Хабарҳо

slider_img

ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ АЛОҚАИ НАҚЛИЁТӢ ИСЛОҲОТИ ҶИДДӢ АНҶОМ МЕДИҲАД. Дар ин бора Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеи Шӯрои олии иқтисодии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё изҳор доштанд

Санаи нашр: 25-05-2023 Просмотрено: 2385

Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ислоҳоти институтсионалиро дар соҳаи алоқаи нақлиётӣ амалӣ менамояд. Дар ин бора  25 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи васеи Шӯрои олии иқтисодии авруосиёии Иттиҳоди иқтисодии  Авруосиё дар шакли видеоконфронс изҳор доштанд.

 

Ҷаласаи Шӯро дар шаҳри Москва таҳти раёсати Президенти Федератсияи Русия, Раиси Шӯрои олии иқтисодии авруосиёи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё Владимир Путин баргузор гардид. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷаласа бо даъвати Президенти Русия ба ҳайси меҳмон  ширкат ва суханронӣ намуданд.

Давлатҳои аъзо ва нозирони Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё шарикони анъанавии Тоҷикистон мебошанд. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, Тоҷикистон манфиатдор аст, ки ҳамкории дуҷонибаро бо ин кишварҳо дар тамоми самтҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн пайваста тақвият бахшад.

"Тоҷикистон бо аксари кишварҳои узв ва нозири Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё равобити зичи тиҷоративу иқтисодӣ дорад", - гуфтанд Президенти Чумҳурии Тоҷикистон. - Ҳаҷми умумии гардиши мол устувор буда, сол аз сол меафзояд. Ҳиссаи кишварҳои Иттиҳод дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар соли гузашта беш аз 42 фоизро ташкил дод. Мо қариб нисфи ҳаҷми умумии содироти молҳои истеҳсоли ватаниро ба кишварҳои Иттиҳод содир мекунем."

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон омода аст содироти мол, бахусус металлҳои ранга, нодир ва қиматбаҳо, маҳсулоти нассоҷӣ, пахта, инчунин сабзавот ва меваҷотро ба кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё афзоиш диҳад.

"Дар ҳамкории мо бо кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё   соҳаи нақлиёт ҷойгоҳи муҳимро ишғол мекунад. Дар ин самт мо бояд ба масъалаҳои мавҷуда диққат диҳем ва онҳоро якҷоя ҳал кунем. Ин пеш аз ҳама иқтидори маҳдуди гузаргоҳҳои сарҳадӣ байни кишварҳои мост. Инчунин зарурати  алоқаҳои нави автомобилӣ ва роҳи оҳан, аз ҷумла  барои иҷрои интиқол дар шароити номувозинати ҳаҷми ҷараёни бор эҳсос мешавад. Бояд дар хотир дошт, ки дар шароити савдои озод ва бартараф кардани монеаҳо дар роҳи ҳаракати озоди молҳо талабот ба хизматрасониҳои нақлиётӣ, махсусан суръат, эътимоднокӣ ва сифати интиқол низ меафзояд. Бо ин мақсад мо дар Тоҷикистон дар соҳаи алоқаи нақлиётӣ ислоҳоти ҷиддии институтсионалӣ мегузаронем. Аз нимаи соли 2020 кишвари мо ба системаи "равзанаи ягона"  ҷиҳати танзими содирот, воридот ва транзит гузашт. Мо ният дорем, ки ҳамкориҳои нақлиётӣ ва коммуникатсиониро бо кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё минбаъд низ афзоиш диҳем", - изҳор доштанд Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон мущтарам Эмомали Рамон.

          Бо таъкид ба манфиатҳои ҷониби Тоҷикистон дар рушду густариши минбаъдаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодии дуҷониба бо кишварҳои Иттиҳоди иқтисодлии Авруосиё Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин ба соҳаҳои кишоварзӣ ва гидроэнергетика ҳамчун яке аз манбаъҳои асосии тавлиди "энергияи сабз" ва асоси калидии рушди "иқтисоди сабз" ҳамчун самтҳои мутақобилан судманди ҳамкорӣ ишора намуданд.

         Дар охири суханронии худ Пешвои миллат иброз доштанд, ки ҳамкорӣ дар асоси манфиатҳои умумӣ авлавияти амалҳои мо дар сатҳи минтақавӣ буда, Тоҷикистон дар оянда низ ба он  таваҷҷуҳи ҷиддӣ хоҳад дод.

 

                                         АКС:Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ