда, сохтмону таҷдиди қитъаи роҳҳои автомобилгрди Калъаихумб-Ванҷ ва Рӯшон-Хоруғи шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кулма ва долонҳои зиддитарма дар маҳаллаи Барсеми ноҳияи Шуғнонро таҳким бахшад.

    Ҷиҳати иҷрои дастуроти мазкур вазири нақлиёт ба ВМКБ сафар намуда, дар оғози корҳои сорхтмонии роҳи Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади Рўшон иштирок дошт.  

    Тавре ки иттилоъ дода шуд сохтмон дар лоиҳаи мазкур аз мавзее, ки дар он нақби дуюм сохта мешавад сар шуд. Дар ин ҷо вурудгоҳ барои сохтмончиён ва ҷойгиркунии техникаву таҷҳизоти сохтмонӣ омода мешавад.

    Чуноне ки иттилоъ дода будем лоиҳаи сохтмони мазкур 27 сентябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёду навсозии роҳи автомобилгарди Душанбе-Кулма, қитъаи Қалъаихумб-Ванҷ-сарҳади ноҳияи Рӯшон оғози расмӣ бахшида буданд.

    Лоиҳаи сохтмони ин роҳ дарозии 93 км бо 2 хати ҳаракат, 2 нақб (3,4 км ва 1,8 км) ва дигар иншооти муҳандисиро дарбар мегирад.

    Фармоишгари лоиҳа Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда,  паймонкор ширкати «China Road and Bridge Corporation» ва татбиқгари лоиҳа МД “Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок”  мебошанд.

    Вазири нақлиёт ба масъулини соҳа дастур дод, ки сохтмонро дар муҳлати муайяншуда ва босифат ба анҷом расонанд.

    Вазири нақлиёт пас аз оғози кор дар роҳи мазкур ба шаҳри Хоруғ сафар намуда,  масъалаи барқарорсозии пули болои дарёи Ғундро дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарияти МИҲД ВМКБ мавриди баррасӣ қарор дод.

Сафари кории гуруҳи корӣ ба ВМКБ идома дорад.